ИН ХОНА КАШАНГ АСТ..ВАЛЕ ХОНАИ МАН НЕСТ…

Зарафшон субхи солехон барвакт хесту барои шавхараш ноништа тайёр кард. Сипас дар тараддуиди коррави шуд. Дина чипта харид барои ба ватан рахсипор шуданд. Охир се сол боз ба ватан нарафта буд. Зану шавхар аз рузи аввали омаданашон ба шахри Питер ният карданд, ки то пули як хонаро чамъ накунанд, харгиз ба ватан нахоханд рафт. Се фарзанди азизашро ба модар монда рафта буд. Чигарбандонашро ба ёд оварда дилаш гум зад. Мехост кабутар шаваду парвоз кунад суйи ватан ва азизонашро ба огуш кашида бибуяду бибусад, бибуяду бибусад…

Зарафшон ба гушаш нокили телефони мобилиро монду суруди хунарманди дустдоштааш Саторо гуш карда, хайёлан ба Точикистон парвоз намуд. Ана , чигарбандонаш ба истикболаш мешитобанд. Модари пираш хам, баробари онхо ба истикбол баромада , шамол руймоли сафедашро охиста алвонч медихад. Зарафшон метозад ба истикболи чигарбандонаш ва садои бошаст омадани электричка Зарафшонро аз олами хайл, аз Точикистон якбора канда кард….

Вай ки интизори омадани электричка истода, беихтиёр ба олами хаёлот фуру рафта буд, наздик омадани электричкаро надида монд. Садои гушхароши ачал дар симои электричка вакте Зарафшонро ба худ овард, ки дигар имкони гурехтану рахои ёфтан аз панчаи тавонои аждахои марг намонда буд. Аждари марг-электричка чавонзани дар фироки ватан чигаркабобро дар як лахза зери чархи худ печонида чону руху орзухои варо бо хоку хун олуда намуду ба олами нести бурд.  
Плеере , ки Зарафшон хамрохаш дошт, ба гушае хаво хурда, хамоно аз он садои дардолуди Сатор танинандоз буд:

Ин хона кашанг аст, вале хонаи ман нест,
Ин хок фиребост, вале хоки ватан нест.

Бародар Неъмат барои он, ки дасти номахрам бар тани як майитаи точик нарасад, каминаро бо ду нафар занхои мусалмони точик хохиш кард, ки бо коидаи мусалмони уро шуем. Часади ин чавонзани 33 соларо кафанпеч намуда ба ватан фиристоданд…
Рухи хамаи гурамаргони шахри гурбат шод бодо!!!


Один комментарий

  1. Дар ҳақиқат хеле ғамнок шудам. Худои таъоло ҷояш Зарафшонро аз ҷаннат намуда, ҳамаи ғарибонро дар паноҳаш нигаҳбон бодо! Омин

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *