Биёед дигар пора надихем

 

(аз нақли як рафиқам)

       Ниҳоят пас аз як соли танаффус имрӯз дар Донишгоҳ имтиҳони давлатиро супордам. Ба имтиҳон омода набудам. Нақша доштам, ки пора дода ягон сеи покаҷ мегирам. Саҳарӣ дар кисаи чапам як коғаз бо акси Исмоили Сомонӣ (яъне сад сомона) гузошта, бетайёрӣ ба имтиҳонсупорӣ рафтам. То оғоз шудани имтиҳон дақиқаҳо монда буданд. Синф ороста ва барои гузаронидани имтиҳон омода буд. Яке аз ёрдамчиёни комиссияи имтиҳонгирӣ донишҷӯҳоро як-як даъват карда «ставка»-ро мегуфт ва маблағ ҷамъ мекард. Навбат ба ман расид.

 

    «Чӣ кор мекунед? Ҳаққи муаллимҳоро медиҳед?» пурсид аз ман ёрдамчӣ.

«Чанд пул мехоҳанд?» ба савол савол додам.

«Яксаду панҷоҳ сомонӣ барои баҳои се ва бист сомонӣ барои ташкиливу дигар хароҷотҳо. Хамагӣ яксаду ҳафтод сомонӣ мешавад.»

 

     Бо шунидани ин сумма бо худ афсӯс хурдам, ки аз хона пул кам гирифтаам. Ва ба ёрдамчӣ гуфтам, ки бо дониши худ месупорам. Ёрдамчӣ боз маро руҳбаланд ҳам кард, ки «Ихтиёратон. Аслан мушкил нест ва саволҳо аз ҳамон дарсҳои гузаштаанд. Муҳимаш бештар гап задан даркор. Интавр бошад танҳо бист сомонӣ — пули ташкилиро диҳед шуд.»

 

    Ба ёрдамчӣ бист сомонӣ додаму ба имтиҳон даромадам. Ҳама донишҷӯён билет гирифтем ва ба ҷойҳои худ нишастем. Яке аз аъзоҳои комиссия  барои ҳар як донишҷӯ варақҳое дод, ки дар он посухҳои билеташон оварда шудаанд. Ва инҷо дидам, ки танҳо ман будаам поранадода. Ҳамагон ончӣ дар коғаз буд рӯйбардор мекарданд. Ин ҳолат фазои имтиҳони давлатиро ки воҳиманок метофт ба фазои як санҷишчаи мактаби миёна монанд кард.

 

     Соли гузашта, ки дар Русия будам ба имтиҳони давлатӣ омада натавонистам ва аз ҳамонҷо ба роҳбарамон пешниҳод кардам, то барои баҳои имтиҳон 300 доллар фиристам. Аммо ӯ рад кард, ки бе будани худат ин кор ғайриимкон ҳаст. То як андоза хурсанд ҳам шуда будам, ки ниҳоят дар Ватанам тартибот ҷорӣ шуда истодааст.

 

      Қисса кӯтоҳ аъзои комиссия ҷавоби маро сазовори баҳои чор донистанд. Ҳатто раиси комиссия хандида ишора кард, ки ман ягона нафаре будаам имрӯз «честный» имтиҳон супордам.

 

     Хонандаи азиз, ин навиштор ҳаргиз ба маънои худтаърифкунӣ набуд, балки даъват аз донишомӯзон аст, ки камтарак хонанд. Ман аз ду суоли он билет ба ягонтоаш онқадар ҷавоби пурра надодам. Шаф-шаф гуфта атрофи дигар мавзӯҳои медонистаам чарх зада, гоҳ аз ток мегуфтаму гоҳ аз бед. Фикр кардам, ки ҷавобам барои баҳои се месазад, аммо муаллимон ба ман чор монданд. Ман бо 270 сомонӣ баҳои серо нахаридам ва бепора баҳои чор гирифтам.

 

    Яъне гуфтаниам, ки мешудааст! Бо дониш таҳсил кардан ҳам мешудааст. Агар каме дарсҳоро хонда бо тайёрӣ меомадам, шояд панҷ ҳам мегузоштанд.

Донишҷӯҳои азиз, пас чаро пора медиҳем? Чаро каме худро машаққат дода намехонем, мутолиа намекунем?  Фардо аз мо чи гуна мутахасис мебарояд? Чаро ризқи худро бо ду дасти адаб бароварда медиҳем? Порадиҳиро на танҳо қонун, балки дини Исломи азиз манъ кардааст. Чаро кӯшиш намекунем, ки ҳақиқату адолат пойдор бошад? Аз даҳон оташ мепаронем, ки ин Вазорати маориф ва ин ҳукумат ба фасод ғутидааст. Аз ин бармеояд, ки мо худ гунаҳкорем. Худамон фасодро дар ҷомеа равнақ медиҳем. Мубориза зидди порахӯриро бояд маҳз донишҷӯён ва аз Донишгоҳу Омӯзишгоҳҳо оғоз кунанд. Чунки ин одати бад ба мо мечаспаду минбаъд ба ҳар идорае, ки корафтода шавем боз ва боз пора хоҳем дод.

1 Kомментарий

Напишите свой комментарий