Чӣ тавр худро аз хизматрасониҳои пастсифат эмин дошт

Дар он ҷое, ки бозор ҳаст доду гирифт ҳаст, ки бар ивази маблағ мо ягон мол харидорӣ менамоем ё хизматрасониро фармоиш медиҳем. Мутаассифона на ҳама хизматрасониҳо босифат расонида мешавад, зеро иҷрокунандаҳои хизматрасониҳо дар аввал дигар ваъдаҳо медиҳанд, аммо баъдан шоҳиди он мешавем, ки ваъдаҳои худро иҷро намекунанд ё  қисман иҷро мекунанд. Барои бартараф кардани чунин ҳолатҳо хуб мешуд, ки ба ширкатҳое хизматрасонӣ фармудан, ки хизматрасониҳои худро дар асоси шартнома пешниҳод менамоянд, дар чунин ҳолатҳо низ ҳушёр будан мебояд ва вақтро барои хондани шартнома дареғ надоштан, то ин ки шартҳои шартнома ба манфиати ҳар ду тараф бошад. Агар иҷрокунандаи фармоиш дар асоси шартнома хизматрасониҳои худро пешниҳод нанамояд, пас дилхоҳ шахс метавонад худ шартномаро пешниҳод намояд, ки дар он намуди хизматрасонӣ, сифати кор, мӯҳлати иҷрои хизматрасониҳо, маблағи хизматрасонӣ, тартиби пардохти маблағ ва дигар шартҳо муайян карда шудаанд. Пас аз баимзорасии чунин шартнома агар ягон шарти шартнома аз тарафи иҷрокунанда вайрон карда шавад, шумо метавонед бо он шартнома ба ТҶ «Иттифоқи истеъмолкунандагон» муроҷиат намоед, то ин ки агар лозим бошад маблағи ба хизматрасониҳои пастсифат сарф кардаатонро иҷрокунанда баргардонад. Агар ба розигии тарафайн омадан нашавад, сипас ин масъаларо дар суд ҳал кардан мешавад, зеро шумо дар даст шартнома доред, ки дар он ҳама шартҳое, ки бояд иҷро шаванд гуфта шудааст. Ба саволи «Аз куҷо шартномаро ёфтан мешавад?» якчанд посух ҳаст: шартномаҳои тайёрро шумо метавонед аз ҳуқуқшиносҳо дастрас намоед, аз интернет ҷустуҷӯ намоед ё худ тартиб диҳед. Ҳатман шартномаҳоро дар ду нусха омода намоед – як нусха барои худатон ва дуюм нусха ба иҷрокунанда.

Варианти истифодаи шартнома душворӣ намояд агар, сипас метавонед бо роҳи осон ва қулайтар худро аз хизматрасониҳои пастсифат эмин доред ва ин роҳ гирифтани забонхат аст. Нисбат ба шартнома забонхатро пешакӣ тартиб додан ҳочат нест, аммо он бояд ба таври хаттӣ аз тарафи шахси забонхатдиҳанда навишта шавад, ба ғайр аз насаб, ном, номи падар инчунин беҳтар аст, ки иҷрокунанда боз суроғаи зист, силсила ва рақами шиносномаро қайд намояд.

Ҳоҷати истифода бурдани шартнома ва забонхатҳо нест гуфта шуморед ҳам, пеш аз фармоиш ё пардохти маблағи хизматрасонӣ танҳо пешниҳод намоед ба иҷрокунандаи потенсиалӣ, агар иҷрокунанда ба сифати хизматрасонии пешниҳодшаванда боварӣ дошта бошад ба пешниҳоди хизматрасонӣ дар асосӣ шартнома ё забонхат розӣ шудан метавонад, аммо агар розӣ нашавад дар хотир доред, ки аз эҳтимоли зиёд аст, ки чунин иҷрокунандаҳо хизматрасонии босифатро пешниҳод кардан наметавонанд.

Ба ҳуқуқҳои худ бетараф набошед.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *