Мувофиқи моддаи 2–и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 Иди Рамазон ва Иди Қурбон ҳамчун рузҳои ид дар қаламрави Тоҷикистон эътироф шудаанд.
Ҳамчунин Моддаи 3 қонуни мазкур «Рузҳои иди ғайрикорӣ»-ро муқаррар менамояд, ки идҳои дар боло омада ба он дохил шуда, ҳамчун рузи иди ғайрикорӣ мебошанд.
Ба ғайр аз ин, ҳамчунин рӯзҳои зерини ид, рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:
1 январ — Соли нав;
8 март — Рӯзи Модар;
21-24 март — Иди байналмилалии Наврӯз;
(сархати 4 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1390)
9 май — Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
27 июн — Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
9 сентябр — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6 ноябр — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
Рӯзи иди Рамазон — ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
Рӯзи иди Қурбон — ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
Мавриди қайд аст, ки ҳама гуна қонун барои риояи ҳатмӣ қабул мешавад. Аз ин ҷо моддаи 5 «1» Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ки чунин омадааст «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».
Аз сабаби он, ки дар қонуни номбурда мақомоти махсуси назораткунандаи иҷроиши қонуни номбурда наомадааст, мувофиқи талаботи моддаи 93–и Конститутсияи ҶТ «Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд».
Фармон ё худ супориши махсуси Вазири маориф ва илми ҶТ дар бораи рӯзи корӣ будани рӯзи Иди Қурбон (1-уми сентябри соли 2017 – Рузи Дониш) талаботи моддаи 3–и Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро дағалона вайрон намуда, ғайриқонунӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» аз тарафи муқомоти олии Қонунгузорӣ (парлумон) қабул шуда, бо имзои пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба қувваи қонунӣ даромада, дар ҳудуди ҶТ иҷроишаш ҳатмӣ мебошад.
Ҳамчунин, талаботи меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат, ки барои ҷалби кормандон дар рӯзҳои иди бояд маоши дукарата пардохт карда шавад, эҳтимолан бо ин фармон ё супориши махсуси Вазир вайрон карда мешавад.
Дигар ин аст, ки ин фармон ё супориши махсуси Вазири маориф ва илми ҶТ, талаботи моддаи 10 Конститутсияи ҶТ–ро вайрон карда, беасос ва ғайриқонунӣ мебошад. Чунончи дар моддаи 10 Конститутсияи ҶТ низоми қонунгузории ҶТ омадааст, ки Қонунҳои ҶТ дар ин низом аз Фармон ё супориши махсуси дилхоҳ вазир болотар буда, дар ҳолати фармон ё супориши Вазир ба қонун зид омадан, иҷроиши қонун ҳатмист.
Ҳамчунин дар моддаи 10-и Конститутсияи ҶТ омадааст, ки Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Қайд кардан даркор аст, ки мутобиқи моддаи 37-и Конститутсияи Тоҷикистон, “Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад”.
Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад (моддаи 14 и Конститутсияи Тоҷикистон).
Ман ҳамчун як узви ҷомеа ва ҳуқуқшинос барои фаҳмо будан ва мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд худро вазифадор мешуморам, ки ин таҳлили худро гузаронанида, ба Воситаи ахбори омма ба ҷомеа расонам.
Бо ин ман якчанд савол ба мақоми дахлдори давлатӣ дорам:
Агар вазифаи прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он ин назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Тоҷикистон бошад, пас чаро мақомоти Прокурори генералӣ барои вайрон шудани қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» аз тарафи Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, хомӯш аст?
Оё бо ин фармон ё супориши махсуси худ, Вазири маориф ва илми ҶТ, қонунеро, ки аз тарафи намояндагони халқ қабул шудаю аз тарафи пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат Президенти ҶТ Эмомалӣ Рахмон имзо шудааст, вайрон намекунад?
Оё барои иҷро накардани қонун ва ё дағалона вайрон кардани қонунҳои ҶТ Вазир аз ҷавобгари озод аст?
Оё ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, ки дар боби 2, моддаи 37-и Конститутсияи ҶТ омадааст, давлат (мақомоти дахлдори давлатӣ) иҷозат медиҳад?
Оё рузи кории омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар рузи Ид ба кор ҷалб мешаванд, дукарата пардохт мешавад?
Оё андозсупорандагон розианд, ки аз ҳисоби бюҷети давлатӣ барои иҷроиши фармони ғайриқонунии Вазири маориф ва илми Тоҷикистон маблағ ҷудо шавад?

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here