БОНКИ НАЙРАНГБОЗ ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ…

 


Бонки дуруѓини муфлискунандаи «ќирѓизї» дар Санкт-Петербург


Рўзе як дустам аз ман хоњиш кард, ки агар нафаре аз бонки ќирѓизњо занг зада ному насаби уро аз ман пурсон шавнад, ман гуям, ки Заринаро ба хубї мешиносам ва кафолат медињам, ки ў ќарзи гирифтаашро сари ваќт бармегардонад».Ин хоњиши Зарина маро ба њайрат овард. Њайрон пурсидам:


-Чї гуна  бонк? Дар мулки рус магар бе шањрвандї аз бонк ба муњољирон ќарз медодаанд, боз бе гарав?


-Оре, бе гарав.


-Аљабо, инаш шубњанок мебошад.


-Бовар накунї, ана  ба ин раќам занг бизан.


Ман раќами телефонии менеджери бонк Лайлоро чиндам. Ин духтарак ба ман хуш посух дода гуфт, ки агар шарту шароити ќарздињиро фањмидан хоњам, ба бонк равам. Нишониашон дар шашум ошёнаи Апраскин Двор буд. Кофта-кофта ба нишонии гуфтагиашон рафтам. Бонки ќирѓизии ќарздињандаи «Мол Булак Ру» дар љумњурии Ќирѓизистон низ фаъолият мекардааст. Фоизи бонкї хеле зиёд мебошад. Он аз пули гирифташуда дар як сол аз 24 то 72 фоизро ташкил медињад.


Духтараки менеджер њалимона ба ман табассумкунон гуфт:


-Бори дигар хуш омадед, ба коргоњи мо. Шарти аввали мо ин аст, ки ќарзгирандањо бояд аз 4 нафар иборат бошанд. Мо ба як шахси танњо ќарз дода наметавонем. Дуввум шарт ин аст, ки  дар сурати надодани фоизи яке дигар нафарон ќарзи уро мепардозанд. Ин чор нафар метавонанд, ки њар яке 40000 рублї ќарз бигиранд. Ин 6 просент дар як моњ мешавад. Дар солона 72 фоизи ќарзи мегирифтагиашон њисоб мегардад. Яъне ки нафари 40000рубл ќарз гирифтагї бояд 70000 рубл бо фоизаш ба бонки мо баргардонад.


-Агар ин чор нафар имкони бозгашти ќарзро надошта бошанд, онгањ чї чора мебинед?


-Дар бонки мо гурўњи махсуси хадамоти бехатарї-амниятї фаъолият мекунанд, ки  њангоми саркашї ва фирор кардани мизољон  чорањои фаврї меандешанд. Охир мо пеш аз ќарз додан бо се нафар шиносони ќарзгиранда њамсуњбат мешавем телефонї, сипас кормандони мо аз руйхати уфмс рафта нишонї, ному насаби њаќиќии муњољиронро меёбанд. Ќарздињии мо то шаш   зина аст. Агар ин чор нафар аз зинаи аввал ба хубї бароянд. Пас дар зинаи дуввуму саввум  ба ин чор нафар то 100000 рублї ќарз дода мешавад, аммо бо фоизи боз њам баландтар.


Мизољони мо асосан аз љумњурињои Узбекистон, Тољикистон, Ќирѓизистон мебошанд.  Одамон худашон кофта-кофта ба офиси мо меоянд.


Дар њаќиќат дар долони ин бонк ман зиёда аз 100 нафар муњољиронро мушоњида намудам. Ваќтро муносиб шуморида бо чанд нафар њамсуњбат шудам.


-Ман Сафарова Нозия. Сокини ноњияи Ёвон. Зиёда аз се сол аст, ки дар шањри Питер ба њайси ошпаз кор мекунам дар тарабхонаи озарињо. Аммо баъди ихтисор шудани коргарон бекор мондам. Акнун мо чор нафар маслињат карда ќарз гирифтанием. Яке ба хотири ман 40000 рубро мегираду гашта ба ман медињад. Љамъулљам ман 80000 ќарз мегирам. Барои хонаи  иљора гирифтан.


-Аз ин ба шумо чї фоида?


-Ман хонаи чорњуљрагї мегирам. Дар ин чор утоќ зиёда аз 18 нафар муњољиронро ба иљора мегирам. Нархи хонаи иљора ба њар нафар 3000 рублї мешавад. Аслан нархи хонаи иљора худ дар як моњ 30000 рубли русї аст. Ман барои фирмаи миёнарав бояд 40000 рубли дигар њамчун гарав бидињам.  Барои њамин ин ќадар ќарз гирифта истодам. Њоло дар Русия ќисми зиёди занњои муњољир бо њамин роњ пул кор карда зиндагї мекунанд. Њам ба худам хонаи иљора бепул меафтаду њам аз њисоби муњољирон ба ман ќариб 500 доллар фоида мемонад.


Ў ќаноатмандона ба даруни утоќи менеджер даромад.


Дигари ќарзгиранда Мањмад Сангов чунин наќл кард:


-Ман дар бозори Апрачка маѓоза иљора  гирифтаниам. Барои њамин таъљилї ќарз  гирифтаниам. Мисли худам боз чор нафар њамин хел эњтиёљмандонро ёфта ба бонк овардам. Охир дар шањри Питер ин ягона бонке мебошад, ки  бе гарав, бе шањрвандї ба муњољирони мењнатї , њарчанд бо фоизи баланд њам бошад, ќарз медињанд.


Аз бонк баромада ба назди муњољири шиносе рафтам, ки ба наздикї бародараш худро дар хонаи иљорааш овехта буд. Аз руйи  овозањо ин љавон аз њамин бонк ќарз гирифта  баргардонида натавонистаст. Сабаби худкушии у мањз ќарзи бонкї буд. Бародараш зодаи шањри Самарќанд наќл кард, ки додараш пеш аз маргаш нома навишта гуфта буд, ки сабаби худкушии  ў  ќарз аз бонк мебошад.


-Аммо ман номаи уро сузонидам. Чункї тарсидам, ки баъди дарёфти ин нома маро њам ба бонк фарёд карда ќарзи додарамро мепурсанд. Дар ягон дунё ќонуне нсет, ки бо сабаби худкушии кассе бонкро ба суд кашида бошанд. Барои њамин љасади додарамро боа зобе ќарз карда ба ватан интиќол додам ва худам акнун пул кор карда истодам. Медонед, аз руйи шунидам мисли додари ман ќурбониёни ќарзи бонки ќирѓизњо зиёданд. Аммо…


Дар њаќиќат ман њам ба худ суол додам:


1.     Чаро ин бонк фаќат ба муњољирони мењнатї ќарз медињад?


2.     Чаро бе гарав? (инаш шубњанок)


3.     Чаро шањрвандони муќимии   Питер тамоман ба ин бонк наздик намешаванд?


Њатто ќарзгирандагон ба ин чоњи бетаг оилавї фуру рафта истодаанд. 


Магар муњољират, ки имрўз сабаби људоии волидайн аз фарзанд, дурии   зан аз шавњар гардидааст, басанда нест, ки боз чунин бонки «найрангбоз» ба  њаёти онњо  рахна мезанад. 


ШАЊЛОИ НАЉМИДДИН, Журналист.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *