Чаҳор бозии аввали Лигаи чемпионҳо (плей-офф)

 


 

Чаҳор бозӣ, ҳашт тақдир, нӯҳ гол, ки аз онҳо ягонтоаш дар ҳисоби соҳибмайдон намебошад. Чи тавре ки сомонаи «Soccer.ru” қайд менамояд, ин бозиҳо бо муқобилияти баробари моро шод карда натавонистад, локин ҳамаи меҳмонон хушҳоланд 😉

 

Дар Манчестер ҳамагон рақобати нимфиналиро интизор буданд, вале ин тавр нашуд. Дар Леверкузини Олмон бошад пешгӯиҳои бадтарин барои дастаи “Байер” ва беҳтарин барои дастаи “ПСЖ” ҷомаи амал пӯшид.  Дар Лондон бошад дар муддати кӯтоҳ бошад ҳам бози барои соҳибмайдонон   хуб рафт ва дар Милан бошад пешгӯиҳо ғалат баромаданд. Як лаҳзаи дигар аст, ки ҳамаи муборизаҳоро навобаста аз макони баргузоршавӣ алоқаманд мегардонд, ин ҳам бошад дастаҳо қисмати аввалаи  плей оффро бозидаанду соҳибмайдонон ягон голе ба дарбозаи меҳмонон назадаанд.

Шахсоне ки бо гузоштани “ставка” машғуланд ҳатто фикр ҳам оиди бохти ҳамаи соҳибмайдонон надоштанд. Ба рости бисёриҳо бовари доштанд, ки “Манчестер Сити” ба Каталониҳо рақобати хуб нишон медиҳанд. Агар Шумо оиди беҳтарии Барселона бовари дошта бошед ин албатта Шуморо ба ҳайрат нахоҳад афтод.

Ҳамин тавр гашт, ки ҳамаи “пешсафони қоғази” дар меҳмони бозӣ доштанд. Вале тарафдорони Арсеналу Манчестер Сити ва Милан фикр ҳам надоштанд, 

ки дастаи онҳо дар майдони худ чунин бохт мекунанд. Дастаи Байёр бошад аз оғоз маълум буд, ки аз ҳама даста сустарини ин бозиҳост ва мутахссисон низ қайд менамояд ки даста банохост ба ин қисмати бози роҳ ёфтааст. Ҳангоми бози бо дастаи ПСЖ ин ҳолат маълум буд, ки бози тамоман дар як дарвоза мерафт ва ногуфта намонам ки тубе ки Златан Иброгимович ба дарвоза зад ин чунин менамуд, ки бо суръати 100 км дар соат ба дарвоза даромада бошад.

Аз байни ин чор бозие ки баргузор гашт ҳама рақобати Арсенал ва Баварияро интизор будан ва дастаи чемпиони Лигаи чемпионҳо беҳтарин даста буданашро тасдиқ намуд, вале мураббии дастаи Арсенал Арсен Венгер қайд намуд, ки бохти онҳо бо сабаби корти сурх гирифтани дарбозабони ин даста гашт, ки довар ғалат кардааст. Ӯ боз қайд намуд ки агар ин корт намебуд ҳисоб тамоман дигар рангро мегирифт. Локин мутахассисон қайд менамояд, ки ин корт дуруст дода шудааст. Худ дастаи Лондонӣ мисли соли гузашта набуда бо омадани Месут Озил бисёртар руй ба тарафи бурд ниҳодааст, локин дар Лигаи Чемпионҳо  бо рақиби пурзур ру ба ру гаштааст, танҳо бозии дуюмро интизори мекашем, ки ин рақобат дар майдони Бавария баҳори омадаистода баргузор хоҳад ёфт.


 

 

1 Kомментарий

  1. Эххх дастаи дустдоштаи ман Арсенал маглуб шуд. Муваффакият аз даст рафт. Чи хеле ки мегуянд «Бахт ба руи пуркувватон механдад».
    Хай ба мисли согли гузашта, ки дар Алянс Арена бо хисоби 2-0 Баварияро шикаст дода будем, бори дигар кувваи худро нишон медихем!

Напишите свой комментарий