Бахор омади?

Бале, Бахор омад. Паррандахои мухочир бозам тарки макон мекунанд. Яке ба он шохаи кухна, дигаре ба шохаи нав мешинад. Аммо ин шохашини то кай? Охир, рузе шоха мешиканад…..

Ба чехраи махзуни Абдурахмони Хомид менигарам. Маълум ки 5 мохи махбас осоре гузошта. Пас аз бозпурсии навбатии муфаттиш мани тарчумон бурун аз махбаси Крестии Санкт-Петербург мешаваму лаби дарёи Нева меоям. Яхпорахо парешон руи об шино доранд,нафаси гарми бахорро дарё эхсос намуда…..

  Абдурахмон ба хотири дарёфти макоми шахрвандии Русия  захираи пулхои дар сохтумон  ба даст овардаашро ба Диловар ном бачае месупорад. Аммо у пулро мегираду дигар паи асноди Абдурахмон хатулкори мекунад ва Абдурахмон чун хамсараш дар зодгох хомиладор буд ба нияти бозгашт пулро гирифтани мешавад. Аммо Диловар имрузу пагох ваъда медихад, лек дараки пул нест. Ин лахза ба кумаки Абдурахмон дастаи рохзанхои махалли шитофта, бо мошини у субх ба хонаи Диловар шабохун мезананд. Дар натича аз манзили ичора ки даххо мухочирин икомат доштанд, маблаги зарури чамъ карда мешавад, дасту пои чанде аз мухочирон баста боки мемонад ва рохзанхо манзилро тарк мекунанд. Пас аз ду руз мошини Абдурахмонро полис боздошта худи уро ба хабс мегиранд.

Тафтишот идома дорад….

 Ва дилтанг мешавам аз киссахои паррандахои мухочир. Ба андешаям хар амал хадду андоза дорад, мухочират низ. Давоми 5-6 мох кор карди, андаке сармоя ба даст оварди рохи Ватанро пеш гир, вагарна фирефтаи вас-васаи  шайтон шуда, рузе он шохе ки паррандаи мухочир ба он нишастааст, мешиканад….. 

1 Kомментарий

Напишите свой комментарий