Чашнгирии Хеллоин

b2ap3_thumbnail_parade-hall.jpg

 

«Мо зидди МИЛИСА!!!

Даф кне унора, уно вечна пеши рохи чавонора мегран намегзоран то холуин кайд кнем» (эътирози баъзе аз чавонон дар шабакахои ичтимои)

ДУРУСТ! ва агар ман хам мебудам садди рохи ингуна чавонон мешудам. Бо сабабхои зер мехохам инро шахр дод. 

     Чашни холлуин моликияти аврупо мебошад. (ба мо расм шудааст, ки ба чуз илм ва хунар дигар амалхоро таклид созем ва худро чун заррае ба аврупоихо монанд бисозем, кани чавони англисе, ки икдом гирифта бошад то наврузро чашн бигирад?)

    Шояд гояхои чашнгирии ин маърака ба кудакони ончо аз даврони хурдсоли чойгир шуда бошад. Вале кудакони хурдсол мо баробари дидани кадуе, ки симоашро дигар кардааст шояд худро норохат хис кунанд. Ва ин норохати ба асаби кудакакони хурдсол таъсири манфии хешро хатман мегузорад. ( https://ru.wikipedia.org/wiki/Хэллоуин#.D0.A1.D0.B8.D0.BC.D0.B2.D0.BE.D0.BB.D1.8B )

   Рухониёни мо низ таъкид доранд, ки чашнгирии ин маросим ба мардуми мусалмон чоиз нест. Сабаби чоиз набудани чашнгирии маросими мазкурро намояндагони кумитаи дин ба якчанд критерияи чшнгирии иди зикргардида диданд, ки бо идеологияи исломи муковимати сахт дорад. Ва илова бар ин намояндагони равияи «Православи» низ зидд мебошанд.

   Ва агар бинем аврупоихо тавонистанд маросимхои хешро ба тамоми дунё пахн созанд. ОФАРИН! Аммо ягон англисзабон ба Точикистон ташриф овардаву ин чашнро ташкил накардааст (мувофики маълумотхои дар даст дошта). Ва ин чашнгири танхо таклид ба аврупо хасту бас. 

   Пас аз навиштани ин мавод маро харки хонед хамонам!

     

    

     

 

14 Comments

  1. 100% дуруст мегуед, Ситорабону!

    Ягон кадар ин «чашнвора» барои инсони комилакл дуруст намеояд. Алалхусус ба мардуми мо.

  2. Хеле дуруст кайд намудед, чашнгирии ин маросим ба урфу одати мо мувофикат намекунад

    • Ман шахсан дар шабакахои ичтимои бо ин чавонон сухбат ва аниктар бахс кардам онхо маро «ТОРМУЗ» яъне аз чамъият окибмонда гуфтанд )))

      • Ҳамин хел «тормоз»-ҳо бисёртар шаванд, хеле хуб мешавад 🙂

        Ман, албатта, тарафдори ҷаҳонишавиям (глобализатсия), аммо дар баробари ин хеле хурсанд мешавад, вақте фаҳмам, ки ҷавононе ҳастанд, ки урфу одат, дину фарҳанги худро пос медоранд ва ҳимоя менамоянд. Ин тақлидкорӣ ба чунин ҷашнвораҳои даҳшатангез тақлидкории кӯр-кӯрона аст. Бигузор ба илмомӯзию фаъолнокии ҷамъиятии ғарбиён тақлид кунанд, на ин ки тарзи носолими ҳаёти онҳо.

  3. Намедонам барои чи чавонон ким кадом чашни як давлат ва миллати бегонаро мегиранд. Ва бовари дорам агар онхоро ба чашнгирии наврузи худамон даъват кунонему ба онхо ягон вазифаи алохида масалан намоиши бозихои миллиро во гузор кунем онхо инро на мекунанд ва карданхам мехоханд.
    Агар инхо худро маърифат парвар гуянд пас ба хамаи чашнхо ширкат варзанд

  4. Ситорабону, бар зидди ин чашн буданатон дуруст аст. Вале боз хастанд нафароне дар Точикистон, ки зид нестанд. Ва онхо низ ин хукукро доранд. Аз он мантики шумо чашни соли навро низ мебояд мамнуъ эълон кард.

  5. Намефахмам барои чи ин кадар дар бораи як ходисаи ночиз овоз кардаед. Мардуми точик имруз дини дигар кабул мекунад, шахрванди дигар давлатхо мешаваду тарки Ватан мекунад, ба чои забони бобоён забони хозиразамони эронихо кабул мекунад, чинихо ва дигар хоричихоро мегирад. Барои чи мо и н тахдидхоро бахс намекунему танхо дар бораи Хеллуин сухан мекунем?

  6. Pingback: Halloween Horror in Tajikistan. Part Two | Random Notes of a Random Tajik

  7. Pingback: Tádžikistán stále debatuje o slavení Halloweenu · Global Voices v češtině

  8. Ҳеҷ як маърака баъдӣ ва хуби надорад агар он маърака ба тафаккури миллат, расму оин , дин ва мазҳаб, анана, фарҳанги мо мухолифат накунад. Кӯр-кӯрона нусхабандӣ намудани фарҳангу расму оини бегона ин коста гаштани фарҳанги миллат аст. Чаро hellowen ва ё Карнавал мардуми моро ҷалб кардааст?. Чаро ки миллате, ки дорои ин фарҳанг аст фарҳанги худро волотар аз фарҳанги бегона медонад ва ба ҷаҳонӣ шавии он саҳм мегузорад. Лек афсўс қисме аз мардуми бегонапарасти мо такья ба фарҳангӣ бегона карда аз фарҳангу расму оини худ рӯй мегардонанд. Ёд дорам он расме, ки дар идҳои мазҳаби дорем бисьёре аз бегонапарастонро нороҳат кардаву , кӯдакони шоду зебо, ки дар ин идҳо дари мардум барои идона мекубанд таҳкир карда буданд. Лек вақте касе фарҳанги бегонае, ро ки барои бегонапарастон фарҳанги чаҳонӣ ва мӯд ва равиш бо ҷомеаи ғарб аст сухане ноҷой мегӯяд , доду фиғон мебардоранд ва аз Демократия ёдовар мешаванд.

  9. Шарқро аз байн барад тақлиди Ғарб,
    Бояд ин ақвомро танқиди Ғарб.
    Шарқро тақлидашон барбод дод,
    Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.
    Милатеро рафт чун оин зи даст,
    Мисли хок аҷзои ӯ аз ҳам шикаст.
    Ҳастии Муслим зи оин асту бас,
    Ботини дини Наби ин асту бас

Напишите свой комментарий