Чойхонаи миллии олиҷаноб

 

b2ap3_thumbnail_13062013191.jpgШоми гузашта дар чойхонаи наве ки дар маҳаллаи 20 ҷой гирифтааст бо ҳамроҳии дӯстон истироҳат намудем. Чойхона дар шафати мағозаи “Popolare” воқеъ мебошад.

Чойхонаи нав бо таври Миллӣ+аврупоӣ  бунёд гаштааст. Пешхизматон бисёр хуб фаъолияти худро ба роҳ монда муомилаи бисёр хуб доранд. Ба пурраги ороиши чойхона (профессиональный дизайн) аз тарафи мутахассисони соҳа ба роҳ монда шудааст. Вақте ки моро дар яке аз хонаҳо (кабина) ҷой додан баробари даромадан аз ороиши ин хона ба ҳайрат афтодам, ки барои фаҳмидани ҳиссиёти ман, танҳо баъд аз дидан бо чашми худ метавон ҳис намуд. Боз як чиро  бояд гуфт, ки ин албатта чойхона ресторани аввалин бо таври миллӣ набуда, чанд сол ин ҷониб ошхонаи Зайтун мавҷуд аст, ки бо таври миллӣ оро ёфтааст, локин ин чойхонаи нав тарзи миллиро бо аврупои микс кардааст.

Ҷиҳати хӯрока низ бисёр боллазат мебошад. Чи тавре ки мардум қайд мекунанд “Ҷой хуба нархашам хуб” ба ин макони навбунёд дахлдор набуда нархнома ба ҷойу хизмати ин чойхона дар ҳақикатхам

b2ap3_thumbnail_13062013188.jpg

мувофиқ мебошад. Масалан 1 килограм Оши Палови миллии «Як бар як» 110 сомонӣ арзиш дорад, ки аз рӯи ин нишондод шахсони “ошхур” метавонанд хулоса барорӣ намоянд.

Илова: Ин навиштаи ман таблиғ намбуда барои маслиҳат навишта шудааст ва ягон хешу табори ман бо ин макон алоқаманд нест.    

1 Kомментарий

Напишите свой комментарий