Тоҷикистон  дар ворид  ва истифодаи технологияҳои муосири иртиботиву алоқа, интернет ва  инчунин муҷахҳаз гардондани мактабҳо бо компютерхо аз баъзе кишварҳои собиқ шӯравӣ  хеле пештар рафтааст. Таърихи вориди технологияҳои 3G, ADSL, WIMAX, SDMA гувоҳи ин гуфта  мебошанд. Масалан,замоне ки дар Душанбе пурра ба системаи телефонии рақамӣ гузашта буданд, дар шаҳри Маскав то чанд соли дигар ҳамоно аз системаи аналогӣ истифода мебурданд.

Сабаб он будааст, ки барои воридкунандагони ин технологияҳо дар Тоҷикистон гирифтани иҷозатномаҳо осонтар будааст. Бонкҳои мо ҳам беҳтар кор мекардаанд, ки баъзе аз соҳибкорони хориҷии ҳамсоякишвар интиқолу нақдагирии пули арзашонро  аз тариқи бонкҳои тоҷикӣ амалӣ мекардаанд.

Ин бояд ҳатман боиси ифтихору таваҷҷуҳ бошад, мавзӯи мо лекин ҳоли ҳозир, инҷо, хеле соддатар аст: ба назар чунин мерасад, ки вақти интихобу муқарар кардани номи тоҷикӣ барои аломати интернетии @ (ба русӣ  “собака” ва ё “собачка”) кайхо расида бошад.  Ҳама медонем, ки ин аломатро дар суроғаи И-майлҳо, байни номи истифодабаранда (мас. bobojon) ва дастгоҳи хизматрасонӣ-провайдер (мас. mail.ru, gmail.com, hotmail.com ) мегузоранд, яъне bobojon@mail.ru. Дар айни замон ҳар кадомамон ҳангоми даҳонӣ ё ба воситаи телефон  расондани суроғаи И- майламон ба шахси дигар ким чӣ хел нороҳатӣ ва норасоиеро низ ҳис мекунем (ҳамин тавр не?).

Вокеан, вақте, ки мо барои маълумот ба  интернет рӯ овардем маълум шуд, ки  тоҷикон дар қатори якчанд халқҳои дигар то ба ҳол номи миллии худро барои ин аломат муқаррар накардаанд (ниг. масалан, Wikipedia).

            Мо ҳатто намедонем ,ки дар кумитаи забон ба ин масъала таваҷуҳ фармуда бошанд ё на. Ин дар ҳолест, ки дар сайти интернетии маҷаллаи Гардиани машҳури Британиягӣ (the Guardian) баҳсу табодули афкори тулоние ташкил карда шудааст оиди номгузории ин аломат дар байни мардуми кишвархои  гуногун ва оиди аҳамияти  равшану бехато  расондани суроғаи И -майл ба шахси дуюм  (нигаред ба: http://www.guardian.co.uk/notesandqueries/query/0,5753,-1773,00.html ).

Дар бисёр забонҳо дар асоси монандии ин аломат @ ба ҳайвонҳои гуногун, ба  он  номи ин ҳайвонҳо ва ё узве аз  онҳоро гузошта будаанд (мас. дар русӣ “собака — саг” ё “собачка- сагбача”, дар ҳоландӣ “думи маймун”, дар финнӣ “думи муш”, дар итолиёвӣ “санҷобча” ва дар забонҳои дигар “кирмча”, ”даҳони хартуми фил” ва ғ.).

Дар интихоби ном гоҳо мантиқу мазмун ва гоҳи дигар шаклу сурати ин аломатро ба асос гирифтаанд.

Боз гурӯҳи дигаре аз рӯи тақлид ин аломатро ном гузори карда будааст. Масалан узбекҳо аз рӯи “собачка”-и русӣ онро “кучукча” ном мондаанд (боз ҳам ниг. мас. ба Wikipedia). Эрониҳо ва якчанд миллатҳои дигар бошад, онро бо ҳамон шакли инглисӣ, яъне “эт” талаффуз мекардаанд.

Таърихан ин аломат аввалин бор дар мошинҳои чопкунӣ солҳои 80-и асри 19 пайдо шуда, асосан, барои ҳисоб истифода мешудааст.

“ 10( дафтар)  @ 2 (сент) = 20 сент

Яъне, «10 дона дафтар бо нархи 2 сенти барои хар 1 адад = 20 сент.»

Дар суроғаи и-майл бошад аломати @ чун пешоянди англисии “at” , ба  тоҷикӣ “дар”истифода мешавад. Масалан James@hotmail.com= Ҷеймс “дар” hotmail.com).

Ин ҷо мо қарор додем ҳам дар ассоси шаклу сурат ва ҳам мазмуну вазифаи аломати @, якчанд интихоби (варианти) номи тоҷикии онро пешниҳод кунем, то ҳар кас хушкардаашро интихоб карда гирад.

Бовари дорем ки баъди чанд муддате яке аз ин номҳо аз ҷониби ағлаб истифодабарандагон пазируфта шуда, шакли истилоҳи расмиро хоҳад гирифт (аз Фарҳанги Забони Тоҷикӣ: “истилоҳ ин вожа ё иборае мебошад, ки хоси як гурӯҳи мардум (масалан аҳли як касб) аст ва ё дар байни онҳо маънои махсусе пайдо кардааст; калимае ки дар соҳаи илму фан барои ифодаи маънои махсуси ғайри аслӣ қабул шудааст, термин”)

Ва инак:

1.          Қулф” ва ё “қулфак”. Дар “Фарҳанг” ибораи “қуфли абҷад” мавчуд аст ва ин қулфе мебошад, ки аз рӯи ҳарфҳои абҷад баста ва кушода мешавад, яъне (bobojon@mail.ru- дар талаффуз — бобоҷон”қулфак” майл.ру).

Аслан “қуфл” аст, вале дар гуфтугӯ тоҷикон қариб ҳамеша “қулф” мегӯянд.

Ба ҳар қуфле, ки ангушташ расидӣ

Шудӣ он қуфлро пайдо калиде

                                             ( Сайидо)

 

2.          Асо” ё “асоча”. Агар дуруст  зеҳн монем дар @ (at) ҳамин се ҳарф (а, с, о)-ро мебинем. Асо дар забони тоҷикm такягоҳ мебошад, яъне (bobojon@mail.ru- дар талаффуз бобоҷон”асоча”майл.ру).

 

3.          Буҷул” е “буҷулак”. Баъд аз “қулфак” ин интихоби (варианти) беҳтарин менамояд. Агар ба тарафхои “асп”-у “хар”-и буҷул нигарем қариб аст, ки чизе ё ҳадди аққал хатҳои печидаеро монанд ба @ бинем (ба хусус агар тулонитар зеҳн монему онро мисли гушнае, ки ба моҳ нигоҳ карда нонро ба ёд овардааст, баҳо дихем J ). Мо ҳатто тахмин мекунем, шояд ин аломат аз монанди ба хатҳои буҷул гирифта шуда бошад, чун ки буҷул — бозии хоси халқҳои аврупо ҳам  будааст (ниг. ба суратҳо). Ғайр аз ин “буҷулак”  нуқтаи пайванд ва ҳамзамон нуқтаи ҷудошавии ҷисм низ мебошад.

             (bobojon@mail.ru — дар талаффуз бобоҷон”буҷулак” майл.ру).

 

 

 Ва дар охир: шояд дар русӣ Сидоров”собачка”майл.ру, дар узбекӣ  Илҳом”кучукча”яндекс.ру  гуфтан мавриди қабули оддӣ шуда бошад, вале чунин усул, ки дар паҳлуи номи инсон номи ҳайвонро мегузоранд ба фарҳанги мо он қадар рост намеояд ва гушхарошу дағал ҳам садо медихад (бо назардошти он ки аксаран мардум дар суроғаи И-майл исми худ ва ё исми падарашонро мегузоранд).

 

Инак, роҳи сафед:

 “қулфак”

“асоча”

“буҷулак”

 

Албатта бо мурури замон, забон худ оҳиста-оҳиста вазъеро  ба миён меоварад, ки баъзе калимаҳои “366 паҳлу дошта”  дар мавридҳои муаян фақат як мазмун ва ё функсияро ифода мекунанд.

 

Сабоҳат Қаландарова, Гимназияи “Тоҷикистон”

Ҳафиз Қаландаров, мутахассиси технологияҳои иттилоотӣ