Челси — Рубин (Лигаи Аврупо)

 

Шаби гузашта бозии аввалини ¼ финали Лигаи Аврупо дар майдони Стемфорд Бриджи Англиия баргузор гардид, ки ҳисоби вай бо ғолиябияти Челсии Лондон бар Рубини Қозон  бо ҳисоби 3 бар 1 хотима ёфт.

Дар ҳақикат ин бозии ду дастаи нобаробарон буд ва бисёри мухлисон, ки ба дастаҳои Русия мухлиси менамоянд танҳо бозии мусовиро интизори доштанду бас, локин ин тавр нашуд “хайр чи илоҷ”. Бозии дуюми ҷолибро дар майдони Рубин интизор мешавем.

Ҳисобро бошад дар дақиқаи 16 Фернандо Торес бо ёрии Давид Луис кушод. Тӯби дуюм низ аз тарафи соҳиби майдонон зада шуд ва ин дафъа аз тарафи Виктор Мосес. Дар дақиқаи 41 бошад мухлисони Рубин оҳи сабук кашиданд, ки  Натхо ба тариқи 11 метра тӯбро ба дарвозаи Чех зад. Локин бо ин бози хотима наёфта боз дар дақиқаи 70 тӯб дар дохили дарвозаи Рубин воқеъ шуд, ки занандаи тӯю боз Фернандо Торес бо ёварии Хуан Мата мебошад. Бо ҳамин бозӣ бо ҳисоби 3 бар 1 хотима ёфт.

 

 

Tagged .

Что вы думаете об этом?