Ба ман пенсия не, роҳ даркор!

 

Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Ба чор тарафи Тоҷикистон роҳ кушодед, ағбаҳоро шикоф кардед, аз болои дарёҳо кӯпрукҳо созондед. Дар як баромадатон гуфтед, ки «Ба ҳар тараф роҳ мекушоям, куҷо ки рафтан хоҳад чор тарафаш қибла».

Чӣ мешуд, ки бо президенти Ӯзбекистон забон меёфтеду визаашро мегирифт, бо роҳи ҳамвори дусоатам ҳеҷ набошад тоҷикони Самарқанду Бухоро ба аёдати гузаштагонашон мерафтанд. Аз он ҷумла ман — пенсионеркаи 64 сола қабри қабри падари ветеранамро рафта зиёрат мекардам.

Ман ба мурдаи хоҳарам рафта натавонистам, ягон фарзандамро бурда наметавонам. Аз Хуҷанд виза гирам сари кас 180 сомон доданаш даркор. Виза дар давоми 10 рӯз тайёр мешавад. Охир, касе аз авлодони мо гузарад, нигоҳ дошта намешинанд ку, кай мо виза гирему равем. Тӯй бошад дарди ба хайр — як моҳ пеш хабар диҳанд мешавад.

Пенсияи ман 119 сомон. Оё ман метавонам бо ин пенсия 4-то виза гирам. Ҳол он ки ғайр аз виза боз шиносномаи хориҷӣ бо нархи 162 сомони ба ҳар кас гирифтан даркор.

Пенсияҳо ҳар сол зиёд мешаванд, лекин як моҳ пеш нарху наво баланд мешавад. Аз паси пенсияҳо нархи виза ҳам баланд мешавад. Хизматрасонии коммуналӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Беҳтараш пенсияҳоро зиёд накунед. Мо чӣ хеле ки шиштем дар Тоҷикистон — ҳеҷ куҷо рафта наметавонем — ҳамон хел шиштаем. Илтимос!

Ҳозир ягона хоҳиши ман аз шумо ин аст, ки роҳро ба сӯи Ӯзбекистон кушоед.

Tagged , , .

One Comment

  1. Ман сокини шахри Душанбе ман чандин маротиба ба президенти Чумхурии Точикистон мактуб менависам лекин мактуби ман ба у намерасад ман як ман як зани бо 2 фарзан бародари шавхарам маро аз хона ронд барои хавлии падараш шуда ман 7 сол мешавад, ки ичора мешинам лекин малаги ман ба ичораи хона ва мактаб ва ба савод донани фарзандонам намерасад чи кор кунам намедона чандин маротиба ман ба шахри Руссия равона шудам лекин фарзандонамро ба хонаи кудакон мондан намехохам мехри падарро надидаанд ва мехри модарро хам насибашон нагардонад ин чи дунёи бевафоги аст. Ман як сагера хастам худам мехри падарро надидаам модарам хам касали саратошуда аз олам чашм пушид. агар каме хам ба ман кумак мекардед сохиби хона мешудам илтимос аз Шумо Чаноби Оли Мухтарам Эмомалии Рахмон.

Напишите свой комментарий