Издиҳоми ғам

Хамӯшӣ дар гулӯи мо ҳазору яу сухан дорад,
Ту бингар издиҳоми ғам ба сина анҷуман дорад.

Ҳаёҳуҳои беовоз мехезад зи мағзи ҷон,
Ба сони нолаҳое, ки насими сад чаман дорад.

Ҷудо аз ҳам барои хештан сӯзем мо танҳо,
Чӣ гӯям мардуми моро, ҳанӯзам мову ман дорад!

Ба сангаш мезанад қисмат!!! Барои бурдаи ноне
Ғурури шермардонро шикан андар шикан дорад!

Мусофирбаччаи тоҷик ба шаҳри рус саргардон,
Зи ҳокимҳо кӣ мепурсад, муҳоҷир ҳам ватан дорад?!

Занон танҳо! Ба ҳиҷрат рафта шавҳарҳову мегӯянд:
Бифахрам ё бигирям ман ба мардиҳо, ки зан дорад?!

(Первоначальный автор: Сурайё)

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий