БА ИФТИХОРИ 20-УМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӯРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                                          ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Бо пешниҳоди шахсиятҳои бузург Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 1992 дар минтақаи озоди Тоҷикистон, вилояти Ленинобод, шаҳри Хуҷанд, қасри Арбоб, дар хоҷагии ба номи С. Ӯрунхeҷаев даъват карда шуд.
    Дар Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 230 нафар вакилони мавҷуда 197 нафар вакилон иштирок доштанд. Инчунин дар Иҷлосия намояндагони ҳар ду гурeҳ: мухолифин ва сохти конститутсионӣ даъват карда шуданд, то ки байни ин ду нӯрe созишномаи «Оштии миллӣ» оғоз гардад.
    Дар чунин вазъияти ниҳоят мушкил барои Тоҷикистони бесаробон, сарваре лозим буд. Аз ин рӯ, вакилони Шӯрои Олӣ бо фикру мулоҳизаҳои худ чандин нафаро пешниҳод карданд, аз ҷумла дар байни онҳо намояндаи халқ Абдулвоҳид Мирзоев аз ҳавзаи интихоботии №47-и ноҳияи Ҳисор ба сухан баромада, номзадии вакили халқ Эмомалӣ Раҳмонро ба  вазифаи Раиси Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар натиҷаи интихобот аз 197 вакили дар Иҷлосияи мазкур ҳузур дошта, 186 нафари он ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Интихобшавии Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил буд, аммо ӯ бо суханони барномавии худ дар назди вакилон баромад намуда, савганд ёд намуд, ки тамоми қувваи худро ва агар лозим шавад, ҷони худро фидо менамояд, то ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ пурра пойдор гардад.
Ин Иҷлосияи таърихӣ ва барои миллати мо сарнавиштсоз миллату давлатамонро нигоҳ дошта, самти ҳаракати ҷомеаро муайян сохт. Баргузории Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат, иҷлосияи тақдирсоз,  наҷотбахш, инчунин амалӣ ғайриоддӣ ва ҷасурона дар оғози роҳи душвори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллии Тоҷикистон буд. Ва маҳз интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат баҳри пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузошт.                  Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки вакилон дар интихоби Сарвари давлат  хато накарда будаанд, зеро вақте ки он рeзҳоро ёдовар мешавем ва бо ин рeзҳои сулҳу ваҳдат муқоиса мекунем, дигаргуниҳои ниҳоят куллӣ пеши назарамон ҳувайдо мегардад.
    Қасри таърихии Арбоб барои кишвари мо, рамзи ба ҳам омадани миллат, сулҳу ваҳдат якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳофизат кардани муқаддастарини муқаддасамон истиқлолият мебошад.  Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдовар мешавему мебинем, ки то расидан ба ин рукни муқаддас, чи рeзгореро ба сар бурдаем ва чӣ роҳҳои мушкилгузареро тай намудам. Имрeз баъди 20 сол месазад аз ҳамаи онҳое сипосгузор бошем, ки сабабгори даъвати ин Иҷлосия шуданд ва дар кори он ширкат варзиданд.
    Иҷлосияи ХУ1 Шeрои Олӣ барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд. Ин Иҷлосия табаддулоте буд, ки давлати баъди ҳазор сол ташаккул ёфтаву соҳиби истиқлолият шударо нигоҳ дошт.
    Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҳанӯз 20 сол аз ин қабл, нахустин хиштҳои ваҳдат ва суҳу субот бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон гузоштани саҳм дар роҳи сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ мебошад. Танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ мо метавонем сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошта, рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро таъмин намоем. Дар хотир бояд, нигоҳ дошт, ки дар мустаҳкам гардидани сулҳ, кӯшишу иродаи мо ҷавонон низ зарур мебошад.
    Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияе буд, ки оғоз дошту анҷом надошт, зеро ки тамоми дастоварҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламон аз Қарорҳои он сарчашма мегирад. Воқеан ҳам ин Иҷлосия нақши муҳими худро дар ҳаёти мо ва имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузошт. Шояд мо дар асл аҳамияти таърихии ин Иҷлосияро то  он дараҷаи ҳаст надонем. Лекин як чизро бояд қайд намуд, ки маҳз бо шарофати ҳамин Иҷлосия мо ба ин рӯз расидем ва ба ояндаи хеш боварии қавӣ дорем.

Ибодов Ашурмухаммад
донишҷeи курси панчуми факултаи
Ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

Один комментарий

  1. Ришдор

    Эээ воооо. Хамин гапои хукумата шунида, худаток камтар фикр намекунед ми? Ин кадар шонздахум сессияро таъриф накунед!

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *