Мӯҳтарам афсарону сарбозон ва собиқадорон!!

Мардуми шарафманди Тоҷикистон ва Қувваҳои мусаллаҳи он имрўз 21-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфт, ҷашн мегиранд. 21-сол барои Артиши миллии Тоҷикистон, давраи талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои дерина буд. Дар ин рўзи фараҳбахш мехоҳам ёдовар шавам, ки Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ — дар як давраи бениҳоят вазнин ва таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуданд, ки ояндаи давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Он чи аз замони Шўравӣ боқӣ монда буд, қудрат ва тавоноии ҳимояи як давлату миллати мустақилро надошт, зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ, ки дар он давра аллакай ба ҳиссаи меросии худ – яроқу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфраструктураи низомӣ соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсии лозимӣ, яъне бе пойгоҳи асосии зарурӣ ташкил карда шуд. Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он артише, дар солҳои аввали Истиқлолият арзи вуҷуд мекард ва теъдоди ночизи яроқу техникаи ҳарбиро дошт, имрўз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки дорои техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад. Аз замони таъсисёбии артиш вақти зиёде нагузашта, ба дўши он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаи басо муҳим ва масъулиятнок, яъне таъмини суботу оромӣ ва амнияти кишвар вогузор гардид. Тӯли 21 сол афсарону сарбозон Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набрдҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой овардаанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ ба мушкиливу душвориҳои вазъи сиёсӣ дучор гардида, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани авзои ҷомеа ва мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, инчунин барҳам задани кўшишҳои гурўҳҳое, ки қасди табаддулоти давлатиро доштанд, аз худ шуҷоату матонат нишон дода, ба ҳадафҳои неки сулҳҷӯёна ва мақсадҳои бунёдкоронаи худ расиданд. Ин ҳама талошу заҳматҳо, ки барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва осудагии ҳаёти мардум равона гардида буданд, рамзи садоқат ба давлату миллат ва эҳтиром ба сокинони он буд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ аз худ нишон доданд. Дар ин мубориза ва набардҳо садҳо нафар фарзандони содиқи Ватан ҷони худро аз даст дода, даҳҳо нафари дигар маъюбу маҷрўҳ гардиданд, ки мо қаҳрамонию корнамоӣ ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем. Солҳое, ки ташкил ва таъсиси ниҳоду сохторҳои қудратӣ ногузир буд, бўҳрони молиявӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро фаро гирифта, барои амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нек имкон намедод. Бо вуҷуди дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мушкилоту душвориҳои зиёде ҷой доштан, бо талошу заҳмати зиёди роҳбарияти давлату Ҳукумат, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нерўи тавоно ва кафили амнияти давлат табдил ёфтанд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрўз мо дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо ин санаҳои хотирмон ҷашн мегирем. Дар баробари ҷашн гирифтани рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мо аз саҳми Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии кишвар, ки дар таҳкими қонуният, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва оромии ҷомеа саҳми назаррас доранд, ёдовар мешавем. Қўшунҳои долхилӣ низ як ҷузъи ҷудонашавандаи Артиши мамлакат, вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осоиштагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро менамоянд. Имрўз афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд. Зеро афзудани хатарҳои ба сулҳу суботи сайёра, бахусус минтақа таҳдидкунанда, яъне терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва авҷ гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои реаксионӣ, ки қасди ноором сохтани вазъи сиёсиро доранд ва имрўз раванди рушду инкишоф ва тараққиёти кишварамонро халалдор карданӣ мешаванд, кормандони тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутбаро водор месозад, барои рафъ ва барҳам задани ҳадафҳои душманона, омода бошанд. Зеро Тоҷикистонро ба ҷуз, фарзандони бонангу номуси диёр, содиқ ба Ватан, каси дигар ҳифз наменамояд. Ҳар як фарди ватандӯст, масъули таълиму тарбия ва нафарони бонангу номус бояд дар қалби ҷавонон эҳсоси садоқат ба Ватан, ба давлату миллат ва сокинони онро бедор намуда, онҳоро раҳнамоӣ созанд, то хизмати худро дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона ба ҷой оранд. Баҳои сазовори Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин рўзи фараҳбахш ёдрас гардидан, бомаврид аст: «Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд». Имрўз ба шарофати заҳмату ранҷи онҳое, ки дар набардҳо ва муборизаҳо баҳри расидан ба Истиқлолияти воқеӣ иштирок карда, сулҳу оромиро пойдор намуданд, Тоҷикистон рўз аз рўз ободу зебо ва тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум рушду инкишоф меёбанд. Бунёд ва ба истифода додани иншооту сохтмонҳо, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, манзилҳои замонавии истиқоматӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва таълимӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғу токзорҳо, кушодани заминҳои нав, натиҷа ва файзи ормию осудагӣ дар кишвар мебошанд. Ҳамасола дар кишвар садҳо адад корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ бунёд гардида, даҳҳо ҳазор нафар одамон соҳиби ҷойи кор мегарданд. Ҳамаи ин пешравиҳо самараи Истиқлолияти Ватани маҳбубамон аст, ки бо кӯшишу заҳматҳои зиёд ба даст омаданд. Ҳозирини гиромӣ! Дар ин рўзи фаромўшнашаванда ҳамаи Шуморо бо ин ҷашни таърихӣ, яъне бо 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба шумо саломатӣ, осоиши рӯзгор, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу менамоям. Чи тавре,ки шоир мегуяд: Хизмат ба ватан ќарзи њама мардон аст, Дури зиватан шеваи номардон аст. Рав бар њама ашхос бигу доди маро, Ин марзи ватан тба аскарон пазмонаст. Боварӣ дорам Шумо ба ин Ватану сарзамин ва миллати худ содиқ монда, масъулияти ба зимма доштаатонро бо сарбаландӣ иҷро менамоед. Ташаккур барои диќататон!