Гадо душмани гадо

   Далер пас аз чор моҳ бозпас ба Маскав баргашт. Баробари ба Маскав омаданаш боз ба чои кори пештарааш, корхонаи коркарди чуб барқарор шуд. Моҳонааш ва шароити чои кору чои хоб ўро пурра қаноатманд мекард.
   
    Аз Точикистон барои ҳамдеҳагонаш нома ва савғот аз наздиконашон оварда буд. Акнун ў бояд онҳоро ефта, савғотиҳоро расонад. Аммо ба чуз аз он ки сеи онҳо дар бўстонсаройҳои Вёшки-сити (канори Маскав) кор мекунанд дигар на рақами телефон ва на ягон маълумот дошт. 

    Рўзи якшанбе аз саҳарй борхалтаҳои савготй ва номаҳоро гирифта дар чустучўи онҳо ба Вешки рафт. Дар Вешки, ки пур аз бўстонсаройҳои осмонбўси сар ба фалак кашидаанд, аз чумла бўстонсарои Жиринуфски низ ончост. Тарзи сохт ва гуногунрангию боҳашаматии бўстонсаройҳоро Далер бори аввал медид. 

   Ниҳоят, дар истгоҳи назди майдони футболбозй аз мусофирбар фаромад. Дар майдон ҳар якшанбе бачаҳои ҳисорй футболбозй мекарданд. Аз гапзании онҳо точик буданашонро фаҳмида, наздашон рафт ва аз ду се мухлисоне, ки дар кунче нишаста буданд, аз ҳамдеҳагонаш пурсучў кард. Аз онҳо нишонаи тахминии ҳамдеҳагонашро фаҳмида, ба он самт равон шуд.
 
    Пас аз чанд раҳпаймои ба макони ҳамдеҳагонаш наздик шуд ва онҳоро дид, ки дар беруни дарвоза машгули кор буданд. Онҳо низ Далерро шинохтанд ва ҳайратзада ба ҳамдигар нигариста байни ҳам чизе мегуфтанд. Далер торафт ба онҳо наздик мешуд ва вакте масофаи байнашон 10-15 қадам монд, яке аз онҳо гуфт “Эҳе, Далерчон ку.. Ҳа, Далерчон, тинчй ҳаст?  Ээ, инча кор мурдагй. Инчо чои хуб нест. Кор нест, аҳвол бад. Мо худ пушаймон…” 
 Дуввумиаш сухани дигариро бурида, ”Мо худамон намедонем чи кор кунем. Кризис, бепулй.. Болои ин шабона бачаҳои маҳалй омада гаранг мекунанд. Милисааш бисер. Ҳар рўз омада пул талаб мекунанд, азоб медиҳанд..” Онҳо сухани ҳамдигарро бурида, яке паси дигар шарҳу шикоят мекарданд ва ба Далер навбат намерасид. Далер назди онҳо рост меистод ва ба чои салом суханҳои пур аз ҳарисию хасисй ва пурғараз мешунид. Ниҳоят саввумиаш пурсон шуд, “Далер, кй гуфт инчо будани моро, кй адрес дод? Кй туро инчо фиристод?” ва ин саволҳо боис гаштанд, ки навбати сухан ба Далер расид.

    Ў арақи хунуке, ки сару рўяшро фаро гирифта буд пок намуда, аз борхалтааш савғотҳои номнависшударо ба ҳар яки онҳо дод. Ва аз чайбаш номаҳоро низ супорида гуфт ” Инҳо тўшаҳо аз Точикистон. Бародарон, ман чои кор дорам. Ман наздатон маҳз барои расонидани ҳамин номаҳову  савғотҳо омадам…” Пас аз ин ба онҳо барори кор хоста бозпас гашт ва дар чашму рўи онҳо ба чои шарму хичолат, баръакс хушнудию шодиро дид, ки гўё мегуфтанд – хайрият наздамон кор наомада будааст ва меравад…

2 Комментарии

  1. дар ҳақиқат чунин муносибат одамонро аз якдигар дилхунук мекунад … шайтон дар ғафлат намешинад …

Напишите свой комментарий