Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак!

Бисмиллоҳир−Раҳмонир−Раҳим!

Бародарону хоҳарони азизу гиромӣ!

Фарорасии моҳи шарифи Рамазонро табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худои таъоло Аллоҳи Бузург тамоми хушиҳои ҳар ду оламро таманно дорам. Бигузор тамоми рӯзаи моҳи шарифи Рамазон барои ҳар яки мо ба осонӣ ва ҳамаи баракоташ насиб гардида, мояи баракат, пешравӣ ва рушд, оромиву осоиштагӣ ва хушбахтӣ дар ҳар ду олам гардад.

Илоҳо дар ин моҳи пурбаракат ва ҳар лаҳза пас аз он тамоми орзуҳое, ки Худои таъоло дар дилҳои мо ҷойгир намудааст, бо иҷозат ва мадади Ӯ таъоло ҷомаи амал пӯшанд.

Бигузор ин моҳ барои тамоми мусалмонои олам ва алалхусус сарзамини азизамон Тоҷикистон моҳи баракат, оромиву осоиштагӣ ва гаравиш ба роҳи Ҳақ гардад.

Ва салаллаҳу таъоло ъало хайри халқиҳи Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи ъаҷмаъин би раҳматика ё арҳамар−роҳимин.

Омин

 

Ва ҳамчун як ҳадяи андак якчанд шаклҳои тақвими моҳи шарифи Рамазонро қабул намоед, ки онҳоро метавонед дар мониторҳои телефону нетбуку компютеру планшетҳоятон истифода бурд.

1. Барои телефон (андозаи 240х320)

2. Махсусан барои Samsang Corby

Ramazon corby

3. Барои нетбук

Ramazon netbook

4. Барои ноутбук

Ramazon notebook

5. Барои планшетҳо (хусусан Samsung Galaxy Tab 2 10.1′)

Ramazon square

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *