(Қиссаи талхи фироқ)

 

Имрӯз дохили автобус, дар роҳ сӯи корхона, ба ёдам омадиву набудани туро дарк карда, маро арақи сард фаро гирифт ва дилам ларзид, Мобилабонуи ман!

 

Ба кӯчаву хиёбонҳои бароям бегона, ба симоҳои ношиносу ким чӣ хел ғайрирақамии мусофирон менигаристаму худро моҳии аз об берун афтида эҳсос мекардам. Гӯё аз саёраи дигаре омада бошам!

 

Одатан ҳама ҳушу ёди ман ба ту буд ва ба ин дунёи бегона коре надоштам, Равзанабонуи ман.

 

Гаштанд оҳувон ҷамъ

Дар дашт гирди Маҷнун

Аммо ба чашми Маҷнун

Холист ҷои Лайлӣ!

 

Роҳии мо  шаҳрро аз миёна убур карда мегузаштааст ва ба назарам чунин менамуд, ки  ҳарчӣ ба марказ наздик мешудем мусофирони дохилу хориҷ шаванда ҳарчӣ бештар  Фаронсавиву Аврупои мешуданду аз марказ дур шавем Афғониву Арабӣ ва Шарқӣ. Ин аз рӯи либоспушиашон-забонашон албатта бароям фаҳмо буд.

 

Ман замину осмон, кӯчаву хиёбон умуман ранги ҷаҳонро бо чашми ту медидам. Басирабонуи ман!

 

Дар ҷаласаву машваратҳо, дар кӯчаву хиёбон, навбати духтуру ҳатто ҳангоми ғазохӯрӣ агар паҳлуям набошиву ба рӯят нанигарам ё аққалан бадани гарми туро ҳис накунам ё ба садоят гуш надиҳаму бо ту сухан нагуям, рӯзам намегузашт.

 

Борҳо барои ин муҳаббати оламфидо ё оламфаноӣ худ аз калонҳо гап шунидаву танбеҳҳо  ҳам гирифтаам, лекин чӣ илоҷ аср асри ишқи ману туст!

 

Ба зӯр то нисфирӯзӣ сабр кардаму хурдани ғазоро сарфи назар кардам, ин вақтро истифода бурда ҷониби хона ба истиқболи ту шитофтам — кош ту ин фосилаи талхи фироқу интизориро аз ман хубтар паси сар карда бошӣ!

 

Интизорӣ интизорӣ

Талх бошад заҳрворӣ,

Чашмони ман ба роҳат

Мекунанд зориву зорӣ

 

Сари болинам, туро ёфта сахт ба оғӯш кашидаму худро рӯи рахти хоб партофтам мисли филмҳои ошиқона!

 

Ҳафиз Қаландаров

 

P.S.  3 марти 2012 дар Барселона намоишгоҳи телефонхои мобилӣ ба охир расид. Дар ин намоишгоҳ беш аз 1000 навъи телефонҳои мобилӣ ба мизоҷон пешниход карда шуданд.