Получил обращение от жительницы Худжанда по поводу некачественных услуг стоматологии «ИГНЭС» в Худжанде. Здесь публикую открытое обращение от ее имени Министру здравоохранения и соцзащиты населения. Если кто-то еще стал жертвой некачественных услуг этой клиники, можете присоединиться.

 

Ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Салимзода Нусратулло Файзулло

 

Мӯҳтарам Нусратулло Файзулло!

Ман, Шодиева Азиза Рустамовна, истиқоматкунандаи ш.Хуҷанд, ин номаро ба Шумо менависам, то ки аз ҳоли хизматрасонии ғайриқаноатбахш ва ҳатто ба ҳаёти мизоҷонаш хатарноки пизишкгоҳи стоматологии “ИГНЭС” изҳори нигаронӣ намоям, то ки ба мисли ман дигар ҳеҷ кас аз дасти кормандони он осеб набинад.

Ҳақиқати ҳол дар он аст, ки ман моҳи октябри соли 2012 ба ин стоматология муроҷиат намудам. Мазмуни муроҷиати ба корманди тиби стоматологияи «ИГНЭС» Икромова Г. дар он буд, ки 1 (як) дона дандонам аз сафаш каме ба оқиб рафта буд. Барои онро ба сафи рост овардан бояд брекет мемонданд. Икромова гуфтанд, ки бе кандани якчандто дигар дандонҳо он рост намешавад ва ташхис навист, ки 4 дандонамро кандан лозим аст. Ман ташхистро гирифтаму бо хости Икромова барои навистани ин ташхис 20 сомонӣ ба ӯ додам, лекин ба кандани дандонҳоям розӣ нашудам.

Рӯзи оянда ба ин пизишкгоҳ бори дигар рафтам ва интизор шишта будам, ки таҷрибаомӯз Сатторов Н. маро ба ҳуҷраи духтур даровард ва ба дандонҳоям назар кард. Ман оиди брекетҳо пурсон шудам ва Сатторов Н. гуфт, ки нархаш 500 доллари ИМА мебошад ва оиди шинондани он шартномаи алоҳида бо изҳори тамоми шартҳои шинондани брекет баста хоҳад шуд.

Пеш аз бастани шартнома ман матни онро пурсон шудам ва онро гирифта хондам. Шартнома бо бо забони русӣ бо истифода аз лаҳҷа ва мафҳумоти тиббӣ тартиб дода шуда буд. Нархномаро низ пурсидам, дар он рӯйхати қисмҳои брекет ва нархашон навишта шуда буданд. Аз ҳама қисми қимматаш 50 сомонӣ нарх дошт.

Пас аз ин духтур Икромова Г. омада, боз ҳамон суханҳоро такрор кард, ки гӯё бе кандани 4 дандони сиҳату саломат 1 дандонро рост кардан намешавад, аммо бе ташхиси пешакӣ, хусусан, бе гирифтани акси рентгении ва омодасозии модел (формаи ҷоғу дандонҳо)ва ҳатто бе муоинаи новобастаи дандонҳоям духтур Икромова Г. ба таҷрибаомӯзони худ фармон дод, ки онҳо 4 адад дандонҳои сиҳатамро кананд.

Ман дар ин ҳолат худро гум кардам ва намедонистам, ки чӣ кор кунам. Дар он маврид, аз сабаби ба фикру андеша рафтан, ҳатто дуруст дарк намекардам, ки ба кадом қарор биёям, аммо ба ин аҳвол нигоҳ накарда, то ман чизе гуфтан, ҳатто бе иҷозати шифоҳии ман таҷрибаомӯз Сатторов Наим  1 дондонамро канд ва мехост, ки якбора 4 дандонамро канад. Ба ман сӯзандору кард, ки дар натиҷа ман баъд аз он чизеро дуруст намефаҳмидам ва сарам рафт. Танҳо дар хотир доштам, ки баъди дандон кандан хунам мерехт, лекин таҷрибаомӯз Сатторов Н. бо пахта ҷои кандгиашро якбора маҳкам накард. Хуни бисёр рафт. Ман дар ин аҳвол хестам ва пурсидам, ки онҳо бо ман чӣ карданд. Сатторов Н. гуфт, ки андак пас ин ҳолат мегузарад ва аз ман 80 сомонӣ барои кандани дандон талаб кард.

Байни 2 ҳафта дарди сар будам. Ҳангоми ташрифи оянла Сатторов Н. боз дигар дандонамро канда, пеш аз он сӯзандору кард , ки баъд аз он сӯзандору ман давоми ду ҳафтаи дигар бо дарди сар гаштам.

Вакте ки ман боз он ҷо рафтам, 2то дандонамро як корманди дигари стоматологияи “ИГНЭС” бо номи Дадоҷон канд. Ҳамин тавр, ҳамагӣ 4то дандони сиҳатамро канданд. Бисёр азоб кашидам, зеро ки хӯрок хӯрда наметавонистам.

Ҳар 3 ҳафта он ҷо бо талаботи онҳо мерафтам. Таҷрибаомӯзон Сатторов Н. ва Ахмедова Г. бо резинаҳои майда дандонҳоямро кашола карда мемонданд. Ман шабҳои дароз аз дарди он хоб карда наметавонистам ва хӯрокро бо як азоб ва душворӣ мехӯрдам.

Дар ин маврид аз сабаби таъсири манфии ин стрессе, ки гирифтам, дилам дардманд шуд. Рӯзе ҳатто беҳол шуда, беҳуш гаштам. Ба духтури дил (кардиолог) муроҷиат намудам. Духтур пас аз гирифтани ташхисҳои зарурӣ, натиҷаи ЭКГ (электрокардиограмма) ва ташхиси ултрасадои (УЗИ) дил хулоса баровард, ки сабаби дардмандии дилам аз вайрон шудани асабам мебошад, чунки организм лоғар гашта, маснуияти бадан паст шудааст ва дил мубталои тахикардия гаштааст.

Аз сабаби озори брекетҳои шинондашуда, ки ба шабҳои бехобӣ ва кам хӯрок хӯрданам оварда расониданд, ба организми ман стресси калон овардаанд, ки дар оқибат ба кори дилам таъсири манфӣ расонидааст. Ин ҳолат тақрибан ним сол давом кард. Дар ин муддат ҳатто яке аз дандонҳои сиҳатам аз ҷояш поён фаромад. Ман ба стоматологияи «ИГНЭС» рафтам ва талаб кардам, ки Икромова Г. маро ба ҳузури худ қабул кунад, чунки то ҳамон рӯз маро танҳо таҷрибаомӯзони ӯ Сатторов Н. ё Ахмедова Г. қабул мекарданд.

Икромова Г. ҳолати дандонҳоямро дида, гуфт, ки ин аз сабаби хато часпондани брекетҳо мебошад ва ба таҷрибаомӯзонаш фармон дод, ки ҳамаи брекетҳоро канда, аз сари нав часпонанд, лекин таҷрибаомӯзони ӯ ин корро ба пуррагӣ накарда, танҳо 5 дона брекетро аз нав канда часпонд ва аз ман шахсан худи Икромова Г. 80 сомонӣ талаб кард ва ба ивази он чун ҳамешагӣ ягон расид (квитансия) надод. Ҷоизи қайд аст, ки ин брекетҳо танҳо барои истифодаи якмаротиба пешбинӣ шудаанд ва онҳоро дубора пас аз канданашон истифода бурдан мумкин нест. Афсӯс, ки ин маълумотро ман танҳо пас аз он, ки онҳоро бо вайрон кардани ин қоида ба ман часпонданд, фаҳмидам. Инчунин муҳим он аст, ки дуруст ва сифатнок часпондани брекетҳо аз 3 то 5 соат вақтро талаб мекунад, аммо таҷрибаомӯз Сатторов Н. барои ин амалиёти муҳим такрибан 10 дақиқа масраф намуда буд, ки худ гувоҳи аз сифат дур будани амалҳояш мебошад. Афсӯс, ки дар он маврид ман аз чунин нозукиҳои брекетваслкунӣ хабардор набудам ва ин ҳолат боиси он гашт, ки кормандони “ИГНЭС” саломатии маро зери хатар гузоштанд. Ҳатто боре Сатторов Н. маро ба стоматологияи «ИГНЭС» воқеъ дар шаҳри Чкалов даъват намуда, дар ҳуҷраи табибон маро қабул карда ба ман чунон дағалона муносибат кард, ки дар натиҷаи бо дастонаш рӯю биниамро қапиданаш ҳамон дандони каме оқиб рафтаамро зер карду ноустувор (дар ҷояш ҷунбанда) гардонид.

Аз сабаби хатари нобуд шудани ҳамин дандонам, ки онро таҷрибаомӯзи “ИГНЭС” Сатторов Н. ҷунбанда ва ноустувор кардашуда, ман баъди аз нав васл кардани брекетҳо боз 1 сол он стоматология мерафтам, ки ҳар дафъа маро таҷрибаомӯз Ахмедова Г. қабул мекард. Ба ман чунин фаҳмонданд, ки агар брекетҳоро он вақт мегирифтам боз дигар дандонҳоямро аз даст медодам, зеро ки онҳо аз сабаби хато васл кардани брекет ноустувор гашта буданд.

Аз ҳамин сабаб ҳолати саломатиам низ рӯз аз рӯз вазнин мешуд. Дар муддати қариб 1 сол бо табобат машӯул будам. Мувофиқи барномаи табобатии “ИГНЭС” тақрибан моҳи январ — феврали соли 2014 дандонҳои оқибамро ба пеш ба ҷои он 4 дандоне, ки канда буданд, кашиданро сар карданд, зеро ки ҷои 4 дандонҳои кандагиашон холӣ монда буд. Ба таври умумӣ бояд 12 дандони курсиро ба пештар мекашиданд, аммо ҳақиқати ҳол он будааст, ки ба пеш кашидани 12 дандонҳои ақиб имконнопазир аст, зеро ки ман умуман хӯрок хурда наметавонистам. Ҳолати асабам боз бад шуд ва ман аз давом додани ин кори ба организми ман зараровару бемаъно бо тавсияи духтурон, ки гуфтанд, агар “табобат”-ро дар “ИГНЭС” давом диҳам, метавонам ҳаётамро аз даст диҳам, даст кашидам.

Ман шахсан худам дар бораи рост кардани дандонҳо адабиёту мақолаҳо хондам, ки дар он гуфта шудааст, ки дар вақташ бе кандани дандонҳо низ рост кардани дандон имконпазир будааст ва он бо ёрии брекетҳои муосирбо роҳи табиӣ ҷобаҷо мешаванд ва онро мутахассисони тиб, хусусан профессор Тоиров У.Т. тасдиқ карданд. Барои гирифтани хулосаи профессор Тоиров У.Т., ки яке аз беҳтарин духтурони дандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ба шахри Душанбе сафар карда будам. Профессор Тоиров У.Т. инчунин гуфтанд, ки барои ба пеш гирифтани дандонҳои ақиб, ки бо онҳо инсон хӯрок мехӯрад, вақти зиёд лозим аст. Дар китобҳои тиббӣ низ навишта шудааст, ки барои 1 дандони ақибро ба пеш гирифтан тақрибан 5-6 сол лозим аст. Савол ба миён меояд, ки агар танҳо 1 дона дандонро аз ҷои табииаш ба қисми пештар кӯчонидан 5-6 сол муддат лозим бошад, пас 12-то дандони маро байни чанд сол аз қафо ба пеш мегиранд?!

Аммо, чӣ хеле ки таҷриба нишон дод, дар пизишкгоҳи стоматологии “ИГНЭС” таҳти роҳбарии духтур Икромова Г. ба ман ягон аз ин маълумотҳоро нагуфта, 4 дона дандонҳои солимамро канда гирифтанд. Аз ин ҳолат хулоса кардан мумкин аст, ки ё худи духтур Икромова Г. аз ин дастовардҳои илми тибб ва хусусан стоматология хабардор нест, ки сатҳи тахассусмандии ӯро зери суол мегузорад, ё ин ки қасдан ба саломатии ман зарар овард, то ки ба муддати тӯлонӣ ман маҷбур гардам, ки ба стоматологияи онҳо муроҷиат кардан гирам ва бо ин роҳ барои “расонидани хизматрасониҳо” онҳо аз ман маблағ ситонидан гиранд.

Инчунин бори дигар қайд менамоям, ки ман бо ин муассисаи тиббӣ шартномаро танҳо барои рост кардани дандонам бастаам ва дар он дар бораи зарурияти кандани дандонҳои сиҳат ҳеҷ чиз оварда нашудааст, ки ин далели хулосаҳои боло шуда метавонад.

Дар ин ҳолат ман дарк намудам, ки ҳуқуқҳои маро поймол кардаанд ва барои барқарор намудани онҳо ман ба мақомоти прокуратура муроҷиат намудам, аммо мутаасифона дар асоси санҷишҳо ва хулосаи маркази экспертизаи судии тиббии вилояти Суғд, ки барои ташхиси брекетҳои ҳозиразамон аз адабиётҳои соҳаи тибби тақрибан сӣ сол пеш истифода бурдаанд хулосаи  мухолифаткунанда ба соҳаи пешрафти тиббиро бароварданд. Савол оиди он, ки агар брекетҳои ҳозиразамонаро ба дандонҳо васл кунад, чӣ хел қоидаҳои кӯҳнаеро истифода мебаранд, ки вайти ихтирои он қоидаҳо ин брекетҳо ҳоло мавҷуд набуданд?

Ҳамагӣ ман дар тамоми ин маврид тақрибан 1,5 сол вақт, 500 доллари ИМА ва боз 1200 сомонӣ дар стоматологияи “ИГНЭС” сарф кардам ва ба ивази он бе 4 дандони солим, бо ҳолати хароби асабу дил ва ҳолати бади боқимонда дандонҳо мондам.

Вобаста ба ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки нисбати ҳолати мазкур чораҳои заруриро андеша намоед.

 

Замима:

1.                 Нусхаи нишондиҳандаҳои тадқиқоти электрокариографӣ

2.                 Нусхаи маълумотномаи тадқиқоти ЭхоКГ Допплер

3.                 Нусхаи маълумотнома электроэнефлография

 

Бо эҳтироми самимӣ,

 

Шодиева Азиза

P.S. Уважаемые читатели, в связи с появлением оскорблений личного характера в адрес гражданки Шоиевой А. в комментариях и на основании ее личной просьбы, комментарии к данному посту закрыты. Прошу прощения за причиненные неудобства. 

Rustam Gulov

Rustam Gulov

Блоггер, гражданский активист, медиа-тренер и консультант, основатель портала "Блогистон"
Rustam Gulov