Аз замонҳои гузашта то ба ҳол сарчашмаи илму дониш китоб ба ҳисоб меравад. Бо тараққӣ кардани ҷомеа ва техникаву техналогия, шаклҳои нави китоб, аз қабили китобҳои электронӣ ва аудиоӣ, пайдо шуданд.

Тавре аз волидайнамон мешунавем, солҳои пеш барои дастрас ва мутолиаи як китоб, одамон ба китобхона рафта, дар  навбат меистоданд, ё пайдо кардани китобҳои илмӣ нисбатан мушкил буд. Бо пешрафти технологияи иттилоотӣ дигар ин мушкилот бартарф шуда.

Дар шаҳри Душанбе, яке аз китобхонаҳои бузургтарин дар Осиёи Миёна мавҷуд аст, ки бо назардошти тамоми шароитҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шудаст. Дар “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” метавон тамоми китобҳои заруриро, чӣ дар шакли аслӣ ва чӣ дар шакли электронӣ дастрас намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар китобхонаи мазкур шӯъбаи махсусе барои одамони дорои маъюбият кор мекунад. Дар ин шӯъба дар баробари дигар бахшҳои китобхона, ҳам китобҳои қоғазӣ ва ҳам китобҳои электронӣ ва аудиоӣ мавҷуданд.

Ба андешаи хонандагон, бартирияти китобҳои электронӣ ва аудиоӣ аз китобҳои қоғазӣ дар он аст, ки ҷой кам мегирад, яъне чунин китобҳоро одам ё дар телефони мобилӣ ё дар планшет боргирӣ мекунад ва дар дилхоҳ ҷой мутолиа ё гӯш карда метавонад.

Доноёрова Сафина, мегӯяд, ки барояш  мутолиаи китоби электронӣ  писандтар аст: “Чунки истифодаи китобҳои электронӣ нисбатан осонтар аст ва ман бештар дар наклиёт, ки имкони хонадани китоби қоғазӣ умуман нест, аз китобҳои аудиоӣ истифода мекунам. Яъне барои гӯш кардани китобе бароям телефони мобилӣ ва гӯшиҳоям (наушник) басандаанд”, — мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ин адешаро дигар ҳамсӯҳбати мо, Меҳрона Шокирова, тақвият дода, мегӯяд, ки: «Мутолиаи китобҳои электрониро аз он ҷиҳат меписандам, ки дар баробари дастрас будани онҳо дар ҳама ҳолат, боз бепул мешавад онҳоро аз интернет пайдо кард. Мисол, баъзан аз сабаби зиёд кор доштанам фурсати ба китобхона рафтан ва мутолиа намудани китобҳои лозимаро дар китобхона надорам, бинобаран дар шакли электронӣ хондани китоб ҳам вақтамро сарфа мекунаду ҳам маблағамро”

Бояд гуфт, ки на ҳамеша китобҳои электрониро мешавад ройгон пайдо кард, аммо яке аз бартариятҳои дигар китобҳои электронӣ дар он аст, ки пеш аз хондан, мешавад фишурдаи онро мутолиа кард ва баъдан тасмим гирифт, ки оё шумо мехоҳед вақти худро барои мутолиаи ин ё он китоб сарф кунед.

Тавре мегӯянд дар олам чӣ қадар инсон бошад, ҳамон қадар майлу рағбат гуногун аст. Ҳангоми назарпурсӣ нафароне низ буданд, ки муқобили истифодаи китобҳои электронӣ гуфтанд.   Онҳо бар ин ақидаанд, ки он гунае, ки китоби қоғазӣ ба руҳияи инсон таъсир мерасонад, китоби электронӣ аз уҳдаи ин намебарояд. Ҳамзамон, ин нафарон дигар ҷиҳатҳои манфии китобҳои электрониро қайд кардан.

Юсупов Ифтихор андешаашро ин тавр баён дошт: «Агар фарқ байни китоби қоғазӣ ва электрониро гирем, аввал ин ки китоби аслӣ бȳйи махсус дорад. Китоби қоғазӣ мисли маъшуқае ҳаст, ки дар наздат ҳаст ва мутолиаи он ҳиссиёти дигаре ба хонанда ато мекунад”

Барои дарёфти он ки ҷавонони имрӯза ба китобхонӣ чӣ гуна майлу рағбат доранд, чанд рӯзе дар китобхонаи миллӣ мушоҳида гузарондем. Бештари ба китобхона донишҷȳёти муассисаҳои оллӣ меоянд, дақиқан барои дарёфти китобҳои илмӣ ва иҷрои вазифаҳои дарсии донишгоҳӣ. Наврасони синни мактабӣ ҳарчанд кам ҳам бошанд, аммо дар китобхона онҳоро дидан мумкин аст. Зимнан, дар китобхонаи миллӣ, шӯъбаи баччагона кор мекунад, ки дар он ба ғайр аз китобҳои анъанавию электронӣ, дигар бозиҳо барои рушди кӯдакон мавҷуд аст..

Ба андешаи инҷониб, дар кадом шакле набошад, бояд китоб хонд.  Маҳз мутолиаи китоб инсонро ба сайри ҷазон бурда, аз тамоми сирру асрори дунёӣ огоҳ мекунад.

✍️Нуқра Мунавварова, ©️«Зира Медиа», Душанбе 🇹🇯

Что вы думаете об этом?

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.