Бехтарин блоггер — 2014 ки шуд?

Як нафар дусти мо, блоггер то андозае хоксориро пеша кардааст, ки аз ҷоиза гирифтанаш садое барнамеояд. ))))) Ҳарчанд сар мезанам то иттилоот ё хабаре доир ба ин мавзӯъ хонам, вале ягон хабар нест. Ҷоизаи «Беҳтарин блоггер» -ро боварӣ дорам ҳар як блоггер орзу дорад, ки ба он шарафманд гардад. Фикру андешаҳои хонандагон дар бораи номзадҳо низ дар гуруҳи «Блогнависони тоҷик» гуногун буд. Аммо бартарият ба ин садо буданд, ки танҳо ӯ шоистаи ин ҷоиза аст. Банда низ дудаста тарафдор ҳастам ва лоиқ медонам ва фикр дорам ки ҷоизаро воқеан шахси арзанда соҳиб шуд. Ба фикратон у кист? Маҳз навиштаҳои такрор ба такрори ӯ дар мавзӯи «облава» садои ҷавононро то ба болоҳо бурд. Бале ин ғолиби хоксор, беҳтарин блогнависи тоҷик дар соли 2014, муассиси ҳамин торнамо, ки даҳҳо блогнависро паҳлуи ҳам қарор додааст, оне ки ба дили навқаламон илҳоми блогнависиро андохтааст — Рустам Гулов мебошад.Табрик! Ҷаноби Гулов, акнун ки сири ҷоиза гирифтанатонро фош кардам марҳамат карда сирри ба ин ҷоиза расиданро ба дигар блоггерону навқаламон иброз намоед. Чӣ мушкилиҳоро дар ҷодаи блогнависӣ то ин дам паси сар кардед? Кадом нозукиҳои блогнависиро гуфта метавонед? Оё дар дилхоҳ вақт метавонед чизе нависед, ё барои навиштан шароиту имконияту илҳомро мунтазир мешавед? Блогнависиро чун касб медонед, ё шуғл, ё нардбончае суи орзуҳо? Чӣ камбудиеро дар худ дарёфтед (дар соҳаи блогнависӣ)? Сипоси пешакӣ барои посухҳо. Бори дигар Шуморо табрик мегӯям пеш аз ҳама сиҳатмандӣ ва қалами тезу буррою равонро таманно дорам. Комёб бошед!Иқтибос аз Рузгор: http://www.ruzgor.tj/matbuot/10976-ruzi-matbuoti-ozod-nigaroniho-va-umedvoriho.html« Ҳафтаи гузашта рӯзноманигорони тоҷик дар Кохи Ваҳдат ба муносибати бузургдошти «Рӯзи байналмилалии матбуоти озод» бо ибтикори Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Шӯрои ВАО-и ҶТ, Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари САҲА дар ҶТ, Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар ҶТ, Филиали Интернюс Нетуорк дар ҶТ, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ Конференсияи ҷумҳуриявиеро таҳти унвони «Дастовардҳо ва мушкилоти озодии ВАО дар Тоҷикистон» баргузор намуданд. Дар сухани муқаддимавии худ Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ иброз дошт, ки бори аввал «Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод» 3-юми май дар пойтахти Намибия таҷлил гардид ва аз соли 1993 бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид расман 3-май Рӯзи матбуоти озод ва дигарандеш эълон гардидааст. Дар Тоҷикистони азизи мо бошад он аз соли 2001 ба ин сӯ пайваста таҷлил мегардад. Дар хатми конференсия ба як қатор рӯзноманигорон ҷоизаҳои таъсиснамудаи созмонҳои журналистии кишвар дода шуд. Чунончи ифтихорнома ва ҷоизаи «Падидаи сол» аз сӯи созмони «Медиа алянс» ба директории генералии «ТоҷикТА» Ҷамшед Ӯлмасов тақдим гардид. Ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ «Барои касбият»-ро ба хабарнигори хабаргузории Рейтер Роман Кожевников, ҷоизаи ба номи Мазҳабшо Муҳаббатшоев «Барои шуҷоат»-ро ба хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» Ҷамила Мирбозхонова, ҷоизаи «Беҳтарин блоггер»-ро ба рӯзноманигор аз Хуҷанд Рустам Гулов такдим карда шуд…»

4 Комментарии

  1. Табрик бо гирифтани чоизахо. Дар хакикат Шумоён ба мукофотхои худ сазоворед!!!

  2. Ташаккури зиёд барои суханони гарму самими 😀
    Дар хакикат, хеле хурсандам. in sha Allah чанде пас ба тамоми саволхоятон албатта чавоб мегардонам

  3. Аввалан, хеле хурсандам ва шукри Аллоh менамоям, ки ин ҷоиза насиби ман шуд. Он дар ҳақиқат ғайриинтизорӣ буд. Ба тамоми дӯстону бародарону хоҳарони гиромие, ки номзадии маро пешбарӣ намудаанд ва ташкилкунандагони ин озмун ва ин ҷоиза, изҳори сипос менамоям ва ваъда медиҳам, ки ҳаракат менамоям in sha Allah блогнависиро идома дода, ба интизориҳои доштаатон нисбати ман ҷавобгӯ бошам.
    Ба Шумо низ, бародари гиромӣ Кова, барои суханони хуб бори дигар ташаккур мегӯям ва ба ҳаракат менамоям ба саволҳоятон ҷавоб гардонам.
    «Чӣ мушкилиҳоро дар ҷодаи блогнависӣ то ин дам паси сар кардед?»
    — Рости гап ба мушкилиҳо он қадар аҳамият намедиҳам, чунки ҳар чӣ мавҷуд аст ва он паси сар мешавад ҳоҷати хавотиршавӣ надорад. Оид ба он ки чиҳо буд, гуфтан мумкин аст, ки яке аз мушкилиҳои асоситарин ин пешкаши блог ба хонандагон аст, ки бо ин душворӣ ба ин ё он дараҷа тамоми блогнависон во мехӯранд. Маҳз ин сабаби кушода шудани Блогистон гашт, ки дар ин ҷо барои хонандагон дарёфт намудани мақолаҳои блоггерон осонтар аст, назар ба оне, ки агар ин блоггерон дар тамоми платформаҳои дигар дар алоҳидагӣ бошанд. Метавонед ба дигар блогҳое, ки дар Вордпресс, Блогспот Лайвҷорнал ва амсоли инҳо блоггерони тоҷик менависанд ташриф оварда, миқдори мутолиаҳои (просмотр) ин ё он мақолаҳоро дар муддати муайяни вақт бинед ва бо ин нишондиҳандаи Блогистон муқоиса намоед.
    «Кадом нозукиҳои блогнависиро гуфта метавонед?»
    — Барои тамоми блогнависони навқалам дар наздикиҳо як дастурамали хурде омода намудем. Дар он назари хешро оид ба нозукиҳои блогнависӣ изҳор намудем. Айни ҳол он бо забони русӣ дар Блогистон бо ишораи мазкур дастраси ҳамагон аст. Афсӯс вақт кофӣ нест, ки онро ба тоҷикӣ тарҷума намоям. Агар ягон нафар хоҳад, ки онро тарҷума намуда, ба мисоли шакли русиаш дастраси омма намояд, пас хеле шод мегардем.
    «Оё дар дилхоҳ вақт метавонед чизе нависед, ё барои навиштан шароиту имконияту илҳомро мунтазир мешавед?»
    — Аслан гуфтаниҳои зиёде пайдо мешаванд, аммо на ҳамаи онҳоро мегӯям, барои ҳамин интизори мавзӯи ҷолибтаре мегардам. Дар дилхоҳ мавзӯъ ё вақт навиштан мулкиш аст, чунки блоггер, пеш аз ҳама, фикри шахсии худро менависад ва барои ин бояд оид ба мавзӯи менавиштааш ягон тасаввурот дошта бошад, то ки ба ягон хулоса омада, онро дар мақолааш инъикос намояд. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки аксаран дар интизори илҳом ё ин ки ягон ҳодисаи хотирмону дар ҳаёти шаҳру кишвар муҳим мешавам, то ки дар бораи он нависам.
    «Блогнависиро чун касб медонед, ё шуғл, ё нардбончае суи орзуҳо?»
    — Блогнависӣ айни ҳол чун шуғл аст (хобби). Бо он вақти худро хуш менамоям, ҳаракат мекунам, ки пас аз ман ягон чизе монад, ки хизматро баҳри беҳбудии ҷомеа давом диҳад. Оид ба «нардбонча сӯи орзуҳо» низ ба дараҷае розӣ шуда метавонам, чунки блоггингро ман ҳамчун механизми муҳими таъминоти озодии сухан қабул менамоям. Озодии сухан бошад — ин худ як механизми муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки ҳангоми истифодаи дуруст дар пешбурди арзишҳои волои инсонӣ метавонад нақши муҳимро бозад ва блоггинг дар ин ҷараён яке аз нуқтаҳои калидии он шардад. Ҳоло барои блоггинг «Асри тиллоӣ» нарасидааст ва in sha Allah он дар пеш аст ва умед дорам, ки он рӯзҳоро ҳамаи мо низ мебинем.
    «Чӣ камбудиеро дар худ дарёфтед (дар соҳаи блогнависӣ)?»
    — Инсон бе камбудӣ намешавад 🙂 Камбудиҳо хеле зиёданд! Дар соҳаи блоггинг бошад яке аз камбудиҳои асоситарини худро дар он мебинам, ки аз сабабҳои гуногун фаъолиятам оид ба паҳн намудани блогнависи дар миёни насли наврас ба қадри зарурӣ фаъол нест.
    Аммо in sha Allah ҳаракат менамоем, ки дар сари ин ва дигар норасоиҳо кор намуда, блоггингро дар байни ҷавонони кишварамон ва тамоми шахсони хоҳишманд пеш барем ва Блогистонро байрақбардори ин соҳа гардонем.

  4. Рустамчони гиромй, сипоси бепоён барои посуххои комилу пурмаъно. Бо умеди он ки сафи мисли шумо рушанфикру фарохандешон зиёд гардаду Ватан обод! Саломат бошед.

Напишите свой комментарий