дар Точикистон сохибкорон бисёранд, аммо….

 Чи хеле, ки ба хамагон маълум аст, президенти кишварамон Э.Рахмон, дар бисёр паёмхояшон мегуянд, ки хукумат БОЯд ба сохибкорон барои пеш рафтани корхояшон ёри диханд. Аммо аз ин суханон чи фоида? 

 Худашон мегуянд, ки бояд сохибкоронро дастгири кунем, вале вакте ки ягон сохибкор бизнесашро пеш мебарад ва даромади зиёд мегирад, уро МАЧБУР месозанд ки хамон магозаашро, ё ин ки тарабхона ва ё худ мехмонхонашро фурушад. Алалхусус хешону пайвондони худи президенти кишвар ва баъдан хешону пайвандони дигар хокимон ба ин корхо даст мезанад. пас чи фоида аз чунин суханоне, ки мо дар паём мешунавем? 

 Раванди гирифтани бизенес аз мардуми кишвар ба хама аллакай маълум аст: 1) фиристодагон, даромади хамон як корхонаро хисоб мекунанд; 2) коргарони андоз ва ё дигар коргарони давлати омада, аз сохибкор хамон корхонаро ба нархи гуфтааш харидани мешаванд. дар холати рад кардан, вой, бар холи он сохибкор!

  ман худ, бисёр холатхоеро медонам, ки одамро мачбур карданд ки магозаю тарабхонаашонро фурушанд.Яке аз чунин холатхо, дар шахри Худжанд чанде пеш гузашт. сокини махаллаи Гулистон Охунчон бо фуруши кисмхои автомобили машгул  буд. вакте ки у даромади зиёд мегирад, ба наздаш коргарони хукумат меоянд, ва мехоханд ки он магозаро харанд, аммо сохибкор онро рад мекунад.

 пас аз 1хафта нисбати у парвандаи чиноятиро мекушоянд. ин ноадолатиро дида, у ба Душанбе, ба назди сарвазири ЧТ, О.Окилов меравад, аммо дар чавоб ба вай мегуянд, ки дигар ба хеч кучо арзу шикоят накунад ва ба нархи гуфтаашон, корхонаашонро фурушад, зеро харидори он корхона духтари президент,Тахминаи Рахмон мебошад. 

 Холати дигар бошад, бо сохкоре, ки 1 тарабхона дар  лаби дарёи Сир кушод рух додааст. Сохибкор нахост, ки номаш ва номи тарабхонаашро мо нависем. Ба гуфти у, мохи июни соли равон ба  тарабхонааш коргарони сохаи андоз омаданд ва гуфтаанд, ки ин тарабхонаро ба кадом нархе, ки мехохад фурушанд. аммо у хам инро рад кардааст. пас аз 1хафта ба у гуфтанд, ки тарабхонааш даромади хуб дорад ва аз ин ру, аз мохи июл сар карда у бояд 70хазор сомони андози тарабхонаашро дихад. 

 ба фикри ман онхо ин корро бехуда намегузоранд ва он сохибкорро мачбур месозанд, ки тарабхонаашро фурушад. холо 1мох нагузаштааст. пас аз 2мох, ба фикри шумо, бо сохибкору тарабхонааш чи мешуда бошад?

 бо навиштани ин макола ман гуфтаниям, ки хубтар мешуд агар ба суханони «сохибкоронро бояд дастгири кард» чанд сухани дигаре, мисли «сохибкороне, ки корхонахои навро мекушоянд, бояд дастгири кард ва баъд онхоро мачбур сохтан лозим, то ин ки корхонаашонро фурушанд» ё ин ки чунин суханонро умуман дигар ба дахон нагирифт. Аз дидани чунин холатхо нафрати кас меояд. Дируз оиди хамон тарабхона бо як дустам сухбат кардем. вакте ки ба у гуфтам, тарабхонаро мехоханд, ки харанд. Дустам дарав гуфт: Ха душанбегихо-ми? 

 Аз ин кори ношоями шумо кариб ки тамоми бошандагони Хучанд шахр ба сокинони Душанбею Кулоб ба нафрат нигох мекунанд, чи хеле ки дар урфият мегуянд » 1 гусолаи р**** тамоми подаро расво мекунад»

 Наход, ки шумоён то ин дарача баднафс бошетон? Шумо вичдон деред ё не? Наход ки аз дахони халк нонашро кашида гиред? Шарм доред! Шумо ба авлоди худ лаънат меоред ва фикр мекунед ки аз ин корхои шумоён халк розии аст? Э то кай хеш бози? Бас! Монетон то халк каме осудатар нафас гирад. Фахмидем, хаматон «криша»-и пуркувват доретон, вале фардо, ин «криша»-и шумо, дар назди Худо шуморо аз оташи дузах рахо карда наметавонад.

  P.S. пас аз навистани ин макола аз Худои таоло илтичо мекунам, ки маро нигахдорад. Ки медонад? мумкин пас аз чанд руз маро дастгир карда «хоини» халк эълон кунанд)))

4 Комментарии

  1. даааааа … ужас!
    ба чои он шахсоне, ки сохиби ин магозаву тарабхонаанд чунин кардан мумкин — агар маблаги хуб пешниход мекарда бошанд, пас фурухта, чиптаи хавопаймо ба дигар давлат харида ва пеш аз рафтан он тарабхонаву магозаи фурухташударо нобуд кардан — масалан, пожар!

  2. маблагро онхо пешниход намекунанд. маблагро худи сохибкор мегуяд. ва пас аз чанд сол, мумкин гиранд

  3. Нафрат бар он касе, ки моли дигарро аз худ мекунад! Афсус ин суханхо хак хастанд! Ба сохибкорон расонидани хастам то кадри имкон бизнесро берун аз Точикистон баранд!!! Барои он, ки имрузхо хамма хешу табору авлоди «КРИШАХО» дандонашонро тез карда истодиянд!

Напишите свой комментарий