ДАРДРЕЗАХОИ МУЛКИ РУС…

СМС найранг дар Питер

Каллобони интернети тичорати худро дар тамоми дунё бо хар рангу усул ба рох мемонанд. Онхо илми равоншиносиро бо тамоми коидаву усулаш аз худ карда ба торхои анкабути хеш факат факат одамони соддаву зудбоварро меафтонанд. Субхи якуми май ба раками телефони мобилиам СМС табрикот омад. кушодаму баъди хонданам бо тамоми овоз дод задам.
-Ура, ман сохиби ноотбук(компютери дасти) гардидам. Боз аз хама кимматаринаш ура……………………..Дар СМС омада буд: «Муштарии мухтарам, радиои Европа Плюс шуморо бо голиб омадан дар озмуни мо табрик карда бароятон барор мехохад. Шумо сохиби тухфаи асоси компютери 48000 гаштед……..Охо охир харидани ноотбук орзуи мани рузноманигор аст. Хурсандона ба хамон ракам занг задам. 
-Ало, Салом ба ман смси табрикии шумо омад. 
-Ному насаби шумо…оре шумо катори 10 нафар голиб сохиби тухфаи асоси гаштед. Табрик!
-Ура ташаккур, кай ман метавонам ки рафта ноотбукро бигирам. 
-Саросема нашавед, хонум. Аввал моро бодиккат гуш кунед. Спонсори мо дар шахри Маскав аст. Барои хамин то ба шахри Санкт Петербург оварда расонидани тухфа андоз мехохад. Хакки пардохти андоз 2. 500 рублим русси мебошад. Вале агар маблаги ноотбукро гирифтан хохед, метавонед рафта аз бонк гиред. мо суратхисобашро мегуем шумо мегиред. 
-Оре дуввум рохаш хубтар аст………
-Сухани моро набуред мухтарам муштари…барои гирифтани пули ноотбук шумо бояд андози онро ки 3. 500 рубли руссист пардозед.
-Майлаш аз хамон пули медодагиатон медихамю.
-На, бояд пешаки пардозед.
-Чи хел бовар кунам ки шумо фиреб намекунед. 
-Шумо аз хамин ракаме ки занг зада истодаед ба он пул гузаронед. Ин пули гузарондаатон дар суратхисоби телефони мобилиатон махфуз мемонад. шумо чизе бой намедихед. Шумо метавонед ки бегохи ин пулро гузаронед?
-Оре хозир рафта аз ягон кас карз мегирам. Баъд пули калонро кай мегирам?
-Субх омада мегиред 
-Номи ман Алексей, бовар кунед мо каллоб нестем. Шумо хамчун муштари голиб омадед. 
Телефонро гузоштаму дар фикри пулёби шудам. Ногахон ба андеша омадам ки як ба раками итиллоотии хамин компанияи телефонии МТС занг зада асли ин озмунро пурсон шавам. Оператори телефони матлаби маро шуниду гуфт ки онхо ягон хел озмун нагузарондаанд ва ба ин гуна смс-мошеникхо умуман бовар накунам. 
Зору хайрон дида ба телефон духтам……….
  —————-

Як гурух мухочирони точик дар берун аз шахр (загород) кор мекарданд. Онхо зану шавхар ба картошкачини машгул буданд. Шабхо бошад картошка тоза мекарданд. Ногахон шабе доду вохимаи зиёде шунида шуд. Салимаву фарзандонаш давида рафтанд. Хакикати вокеа ин буд ки мухочире масту аласт корманди милисаро лату куб карда бо шишаи холии шароб бинии уро шикастааст.Кормандони шуъбаи ба деха наздик омада дигар точикони бегунохро таги шаттаву мушт мегиранд. Салимаву духтаронаш ба таххона даромада пинхон шуданд. Тамоми мухочиронро чунон куфтанд ки ба кавле ягон чойи ободашон намонд. Салима даруни таххона гириста гириста то субх калима гардонид. субх онхоро ба шуъбаи милиса хамчун шохид барои пурсиш бурданд. Салимаро додгустар он чунон пурсиш кард ки у аз ассабонияти зиёд мисли акл гум карда гашт. Ба суолхои тарчумону додгустар базур посух дода гиря мекард гиряи бодарди модари точики мухочир………..
  Гарди андух, гарди гам
  Гарди хуну гарди нам
  Синачокам аз гариби, во гариби, во гариби во гариб…………
  Чашминтизор………………
Сулхия 22 сол боз дар шахри Санкт-Петербурги фр кору зиндаги мекунад. Шахрвандии русияро дорад, ягон мушкилоти модди дар зиндагии хонаводааш чой надорад. Аммо дар ду соли охир меъдааш дардманд шуда саратон пайдо намуд. дар беморхонаи бехтарин табобат гирифт аммо бефоида. Аз моддахои кимийёи муйхои сиёхи дарозаш рехта сараш кал шуд. Иштихояш баста гардида чизе намехурад. Вакте ки ба беморхона ба айёдаташ рафтам, зор зор мегирист.
-Харчанд ягон камбудие надошта бошам хам хушу ёдам ба ватан аст. Ватан ватан будааст. бехуда хофизе насуруда: «сарзамини ман бе ту ман бекас бе ту ман хаста, бе ту ман дилгир.»
Дар пешониам насиби зистан дар мулки мардум будааст, мегуянд ки дуои шахси мусофир хамеша мустачоб мегардад. Дуо мекунам ки то ватан рафтан аз захри ин саратони каттол намирам. 
  Афтодаам гариб ба куят, маро макуш
  Як куштани гариб ба сад хун баробар аст………..
  ШАХЛОИ НАЧМИДДИН
  ШАХРИ САНКТ ПЕТЕРБУРГ
 
   
   

1 Kомментарий

  1. Дар ҳақиқат ту зани ҷасур ва тоҷики асил ҳастӣ Шаҳлоҷон.
    Хоҳари азиз, ҳамаи навиштаҳоятро хондам. Ташаккур ба ту!

Напишите свой комментарий