Иди Курбон Муборак! (рамзхои давлативу милли)

Бародарон ва хохарони ахли Ислом! Аз сидки дил шуморо бо Иди Курбон табрик ва тахният гуфта барои шумо аз даргохи илохи пеш аз хама тансихати, хотир-чамъи, сарбаланди ва бехтарини хушихои зиндагиро таманно дорам. Инчунин таманнои онро дорам, ки бо кудуми мубораки ин Ид чи орзухои неке, ки дал дилхоятон мепарваред чомаи амал пушанд ва ханда хеч вакт аз дахонхои шумо дур нагардад. Бигзор хамеша сарбаланд ва некном бимонед. Худо ёру Куръон мададгори шумо бошад!

Инчо якчанд муаллиф дал бораи рамзхои милли фикрхояшнро баён кардаанд. Ба фикри ман рамзхои миллиро аз рамзхои давлати бояд фарк кард. Рамзхои давлати ин парчам, нишона ва суруди милли мебошанд, яъне он рамзхое ки аз тарафи конун тасдик шудаанд. Бештари муаллифон инчо дар бораи чунин рамзхо менависанд.

Рамзхои миллиро бошад маънош дигар аст. Рамзхои милли он чизхое мебошанд, ки моро хамчун миллат тавсиф мекунанд. Чунин чизхо бисёранд. Иди Курбон низ ва дигар идхои исломи, хусусан Иди Рамазон, аз расмхои мухими миллати точик ба шумор меравад. Ниёгони мо ин идхоро аз вактхои кухна чашн мегирифтан. Афсус дар давлати Шурави мо аз бисёри идхо ва анъанаву арзишхои Ислом дур мондем. Холо бошад мо боз ба суи Ислом бармегардем. Маро пурсед агар, Иди Курбон ва Иди Рамазон миллати точикро аз тамоми парчаму нишонахо сад маротиба хубтар тавсиф мекунанд. Шояд мо дар оянда дах бори дигар рамзхои давлатамонро дигар мекунем. Идхои исломиро бошад, мо хеч вакт дигар кардан наметавонем. Аз ин сабаб хамин идхо рамзхои абадии миллатамон мебошанд.

 ___2

2 комментария

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *