Достони «лимузин»

 b2ap3_thumbnail_1004.jpg

     

      Дар мулки бегона, дар диёри мусофирй, дар сарзамини ғурбат, вохӯрдани ягон чеҳраи шиносу ошнои ҳаммиллат, ба кас чунон шодию фараҳу хушнудие мебахшад, ки ба гуфтани он калима намеёбӣ. Ин хурсандӣ баробари дидани симои ошно тамоми вуҷудатро фаро мегирад. Шояд барои он кас ҳам айни ҳамин гуна ҳиссиёт даст медиҳад, ки оғӯш кушода ба истикболи ҳам меоем. Мисли фарзадони як падару модар ҳамдигарро ба канор мегирем. Гӯё ҳамдигарро таскин мебахшем, ки дарди моро дардмоне ҳаст ва гӯё аломат медиҳад, ки ғамгин набошем, зеро дар шаҳри ғурбат танҳо нестем…

 

Тақрибан бо ҳамин радда эҳсосу андеша Мӯсо дар истгоҳ бо ҳамшаҳриаш Субҳон вомехӯрад. Пас аз ҳолпурсию ёдкарди ёру дӯсти муштарак Субҳону Мӯсо шумораҳои телефони худро ба якдигар дода, боз як бору бори дигар хурсандии худро аз мулоқот баён дошта, сипас аз кору бори ҳаминлаҳзаинаи ҳамдигар пурсон мешаванд.

 

Субҳон: “Мӯсо, ту автобуси чандро интизорӣ?”

 Мӯсо:  ”Эээ, напурс…  Ман акаи Муллошоро интизорам. Бо ҳам дар як автобус меомадем. Он кас пеш аз нишастан ба автобус нос кашиданд. Пас аз 5-6 истгох чашмонашон калон-калону манаҳашон кашол шуд. Як дахон пур аз нос ҷои туфкунӣ наёфтанд. Дар истгоҳи “Хлебзавод” аз автобус фуромаданд. Якчанд маротиба аст, ки ҳамин хел мекунанд. Дафъаи гузашта, тавонистанд, ки тез фуромада туф карда, зуд ба ҳамон автобус дароянд. Вале ин дафъа нашуд…

 

Ҳарду, ҳам Субҳон ва ҳам Мӯсо, бо завк хандиданд.

 

Субҳон: “Исто ки, кадом Муллошо? “Ленин” ё “лимузин”?

 Мӯсо:  ”Мулошои кабкбоз…”

 Субҳон: “Ҳа, “Лимузин” охир. Лақаби наваш ҳамин хел аст.”

 Мӯсо: “Аз кай боз ба он кас лақаби нав додаед?”

 Субҳон:  ”Пас аз он ки аз фурудгохи Домодедови Маскав баромада, нофаҳмида аз байни таксиҳо лимузинро киро карда то Люберсӣ мераванд. Ҳа-ҳа-ҳаа…  Аз бачаҳо қарз ҷамъ карда, базӯр ҳаққи таксиро додаанд. Сипас ду моҳ кор карда, пули бачахоро баргардонанд. Ҳа ҳа хаа…  Ҳоло ҳам як-як худашон мегӯянд, ки аз Тоҷикистон то Маскав бо ҳафт ҳазор расидаму аз айрапорт то Люберс дар дувоздаҳ ҳазор… Ҳа ҳа ҳа…”

 

Баъдаш ҳарду сукут карданд. Шояд дар сари ҳарду як андеша мегашт. Агар одамоне монанди акаи Муллошо намебуданд, муҳоҷирату ғурбат хеле сахттару сангинтар аз ончӣ ҳоло ҳаст мегузашт. Пас аз мулоқот бо ҳамдиёрон ҳама кас шоду хурсанд мешавад, аммо аз шунидани достонҳои акои Муллошо ин хурсандию сабукӣ садчанд бештар мешавад. Ин гуна одамон кайҳо ба фолклори мо, муҳоҷирони тоҷик табдил ёфтаанд.

 

Дар ин байн акои Муллошо ҳам ба истгоҳ баргашт ва Субҳонро дида, шод шуду оғӯш ба оғӯш бо ӯ саломалек кард.

 

Субҳон: “Ҳа, акои Муллошо, Мӯсои бечораро ин ҷо танҳо монда, куҷо рафтед, мегӯяд, аз интизори раги пояш хушк шудааст.

 

Муллошо: “Ҳе, ҷӯра, дар ҳамин атроф як шиноси киргиз дорам. Гуфтам, айб мешавад, аз ҳамин ҷо гузараму ба вай як саломалек накарда равам. Бисёр не, 5-6 дақиқа шуд.”

 

Дар ҳоле ки Мӯсо сустак-сустак механдид, Субҳон пурсид:

 

– Пас чаро ако Мӯсоро набурдед, дар ҳамин ҷо ягон шапкадор ё сартарошида ин каса зада маъюб мекард, чӣ мешуд?

 

Муллошо: “Вай Мӯсоро нағз намебинад, ҳамин ки дид, настраенияш чаппагардон мешавад…”

 

Вақте ҳуши Субҳон ба автобусе, ки ба истгоҳ наздик мешуд банд гашт, Муллошо ба Мӯсо чашмак зада гуфт:

 

– Паъат, аз ҳамин ҷо то ҳуу вай ялангира рафтам, дилам нашуд, ҳама ҷо ин қадар тоза буд ва ягон мусорка ҳам набуд…

 

Мусо: “Акои Муллошо, ҳаққи Шумо ба автобус рафтуомад кардан не, ҳаққи Шумо ин ки фақат дар “лимузин” рафта оед.” “Э, хуше…” — баланд шуд садои Муллошо дар ҳоле ки ҳарсе акнун ба автобус боло мешуданд.

2 комментария

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *