Кафолати конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ – сиёсии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пеш аз он ки мо дар бобати ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд исҳори ақида намоем мо бояд сараввал мафҳумҳои онро хотиррасон шавем.

Ҳуқуқи инсон чораи рафтори имконпазири инсон аст, ки бо қонун, ҳамчунин қоидаҳои ахлоқӣ, сиёсӣ, динӣ кафолат дода шудааст.

Озодии инсон худмуайянкунии шахсият, имконияти бе ягон маҷбурсозӣ мувофиқи иродаи худ амал кардан аст.

Дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф карда шудааст. Бо ин асос боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд дар якҷоягӣ ба 5 гурӯҳи калон тақсим карда мешаванд:

1.Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ;

2.Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ;

3.Ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ;

4.Ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ;

5.Ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ.

Лекин дар ин ҷо мо танҳо ду гуруҳи аввали ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро шарҳ додаем.

Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ин маҷмӯъи ҳуқуқу озодиҳое мебошанд, ки аз лаҳзаи таваллуд ба инсон хос ва ҷудонопазир аст. Новобаста аз он, ки инсон шаҳрвандӣ кадом давлат аст ба ӯ ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ таалуқ дорад. Ба гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон ва шаҳрванд чунин ҳуқуқу озодиҳо мансубанд:

  1. Ҳуқуқ ба ҳаёт (қисми 1-и моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  2. Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар муносибатҳои ғайриинсонӣ (қисми 3-и моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  3. Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият (моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  4. Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ (моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  5. Ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ (моддаи 92-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  6. Ҳуқуқи дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ (моддаи 23-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  7. Ҳуқуқи озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист (моддаи 24-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  8. Ҳуқуқи дахлнопазирии манзил (моддаи 22-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  9. Озодии виҷдон, эътиқод ба дин ва озодии андеша (моддаҳои 26 ва 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҳуқуқу озодиҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд на ба ҳамаи инсонҳо балки асосан ба шаҳрвандони алоҳидаи давлат мутаълиқ буда он имконияти иштироки озодонаи шаҳрванд дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва амалисозии ҳокимияти давлатиро фароҳам меорад. Ҳуқуқу озодиҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд инҳоянд:

  1. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. (қисми 1-и моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  2. Шаҳрвандон ҳуқуқи баробар ба хидмати давлатӣ доранд (қисми 2-и моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  3. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад аз сини 18 солагӣ дар райъпурсӣ ва интихобот иштирок намояд (қисми 3-и моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  4. Шаҳрванд аз синни муайянкардаи Конститутсия ва дигар қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад (қисми 3-и моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  5. Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияи ҷамъиятӣ (моддаи 28-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  6. Ҳуқуқи иштироки шаҳрванд дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта (қисми 1-и моддаи 29-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  7. Озодии сухан нашр ва ҳуқуқи истифодаи ахбор (қисми 1-и моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  8. Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ (моддаи 31-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *