Достони ғамангези  «Федя»

          Бародарони ҳамватани азиз,барои мо беҳтарин зан — зани мусалмон ва точик аст!        Аммо афсус бештари чавонон, вақте ки инро дарк менамоянд, аллакай дер шудааст…   Фозил бо лақаби русии Федя бо зан ва ду фарзандаш хайрухуш карда, ба мардикорй, ба яке аз шаҳрҳои Русия меояд. Инчо дере нагузашта маъшуқаи рус бо номи Алёна меёбад. Онҳо тез-тез вомехурданд. Пас аз чанде Алёна ба Фозил иқрор мешавад, ки у шавҳар дорад. Шавҳараш афсари ҳарбй буда, бештари вакт дар сафарҳои хидмати қарор дошт ва дар ду моҳ як ҳафта дар хона буд.   Рузе аз рузҳо Алёна ба Фозил занг зада бо овози ваҳшатзадаю ларзон хоҳиш намуд тез наздаш ояд. Фозил зуд омад ва кори кардаи Алёнаро дида дар ҳайрат монд. Алёна шавҳарашро бо корд зада кушта буд. У аз тарс меларзид ва аз Фозил илтичо мекард, ки ба у кумак намояд.    Фозил ба ғаму андуҳ ғутавар худашро гум карда ва намедонист чи кор кунад. Сипас Алёна зориву тавалло карда, пешниҳод кард, ки часадро ба қисмҳо чудо карда ба берун баранд ва гур кунанд.   Фозил ягона илочро дар ҳамин дида, нисфишабй дар саҳни бинои зист, дар як кунчи торике, ки регмайда буд,  чуқурие кофт. Сипас даромада часадро пора-пора кард ва ба халтаҳо андохта бо ёрии Алёна ба чуқури гур карданд.    Пас аз чанд моҳ Алёна ба комиссариати ҳарбй ва шуъбаи милиса рафта бо нияти худмуҳофизй шикоят мекунад, ки шавҳараш аз сафари хидматй бояд бармегашт, аммо аз у дараку хабаре нест. Фозил бошад бо таклифи Алёна дар хонаи у мезист ва доим он саҳнаи хунину ба қисмчудокуниҳо пеши назараш буд.        Бо гузашти вақт Алёна ба шаробхурй майли зиёд пайдо ва Фозил низ ба нушидан сар кард. Фозил тасмим гирифт назди зану фарзандонаш баргардад. Аммо дарего, ки у то баногушаш ба бало ғутида буд. Алёна ба у ҳушдор дод,ки Ватану зану фарзандонашро аз ёдаш барорад, вагарна у ба милиса баёнот хоҳад дод, ки шавҳарашро Фозил кушта, дар саҳни бино гур кардааст. Фозили роҳгумкарда намедонист сарашро ба кучо занад. Илтичою зориву тавалло бефоида буд. Ин зани маккор ва қотилу бераҳм Фозилро безанчир баста буд. Алокаи Фозил аз Ватан тамоман канда шуд ва у низ худро ба мастию майпарасти зад.     Аз байн қариб як сол гузашт ва пас аз мочарое Алёна Фозилро аз хона ронд. Чунки Фозили бо ришҳои расида афту башараи пурвараму майзада ба у дигар даркор набуд. Фозил ба як «бомж» мубаддал шуд ва рузи дароз қуттиҳои ахлотпартоиро мекофт, то зарфҳои шишагии холиро чамъ карда супорад ва дар ивазаш май бихарад.     Овозаи «бомж» шудани Фозил ба деҳа расид ва падараш мачбур гову гусолаҳои хонаро фурухта ба чустучуи писар рафт. Пирамард хеле чустучу кард ва ниҳоят бомжҳоеро ёфт, ки Фозилро мешинохтанд ва дараки уро медонистанд. Онҳо ба пирамард ҳамдарди изҳор намуда уро аз шаҳр берун бурданд ва дар чангалзоре як тудаи хокро нишон доданд, ки руяш чубе зада ва дар тахтачае “ФЕДЯ” навишта шуда буд…

One Comment

Напишите свой комментарий