Чаро хомушед?

Рузноманигорону блогнависони мо бисёр дар бораи хукуки инсон ва волоияти конун менависанду бахс мекунанд. Ин дуруст аст, ман пурра дастгири мекунам. Халки чафодидаи мо бояд аз хукукхои худ огох бошад. Лекин чаро ягон кас дал бораи катли Сабзали Мамадризоев аз дасти макомоти хифзи конун наменависад? 

Мамадризоев, марди боинсофу боистеъдод, раиси шуъбаи Хизби нахзат дар Бадахшон буд. Рузи 7-ми июни соли чори у дар Хоруг аз тарафи макомоти интизоми боздошт шудааст. Низомиён уро лату куб карда, баъдан вахшиёна як тирдон тир ба чисми у холи кардан ва часадашро мусур партофтанд. Ин ходиса дар видео сабт шудаги аст.

Хуб, ман мефахмам, ки Хизби нахзат хизби мухолиф аст. Мефахмам ки он вакт Хоруг ба чанг буд. Хатто мефахмам, ки щояд баъзе аз суханхои худи Мамадризоев намояндагони хукуматро бадкахр карданд.

Лекин бисёр чизхоро ман намефахмаму фахмидан намехохам. Оё дар Точикистон конун нест? Оё намояндагони хизбхои ба хукумат мухолиф аз тарафи конун химоя намешаванд? Оё низомиён хак доранд ягон касро бе суд кушанд? Агар ба ин саволхо чавоб «не» бошад, чаро то имруз ягон кас аз хукумат талаб накард, ки котилхои писарбачаи точик Мамадризоев чазо дода шаванд? Чаро рузноманигорон ва блогнависони мо хомушанд?

10 комментариев

    1. Бачаи Сако

      Мухтарам Теократ! Блоги манро дар боло бубинед, аллакай сар кардам ман. Мутаассифона, ман аз бисёр тафсилоти ин ходиса бехабар хастам. Хуб мешуд агар он нафароне ки маълумот дар бораи ин катл доранд ба саволхоям чавоб диханд.

      Худи шумо чи фикр мекунед? Оё куштани намояндаи хизби мухолиф аз дасти макомоти низоми асоснок донистан мумкин?

      1. Оиди катли мухолифин: ба андешаи ман ин корест пасттарин ва дар хеч вачх барои давлати Точикистон мувофик наоянда. Ин на камтар аз чиноят аст, вакте шахсро танхо аз барои мухолиф буданаш ба катл мерасонанд
        Оиди катли Сабзали Мамадризоев: афсус, ки ман оиди ин чиноят ягон маълумоти дакике надорам — танхо он чизе, ки дар ВАО хондаам. Агар ягон манбаи муътамад дошта бошед, ки битавонад оиди ин ходиса маълумоти дакики бидихад, пас ман бо камоли эхтиром нисбати мархум маколае омода месозам.

  1. Дальнобойщик

    А где можно про это информацию найти? Что-то нив газетах, ни по ТВ я ничего про это убийство не читал. Может он был боевиком?

  2. Бепарво

    Вай мардак аз оппозитсия буд. Маънои гап хамин. Оппозистия ба ягон каса кораш не. На ООН, на ОБСЕ, на сафоратхо — ягон кас гап намезанад. Агар ягон нафари хукумата мукуштан, овоза то осмон мебардоштан. Оппозитсия бошад, хама хап.

  3. Як наҳзатӣ

    Сиёвуш, Бишкек.

    МАРСИЯИ САБЗ

    (дар шаҳодати Сабзалӣ Мамадризоев)

    Ту, эй нишонаи деринаҳои Миҳани ман!

    Ту, эй баҳонаи охир барои будани ман!

    Ба дур бод нафасҳои сарду шуми хазон

    Зи хоки поки ту Наврӯзгоҳу гулшани ман!

    Ту нури поку сапедӣ, ки Эзадаш афрухт,

    Дар ин тарокуми зулмат умеди рушани ман!

    Тамоми умр ба ёди ту ман панаҳ бурдам,

    Дар ин таҳоҷуми зиллат наҷоту ҷавшани ман!

    Агар мабоди ба дунё, мабод ин тани ман!*

    Узум ту живч,* Бадахшон!

    Узум ту живч, Ватан!

    Бубин, рафиқ! Чи сон интизор мешиканад.

    Ғурури қомати ин кӯҳсор мешиканад.

    Биё ба базми хазонрези ин диёру бубин,

    Чи гуна дар чамани ман баҳор мешиканад.

    Хазони сурхи сияҳмастро бубин, ки чи сон

    Ба хуни сабзи гулистон хумор мешиканад.

    Чи гуна шаб ба сари шаҳр мекашад доман

    Ва рӯзу рӯзаву худ рӯзгор мешиканад.

    Ба фитна халқ чи сон пора мешавад аз ҳам

    Ба зери теғи табар ин табор мешиканад.

    Ба рағми ин ҳама сӯзу кушу ситону шикан,

    Бимон ҳамеша, Бадахшон,

    Бимон ҳамеша Ватан!

    Аз ин ҷах,они пур аз шӯру шайтанат фарёд,

    Ки боз бар сари ту фитна мекунад эҷод.

    Ҷаҳону кори ҷаҳону низоми дори ҷаҳон

    Надонам, оҳ ки бунёдаш аз ситам биниҳод?!

    Ҳанӯз сер нагашта зи хуни мардуми ман,

    Ҳанӯз хун талабад ин низоми хунбунёд!

    Диёри ман зи Худо интизори меҳмон дошт,

    На интизори камондору қотилу ҷаллод.

    Ба модарат қасамат медиҳам, бародари ман –

    Мабод боз Таҳамтан фитад ба чоҳи Шагод!*

    Мабод боз Ватанро ба хоку хун бикашем,

    Гарон расида чунин ганҷро диҳем ба бод.

    Зи кӯдакон биситонем умеди фардоро,

    Паёмҳои ниёконамон барем зи ёд.

    Худо паноҳ диҳад! Ин ҳама «мабод» – мабод!

    Агар мабоди ба дунё, мабод ин тани ман,

    Бизӣ ануша,* Бадахшон!

    Бизӣ ануша, Ватан!

    Ба нуру нор, ба хуршеду моҳтоб қасам,

    Ба осмону ситора, бо хоку об қасам,

    Ба он Худо, ки чу аз бандагон саволу суол

    Ба даргаҳаш бирасад, медиҳад ҷавоб, қасам,

    Ба ашку оҳи ҷигарсӯзи модару хоҳар

    Ба фикру зикри ғамангези шайху шоб қасам,

    Ба рӯзадории лабҳои ташнаи мардум

    Ки ҳар дуо, ки кунад, ҳаст мустаҷоб, қасам,

    Умеди раҳм набояд зи ину он ҷониб,

    Ба ҷуз Худо, ки ба он олӣ, он ҷаноб қасам

    «Ба ҷои таъна агар теғ мезанад душман»*

    Узум ту живч, Бадахшон!

    Узум ту живч, Ватан!

    Ба иқтидо, ба таваккул, ба иҷтиҳод қасам,

    Ба хотира, ба танаффус, ба ҷон, ба ёд қасам.

    Ба чӯби дори Масеҳо ки нардбон шуду ӯ,

    Ба суйи Дӯст ба афлок по ниҳод, қасам,

    Ба оташе, ки гулистони роз гашту Халил

    Чу сарви сабз дар он боғ истод, қасам.

    Ба сангҳои шикаста сари ҷаноби Расул,

    Ки қатра-қатраи хунаш шукуфа дод, қасам.

    Ба теғи Мулҷаму хуни Алии Шери Худо,

    Ки роҳу расми Шаҳодат бино ниҳод қасам –

    Ҳанӯз расми хиёнат нагашта аст куҳан

    Чи сон бурун барамат ман аз ин қазо, Меҳан?!

    Худо паноҳ, Бадахшон!

    Худо паноҳ, Ватан!

    ***

    Чи ҷабрҳо, ки ту Меҳан, кашиди аз ману мо

    Садоқати писарона чи дидӣ аз ману мо?!

    Чи модарона нигаҳ басти аз хиёнату ғадр

    Ба рағми он чи ки буд, кай буридӣ аз ману мо.

    Веродаро!* Зи варои дари бубастаи меҳр

    Бугӯ-нагӯи зиёде шунидӣ аз ману мо.

    Ба доми бофта аз риштаи гусастаи меҳр

    Тапидӣ, таҳлака дидӣ, буридӣ аз ману мо.

    Чунон зи селаи гургони масти ташнаи хун

    Ба мисли оҳуи кӯҳи рамидӣ аз ману мо.

    Туро ба хиҷлати қотил ҳамедиҳем қасам

    Ва бар шаҳомати он Карбалои карбу бало

    Ба хуни поки туву обрӯйи мо… Зинҳор!

    Кунун, ки меравӣ аз пеши мо ба пеши Худо,

    Ба Ӯ нагӯйӣ аз он чи дар ин Ватан дидӣ,

    Ба Ӯ нагӯйӣ аз он чи, ки дидӣ аз ману мо…

    Ба мо бубахш, Бадахшон,

    Ба мо бубахш, Ватан!

    Маро бубахш…Ватан…

    _____________________________________

  4. Мустафо

    Я думаю, что если бы этого человека действительно так убили, то памирцы не молчали бы. Здесь что-то другое должно быть. А где можно увидеть видео, о котором вы говорите?

    1. Ватандуст

      Молчали только власти и СМИ. Зайдите на сайт ПИВТ, забейте имя человека в яндекс-поиске — увидите, что преступление это действительно имело место быть. Но я вот тоже не могу понять, почему наши отечественные борцы за права человека и иностранные организации (ООН, ОБСЕ, посольства США и Великой Британии) молчат…

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *