Интихобот

 

Дар давлати демократи яке аз унсури асоси интихобот мебошад. Интихобот компаненти муҳимтарини сиёсати муосир аст. Он тарзи ташкили мақомоти ҳокимият ва идоракунандаро ба воситаи иродаи сиёсии шаҳрвандон ва рӯи қоидаҳои муайян ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳои интихобот номзадҳои интихобшуда соҳиби ваколатҳои  ҳокимиятдорӣ мегарданд. Ҳар як шаҳрванд ҳангоми ба синни 18 расидан ҳуқуқи  интихоб кардан ва интихоб шуданро дорад. Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шуданд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озоди маҳрум шудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надорад. Шаҳрвандоне, ки дар давлатҳои хориҷа зиндагӣ мекунанд ҳуқуқи овоздиҳи доранд. Интихоботе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад баробарӣ буда ҳар як овоздиҳанда танҳо як овоз дорад, ки навобаста аз ба ки таалуқ доштани он ба таври баробар баҳогузорӣ шуда як овоз ҳисобида мешавад. Иштироки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад. Ҳеҷ кас ҳуқуқи шаҳрвандро маҷбурӣ дар интихобот иштирок кардан ё накарданро надорад. Интихоботкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд.

Одатан сохти системаи интихоботиро ба се тақсим мекунанд:

ü   Системаи мажоритарӣ

ü   Системаи пропорсионалӣ

ü   Системаи нимпропорсионалӣ

Системаи мажоритарӣ интихобшаванда бояд аксарияти овозҳоро соҳиб шавад. Системаи мазкур ас


Системаи пропорсионалӣ ё ки мутаносиб ин сиситемаи интихоботие ки дар он миқдори ҷойҳои намояндагон, ки ба ҳизб дода мешавад, ба миқдори овозҳое, ки ба рӯихати номзадҳои ин ҳизб дар миқёси умумидавлатӣ ё дар ҳудуди як ҳавзаи интихоботӣ дода шудааст, мутаносиаб аст.
осан дар интихоботи президент истифода мешавад, ки дар он ғолиб бояд аз нисф зиёди овозҳо, яъне 50% ва 1 овоз гардад

Системаи ниммутаносиб ин чунин системаест ки дар он парлумон аз рӯи системаи мутаносибӣ бо истифодаи унсурҳои системаи мажоритарӣ ташкил меёбад. Дар ин ҳолат, гузарониши овозҳо ба ҷойҳо дар парлумон бо истифодаи усулҳои  бо ҳардуи ин системаҳо хос, амалӣ мегардад.

Намуди аз ҳама бештар маъмули системаи мувозӣ ё ки омехта мебошад. Дар ин система интихобкунандагон имконияти ду маротиба овоз доданро доранд. Масалан барои номзад аз ҳавзаи интихоботӣ ва дар маҷмӯъ барои ҳизб. Ин системаро давлатҳои Ҷопон, Русия, Тоҷикистон ва ғайраҳо истифода мебаранд.

 

Хонандаи синфи 8 Ҳасанзода Раҳима

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *