…аз гузаштаи начандон дур…

Тақрибан ду сол пеш ман худ танҳо телефони мобилӣ доштам, тамғаи он Sony Ericsson Z520i буд. Вақти холӣ бисёр доштам ва барои ҳамин бисёр бози гирифта будаму бозӣ мекардам. Бозиҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ буданд, аммо бо забони тоҷикӣ набуданд. Аз барои он ки бозиҳо бисёр ҳам шавқовар буданд, барои ҳамин рӯзе фикре омад, ки чаро онҳоро ба забони тоҷикӣ нагардонам. Ҳангоми тарҷумаи онҳо вақти аз бозӣ дида зиёдтар сарф мешуд, аммо ин монеагӣ накард барои тарҷумаи онҳо. Вақти аз ҳама бисёрро бозии «Зорро гирифт», зеро системаи дохили он аз дигар бозиҳои тарҷума кардаам куллан фарқ мекард. Ягона мушкилии  мӯҳлати тарҷумаро дарозкарда он буд, ки тамоми бозиҳоро бо ҳамон телефони мобилии дар боло зикркардаи худ тарҷума намуда будам. Мушкили ҳангоми мавҷуд набудани компютер дар он буд, ки ҳар як бози рамзҳои худро дорад ва на ҳамаи онҳо рамзҳои кириллӣ доштанд ва бо телефон бошад рамзҳои махсуси кириллӣ барои онҳо сохтан нашуд, ин буданд бозиҳои «Micro Counter Strike» ва «Crazy Penguin Catapult», ки маънои калимаҳо тоҷикӣ, аммо бо ҳарфҳои англисӣ омадаанд. Ба ғайр аз бозиҳо боз якчанд замимаҳои дигарро низ ба забони тоҷикӣ гардондам, ки онҳоро низ метавонед бо ишораҳои дар поён омада ба худ барои истифода гиред.

Бозиҳо:

1) Doom_rpg_tj

2) Duke_Nukem

3) Футбол

4) Gravity Defied TJ

5) Micro Counter Strike — E-mail ва Пароли он дар болои майдонҳо омадаанд

6) Crazy Penguin TJ

7) Қиссаи ЗОРРО

8) Голфи профессионалӣ

Замимаҳо

1) Centurion — файл менеҷер

2) Mini Commander — файл менеҷер

3) Сони Эрикксон Файл Менеҷер

Эзоҳ: Дар дохили архивҳо файлҳои бозиҳою замимаҳо мавҷуданд, ки барои истифодаи онҳо бояд аз архив берун намоед. Берункунӣ аз архив бо барномаҳои WinRAR, IzArc, 7zip, Проводники Windows, Total Commander, Far Manager ва амсоли инҳо амалӣ карда мешаванд. Пас аз берун кардани файлҳо, файли ягонаи дар дохили папка буда бо номи иловагии .JAR файли зарурӣ аст ва пас аз дохил кардани он ба телефони мобилии худ бо дастгирии технологияи JAVA Шумо метавонед озодона истифда баред. Бисёр аз бозиҳо ба ҳама андозаҳои экранҳо мутобиқ мебошанд, аммо дутои он танҳо барои андозаҳои экрани 128Х160 мебошанд. Агар ягон хоҳиш ва пешниҳод дошта бошед метавонед дар комментҳо нависед. 

 

Tagged , , , .

Что вы думаете об этом?