Normal
0
false

false
false
false

RU
X-NONE
X-NONE

MicrosoftInternetExplorer4

Ба фоҳишаҳо кор пешниҳод шуд, аммо онҳо напазируфтанд

Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон ба фоҳишаҳо кор пешниҳод кардааст, аммо аксари онҳо ин пешниҳодро рад кардаанд.

http://gdb.rferl.org/1126950D-32AC-4337-B6DE-0BC1FA4F5C8A_w640_r1_s.jpg

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи занон онҳо ба ин занони фоҳиша, ки дар натиҷаи рейди мақомоти қудратӣ боздошт шудаанд, корҳое, дар ширкатҳои пухту паз, тамизкорӣ ва дар маҷмӯъ корҳое, ки ниёз ба диплом надоранд, пешниҳод кардаанд, аммо ин занон розӣ нашуданд.
 
Маҳбуба Азимова, сармутахассиси ш
ӯъбаи ташкили-ҳуқуқӣ ва иттилоотии Кумитаи занон ба радиои Озодӣ гуфт, ки феълан онҳо миёнаи ҳамаи табақаҳои ҷомеа чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро шурӯъ кардаанд ва онҳо талош доранд, то бадахлоқӣ миёни занон коҳиш ёбад: «Инчунин коҳиши азҳампошии оилаҳои ҷавон, шомил нашудани занон ба гурӯҳҳои тундрав ва коҳиши худкушиву хушунати оилавӣ аз тарғиботҳои ҷиддӣ ба шумор меравад.»
 
Масъулони кумитаи занони То
ҷикистон мутмаинанд, ки бо чунин ташвиқот имкон дорад, бадахлоқӣ миёни занон коҳиш ёбад. Маҳбуба Азимова мегӯяд, ки ба фоҳишагӣ даст задании занҳои тоҷик омилҳои гуногун дорад ва наметавон гуфт, ки ҳамаи онҳоро паст будани сатҳи зиндагӣ ба ин роҳ бурдааст. Хонум Азимова барои дасдиқи гуфтаҳояш рад кардани пешниҳоди корро аз тарафи бархе чуниy занҳо мисол меорад.
 
Ин нигаронии масъулони Rумитаи кор бо занони То
ҷикисотн дар ҳолест, ки мақомоти корҳои дохилӣ ду ҳафтаи охир амалиётҳои вижаеро барои боздошти фоҳиша ва даллаҳо ба роҳ мондааст. Аз ҷумла зимни як чунин рейд вазорати короҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи гузашта корманди осоишгоҳи “Ситора”, воқеъ дар ноҳияи Варзобро дастгир карданд, ки дар ин осоишгоҳ бозори танфурӯшонро ташкил додааст.
 
Дафтари матуботи ВКД р
ӯзи 18-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт,  ки кормандони вазорати корҳои дохилӣ 17 июн ходими осоишгоҳи «Ситора»-ро,  ки аз вай «Қ.А» ном бурда мешавад боздошт кардаанд. Ходими ин соишгоҳ дар ивази 150 сомонӣ 5 зани ҷавон аз ноҳияи Ёвонро барои танфурушӣ ба инҷо ҷалб кардааст.
 
Боздошти фоҳиша дар ҳолест, ки чанд р
ӯз пеш Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти беш аз  500 фоҳиша ва даллаҳо дар сешабонарӯз хабар дод, ки чанде аз онҳоро ҷарима кардаанд.
 
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила р
ӯзи 12-уми июн хабар дода буд, ки бахшҳои умури дохила дар шаҳру навоҳӣ тайи се шабонарӯзи гузашта 505 фоҳиша ва 3 гомосексуалистро боздошт кардаанд.
 
Ба иттилои ин манбаъ, аз
ҷумла аз 26 нафар танфурӯшҳо ба маблағи 3600 сомонӣҷарима ситонида шуда ва барои амалҳои гомосексуалистӣ 3 нафар, барои даллагӣ 39 нафар, барои нигоҳдории фоҳишахона 10 нафар, барои паҳн намудани маводи порнографӣ 1 нафар боздошт шуда аз онҳо сурат, изи даст гирифта шудааст ва дар ташхиси тиббии беморхонаи касалиҳои пуст санҷида шудаанд. Дар миёни ин фоҳиша беш аз 400 нафарашон бемор будаанд.
 
Нигаронии мақомот аз зиёд шудани фоҳишаҳо дар ҳолест, ки соли гузашта танҳо беш аз 1641 занро бо гумони фоҳишаг
ӣ боздошт кардаанд. Бо вуҷуди нигарониву зиёд шудан фоҳишаҳо, тибқи қавонини Тоҷикистон чунин фоҳиша бо пардохти ҷарима озод мешавад. Танҳо барои ташкилу хизматрасонии фоҳишахонаҳо, ҷазоҳои сахттаре пешбинӣ шудааст.
 
Ҳарчанд то кунун сабабҳои аслии даст задании бархе аз занони то
ҷик ба фоҳишагиро дақиқ нагуфтаанд ва ҳам пажуҳише дар ин росто анҷом нашудааст, аммо аксаран то кунун ба сӯйи вазъи нохуби иқтисодии онҳо ишора мекарданд.
 
ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ Р
ӮЗ НАШР МЕШАВА