ДАРДРЕЗАХОИ ШАХРИ РУС….

ДАРДРЕЗАХОИ МУЛКИ РУС.

Мехринисо хануз аз давраи донишчуйи бо ман ошно буд. Дар шахри Питер тасодуфан уро дучор шудаму хурсандиам дучанд гардид. Аммо Мехринисо мисли солхои пешин чехракушоду мехмондуст набуд. Рафтору муомилааш сахт тайгир ёфта буд. Хайрон мондам. У маънии нигохи маро зуд дарк карду чунин накл кард:
-Медони, Шахлочон, мо бо хамрохии шавхарам бо сабаби номусоидии зиндаги ру ба мухочират оварда будем такрибан 17 сол пештар. Он вактхо он кадар мардуми точик ба Русия намеомаданд. Ман бо хамрохии шавхар ба кори фарроши даромадем. Маошамон хубу саривакти буд. Дар тули 5 соли аввал пули калон чамъ кардем. Ва ин пулхоро доллар карда дар хонаи ичораамон нигах медоштем ба хотири рафта аз Точикистон хона харидан.  
Рузе фаро расиду чипта хам харидем. Субх бояд ба ватан парвоз мекардем. Дар так-так шуду чурахои шавхарам-хамватанон ба сурогаш омаданд. Бехабар аз кирдори номардонаи онхо тибки таомули точикона дарро ноэхтиётона кушодем. Даромадан замон онхо ба шавхарам дарафтоданд мисли рубахи маккор. Садои онхо ханузам дар гушхоям садо медихад:
-Пулхои бачоиатро барор Рахим..
Ман ки шохиди ин фочеа будам, давида рафта пеши пойи яке аз дузхои худи сар фиканда зори кардам:
-Шавхарамро назанед. Илтимос…
-Хохи ки шавхаратро назанем, чойи пулхоро бигу?
-Кадом пул?
-Хамон пулхое ки шавхарат ба ватан бурданист..
Онхо ин замон Рахими хуншоро ба холаш гузошта ба ман дарафтоданд. Аз кокулони дарозам кашида ба девол сарамро заданд. Оре, хамватаноне ки хар замон тули ин солхо ба хона омада»янга як то шакароби точики » тайр мегуфтагихо он шаб кариб котили чони ману шавхарам гардиданд. Чун шавхарам ба замин фитода бехуш шудани маро дид, чойи доллархои бо хуни чигар чамъ кардаи моро гуфта дод. Онхо пулхоро гирифта бошанд хам, боз шавхарамро муштборон карданд.
Субх хамсояхои рус ману Рахими бехушро дарёфта ба беморхона бурданд. Рахим дар беморхона аз ман сахт илтимос кард, ки ба муффатиш ки будани дуздхоро нагуям, вагарна онхо ба дигар хонавода ки дар ватананд, зарар хоханд расонид.
Ман хам дигар ба саволхои муффатишон чизе нагуфтам. Рахим сутунмухрааш сахт осеб дида маъюби якумра гардид. 
Ман дар ду чой кор мекардам. Сохиби хона пирамарди шаробхор маро аз дар берун мекард. Рузе шуд ки дар берун хам хоб рафтаам. Худованд ин рузхои ман дидаро ба душманам нишон надихад.
Баъди ин фочеа ман дигар ба руйи хамватане руйи хуш намедихам …



  Мухочирони дузд…

Дар мухочират на хама бо мехнати халол зиндаги карда пул меёбанд. Дар хонаи ичорае ки ман зиндаги мекардам, дар хамшафатам чавонписарони мухочир аз махаллаи Рохати зиндаги мекарданд. Шабхо ба кучое баромада мерафтанду рузона дар хучрахояшон мурда барин хоб мекарданд. Рузе сохиби хона холаи Надя ба ман рози дил карда гуфт, ки » хамшахрихоят одамони хуб нестанд, шабона кучое мераванду рузона хоб». 
Ман кунчкоби карда аз яке пурсон шудам, ки кучо кор мекунад:
У нотарсона гуфт, ки шабхо дузди мекунаду рузонахо хоб. Шарм надошта ба ман кор пешниход кард:
-Апашка, биё кати мо кор кун. Ту ба мо клиент ёб. Яъне рузи маоши мухочирони узбеку хучандиро муайян кун, мо хамон соат рафта маоши онхоро бо зури мегирему хакки туро ду баробар зиёд медихем. Рози хасти?
-Аха, яъне ки шумо аз хисоби дуздиатон пул кор мекунед?
-Ха, зиндаги хамин аст. Масалан ман мехнатро дуст намедорам. Дар ватан падар ба чонам зад ки ягон чо кор кун. Гурехта ба Русия омадам. Инчо кордам болои равган. Шабонахо ба хонахои ичора рафта аз он нафароне ки худи хамон руз маош гирифтаанд, ба зури пулхояшонро мегирем. Ё дар рох баъди соати дувоздахи шаб шаробхорону пиразанхо зиёд мегарданд, онхоро шаттаборон карда телефону сумкаашонро медуздем. Симкартаи телефонро партофта онро ба ягон нафари дигар зуд мефурушем.
Ман аз ин хисоб ба хешу таборонам аллакай 20 то телефони мобилии гаронбахо фиристодам.
-Падарат медонад ки ту ин чо ба чи кор машгули?
-Нее худо панох дихад.
(Ин дам дар дил андеша кардам ки ту баринхо магар Худоро мешиносед)
-Баъд чи хел шабона ба хонахи ичора медароед? Охир дар домофони умуми дорад.
-Чуянда ёбанда аст. Дар хама чо нафаре хаст ки мисли буз рафтор мекунад. Масалан дина шаб як нафар буз-хабаркашеро ёфтем, ки маош гирифтани хамхонахояшро охиста омада хабар дод. Уро ба мошин шинонда ба назди хамон бинои истикомати рафтем. У коди хонаро ба мо гуфта дод. Мо кодро зер кардему аз он чо онхо хам нопурсида даро кушоданд. Даромада зуд ба тахдид гузаштем, ки агар овоз бароранд, мекушем. 
-Силохи оташфишон аз кучо гирифтед?
-Э апа, ин кадар содаед, о дар Русия аз хама чо пистолет харидан мумкин аст. 
-Баъд ин се нафаро ба замин хобонда дахону дастонашонро бастем. Ва гуфтем ки 30000 рубли русси маоши гирифтаашонро ба мо бароварда диханд. Ду нафари онхо падару писар буданд. Писар зори мекард ки ба падараш осеби чисмони нарасонем. Дидем ки ба мушту лагад пулхояшонро намедиханд . Кордро гирифта ба рони пойхояш зарба задам. Хун фаввора зад. Падар гирякунон квитансияи пули имруз ба ватан фиристодаашонро нишон дод. Дидам ки онхо дуруг намегуянд. Ба саввум нафараш дарандавор дарафтодем. У ноилоч бо ашки шашкатор маошашро бароварда ба мо дод. 30000 рубли руси ба даст ба хона баргаштем. Кори мо хамин аст. Одат кардаем.




Мухочири христиан

Дар магоза шабона ба хайси фурушанда низ фаъолият кардаам. Хамон вакт шабона шохиди дидани як нафар мухочири динаш дигар вохурдам. 
Ин мард бо зани шаробхори кухансоле ба магоза даромада шароб харидани шуд. Ба чехрааш нигаристам, ки точикона аст. Лахчааш шикастаи руси, суол додам, ки аз кучост?
Гуфт ки Точикистон. Хамин тавр саргузашти уро аз забони худаш фахмидам.
Ин мард Туйчибек Саломов, сокини нохияи Кистакузи Хучанд, 45 сола буда тули 10 сол аст, ки дар шахри Питер зиндаги мекунад. Дини исломро раъд карда динни христианиро кабул кардааст. Сабабашро у чунин шарх дод:
-Ман аввалхо аробакаши мекардам. Баъд пойхоям сахт дардманд шуданду бекор мондам. Дар калисое хавлируб кор даромадам. Хамин чо маро гуфтанд ки ба шарте маош медиханд, ки дини христианиро кабул кунам. Ноилоч рози шудам. 
-Дар ватан хеше доред?
-Доштам, падар ва хохар. Падарам гузашт. Хохарам дар беморхона рухист.
-Магар ин гуна зиндаги зиндагист?
-Кисмат
-Бародар ин кисмат нест.
Вале ин мард бо ман дигар бахс накарда зуд магозаро тарк кард…

Мухочири ошик 

Дар рафти корам ба хайси тарчумони суди шохиди куштори вахшиёнае шудам, ки шахрванди Точикистон Содикчон Шокиров содир карда.
Содик бо мухочирдухтари узбеке ахду паймон баста ваъда медихад, ки уро ба зани гирифта ба зодгохаш шахри Вахдат мебарад. Гуё сахт ин духтаро у дуст медоштааст. Аммо субхе уро дар огуши мухочири узбеки хамшафаташ мебинаду сари рашку кахр ба чисми ин мард 7 зарбаи марговар мезанад. Дар натича мард худи хамон соат ба халокат мерасад.Духтар бошад гурехат мераваду нисфирузи чипта харида ба Узбекистон меравад. Акнун Содик хукми суди гирифта ба муддати 17 сол хаёташро дар махбаси Кристи хазон хохад кард. Хол он ки у хамаги ба 21 кадам гузошта буд.


Шахлои Начмиддин, журналисти мустакил.

Что вы думаете об этом?