“БЛЕНТУЗА ДАРГИРОН”

 Имрузҳо яке аз суханҳое, ки вирди забони акаи Муллошо аст ин “блентузата даргирон” ва “блентузама даргирондам” шудааст.
Гап дар сари он ки ҳафтаи гузашта у аз дуздбачаҳо бо нархи арзон телефони дастии замонавии навъи Андроид бо ниминарх харидорй кард.
Акаи Муллошо аз хурсандиаш зуд ба Точикистон занг зада бо писарчаи мактабхонаш дар бораи телефон накл мекард:
  – Ана дидй, бароят телефоне харидам, ки ягон чураат надорад. Хамагй се тугмача дорад. Ба экранаш ангушт расонй, мефаҳмад…
Мусо дар ҳоле, садои телевизорро паст мекард, то ба суҳбати Муллошо халал нарасонад, илова кард:
 – Экранаш сенсорний гуед, у аз шумо ҳам хуб худаш мефаҳмад..
Акаи Муллошо: – Ха, экранаш серсорни будааст. Блентуз дорад. Хайрият ҳамин Мусо будааст, ки интараф-онтараф корфармоияшро ба ман омухт. Аа? Ха. Ягон нафар Точикистон равад бо дасти у мефиристам.
Аа? Не. Метарсам ҳамроҳам ба куча гирам. Боз милисаҳо кашида нагиранд…

  Хар нафаре, ки ба хонаи онҳо меҳмон мешуд, акаи Муллошо аввал аз блутуз ва таронаҳову клипҳои телефони у мепурсид.
Дируз Мусо телефони Муллошоро хубтар аз назар гузаронда, гуфт ки ин телефон барои истифода аз интернет хеле хуб будааст. Акаи Муллошо дарҳол хоҳиш намуд, ки телефони уро бо интернет пайваст намояд.
   Мусо пас аз соате телефонро ба Муллошо баргардонида, фаҳмонд:
  – Ана, ба инчо медароед, сипас ба инчо ва баъд Операминй-ро интихоб карда пахш менамоед. Торнамоҳои (сайт) зарурии точикиро дар замимаҳо (закладки) сабт намудаам. Ана онҳо.  Инаш торнамои хабархои нав, ин дар бораи ислому мусулмонй. Хуллас инҳо хамааш торнигору (блог) торнамоҳои (сайт)точикй..
Акаи Муллошо баҳузуртар качпаҳлу карда, бо як дасташ телефонро дошта бо ангушти ишоратии дасти дигараш боэҳтиёт ба экран мерасонд ва сари чанд вакт бо домонаш экранро пок карда пасу пеши телефонро пуф-пуф мекард. Ангуштҳои калони аз кори сохтмон пустрафтаи у гоҳо ба экран ночой нишаста дигар тугмаҳоро пахш мекард. Дарҳол бо суоли “Ин чо кард?”-гуён ба Мусо мурочиат мекард.
Ним соат ҳам нагузашта акаи Муллошо гуфт: – Ээ, Мусочон, ин чй забон аст? Ё ман точик нестам, ё интернет точикй нест. Ин чи калимаҳо? Намефаҳмам..
— Чиро? Кучояшро нафаҳмидед? – пурсон шуд Мусо.
Муллошо бо ангушти ишоратиаш тори сари бемуяшро хорида:
 – Ту пурс, ки кучояшро фаҳмидам? Э ман ба президентҳову лётчикҳо чи кор дорам? Барои ман ҳамин корфармо пуламро диҳаду ман ба хона фиристам бас. Э, нашуд ин интернети ту. Чудо карда парто боз пул назанад. Аз ҳамон блентуз намонам. – гуфта телефонро ба Мусо дод.
 Баҳузуртар сар ба болин ниҳоду башафти хона нигарист ва оҳи сард кашида илова кард:
-Эх, имруз ягон одами блентуздор наомад…

1 Kомментарий

  1. Ранге. Ки. Сарат бехуда кал нашудаст акаи. Муллошо. Ба интернет дил мабанб ба чуз сарсони и убыл драгаценного времени дигар чизе нест

Напишите свой комментарий