Форуми «Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон»

18 апрели соли 2012 бори нахуст дар вилояти Хатлон дар базаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ анҷумани донишҷӯён дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ «Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон» баргузор гардида истодааст.

 

Ҳадафи анҷуман фаъолгардонии ҷавонон дар масоили истифодаи имконони ТИК барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳайёти ҷомеа мебошад. Дар анҷумани мазкур 100 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон иштирок намуда истодаанд. Аз онҳо 28 нафар лоиҳаву идеяҳои худро оид ба истифодаи ТИК дар рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа , аз ҷумла истифодаи ТИК дар ВАО, дар рушди иқтисод, дар соҳаи тандурустӣ ва маориф муаррифӣ мекунанд.

 

Муаллифони се лоиҳаи беҳтарин, ки ҳакамон муайян мекунанд, аз ҷониби кумитаи тадорукоти анҷуман мукофотонида мешаванд. Ҳамчунин онҳо имконияти иштирок дар Лагери байналмилалии навовариҳои иҷтимоӣ ( Social Innovation Camp – SICamp)-ро, ки моҳи майи соли 2012 дар Қазоқистон баргузор мегардад, пайдо мекунанд.

 

1 Kомментарий

  1. Удачи всем! Даст Бог 21 апреля состоится и у нас — надеюсь наш проект — Блогистон тоже пройдет и встретимся все в Казахстане )

Напишите свой комментарий