Вазъи сиёсӣ-иҷтимоии душвор, ки дар вақтҳои охир дар кишвари Тоҷикистон ба назар мерасад барои мардум муаммоҳои зиёдеро фароҳам овардааст. Аксарияти шаҳрвандони мамлакат мажбуран тарки ватан намуда барои дарёфти маблағи пулӣ ба Федерацияи Россия муҳоҷират мекунанд. Аммо намешавад гуфт, ки зиндагонии онҳо дар кишвари бегона низ беҳтар аст.

Муҳоҷирони тоҷики берун аз кишвар дар шароитҳои антисанитарӣ зиндагӣ мекунанд. Ба ҳамин сабаб дар байни оҳно бемориҳои гуногуни сирояткунанда ва таносулӣ зиёд паҳн мешавад.

Барои мисол, сокини 28 солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Абдураҳмон Фарогатов барои кор кардан ба Федерацияи Россия меравад ва дар натиҷаи алоқаи бетартиби ҷинсӣ ба бемории СПИД гирифтор мешавад. Пас аз муддатҳо вақте, ки ў ба ватанаш бар мегардад аз тарафи духтурони маҳаллӣ ба ӯ ташхиси бемории СПИД гузошта мешавад.

Ба ғайр аз ин теъдоди ба бемориҳои таносулӣ гирифтор шуда дар байни наъшамандон низ афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумотҳои расмии Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар айни замон 600 нафар гирифтор ба ин беморӣ ба қайд грифта шудаасст. Дар соли 2013 миқдори гирифтори ба бемориҳои таносулӣ 150 нафарро ташкил дода бошад дар оғози соли 2014 ин миқдор ба 200 нафар расидааст.

Гуфтан мумкин аст, ки дар байни мардуми вилоят афзудани истеъмоли маводҳои мухаддир сабабгори асосии ба вуҷуд омадани ин вазъиятҳо мебошад. Дар вилояти Суғд инфекцияи ВИЧ бори нахустин дар соли 2001 ба қайд гирифта шудааст. Ва ҳоло теъдоди гирифторон ба ин беморӣ ба 1284 нафар мерасад. (426 нафар занон ва 53 нафар кўдакон) Гирифторони бемории ВИЧ асосан шахсоне мебошанд, ки синнашон аз 30 то 39 соларо ташкил медиҳад.

Боиси тааҷҷуб аст, ки ҳукумат доир ба пешгирӣ кардани ин вазъият ҳеч гуна чорабиниҳо намебинад. Ба ҳамин сабаб дар минтақа теъдоди гирифторони бемории СПИД афзоиш меёбад. Кўмакҳое ки аз тарарфи ташкилотҳои байналмиллалӣ барои аҳолии грифтор ба бемории ВИЧ ҷудо карда мешавад, муттассифона ба манзил нарасида аз тарафи мансабдорон аз худ карда мешаванд. Ин ҳам низ яке аз сабабгори афзоиши беморӣ мебошад.