Барои аз ёд кардан

 

Салом, дӯстони азиз! Чӣ хеле ки маълум аст ҳоло даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ давом дорад. Ҳамчун шахсе, ки ин хизматро аз сар гузаронидам ба наваскарон ва дӯстоне, ки ба хизмат равонашудаистодаанд якчанд маслиҳат додан мехоҳам. Дар поён матни бархе аз вазифаҳои сарбозон омадаанд, ки ҳангоми аз худ намудани онҳо наваскарон соҳиби эҳтироми бештар мегарданд. Дӯстон, инро аз ёд кунед:

САВГАНДИ ХАРБИ

 

 

Ман, ________________________________________

 

Ба сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон дохил шуда, барои садокат ба халки худ, Сарвари чумхури савганд ёд мекунам ва ботантана касам мехурам:

 

Конуни асоси ва конунхои Чумхурии Точикистонро катъи риоя менамоям, оинномахои харби, амрхои фармондехону сардоронро бечуну чаро ичро мекунам;

 

Сарбози бошараф, боинтизом, далер ва хушёр бошам;

 

Касам мехурам, ки то охири нафас ба халки худ содик бошам, ниру ва хаёти худро дареғ надошта, Ватанро мардонавор ва мохирона мудофиа мекунам, хама душвориву махрумиятхои хизмати харбиро суботкорона паси сар менамоям, сирри давлати ва харбиро катъиян пинхон медорам;

 

Агар ман ин касами тантанавори худро шиканам, бигузор ба чазои сахти конун ва нафрати халк гирифтор шавам.

 

 

ВАЗИФАИ САРБОЗ

 

Сарбоз дар замони осоишта ва чанг барои ичрои дакик ва сарвактии ухдадорихо ва супоришхои ба зиммаи у гузошта шуда инчунин барои холати кори яроки худ техникаи харбии ба у боваркарда дода шуда ва амволи худ чавобгар аст. У ба командири оделения тобеъ аст.

Сарбоз вазифадор асткарзи хешрочун сарбози Куввахои Мусаллах амик дарк кунад;

Вазифахои хизмати харбиро ба тарзи намунави адо намояд ва хамаи он чиро, ки ба у командирон (сардорон) меомузонанд, аз худ кунад;

вазифа, рутбаи харби ва ному насаби сардорони мустакими худро ба шумули командири бригада донад.

 

НАВБАТДОРИ РОТА

 

Навбатдори рота аз чумлаи сержантон ва бо таври мустасно аз чумлаи сарбозон нисбатан омода таъин мешавад. Вай барои ичрои дакик тартиботи руз ва мох коидахои дохили дар рота барои хифзи силох, кутихои дорои мухимоти молу амволи рота, ашёхои сарбозону сержантон ва барои дуруст адо намудани хизмат аз чониби навбатчиён чавобгар аст.

 

рота ба навбатдори полк ва ёвари у бо тибки тартиботи хизмати дохили дар рота ба командири рота ва старшинаи рота итоат мекунад

 

 

 

Навбатдори рота вазифадор аст:

 

— хангоми эълони хатар хайати шахсиро аз хоб бедор карда, хизматчиёни харбиеро, ки хизмати харбиро тибки даъват адо менамоянд, хабардор намуда, то расидани афсарони рота ва ё старшинаи рота нишондодхои навбатдори маркази таълимиро ичро намояд;

 

— ичрои дакики тартиботи рузро дар рота назорат карда, дар вакти муайян шуда аз хоб бедор кардани хайати шахсиро таъмин намояд;

 

— махалли будубоши рота ва тартиби даъвати он, теъдоди одамонро дар рота ва теъдоди одамонеро, ки дар наряди шабонарузи мебошанд, беморон, махбусон (ба хабси пешаки гирифташудагон), аз худуди маркази таълими мураххисшудагон, ашхоси аз худуди маркази таълими берун рафта ва ё дар хайати команда буда, инчунин мавчудият ва теъдоди аники таксимоти силохи таксимшударо донад;

— силохро  танхо бо фармони хаттии командир дихад ва дар ин бора дар китоби додани силоху мухимоти чанги кайд кунад; хангоми кабули силох ракам ва мукаммал будани онро санчад, калидои хонаи нигохдории силохро хама вакт бо худ дошта бошадва ба хеч кас надихад.

давом дорад …

 

Tagged , , .

Блоггер, медиа-тренер и консультант по новым медиа, основатель Блогпортала "Блогистон"

Что вы думаете об этом?