Домой Авторы Посты от Мардикорнома

Мардикорнома

25 ПОСТЫ 61 КОММЕНТАРИИ
             Фурудгоҳи шаҳри Навасибир (Новосибирск). Мусо ва Муллошо дар ниҳояти бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон. Ҳарду аз тафтиши сарҳадбонҳо гузашта навбат ба муоинаи боғоҷи дастӣ расид. Корманди фурудгоҳ, зани миёнасоли урус, ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи Муллошо табассум кард. Мусо кунҷковона...
Як нафар дусти мо, блоггер то андозае хоксориро пеша кардааст, ки аз ҷоиза гирифтанаш садое барнамеояд. ))))) Ҳарчанд сар мезанам то иттилоот ё хабаре доир ба ин мавзӯъ хонам, вале ягон хабар нест. Ҷоизаи «Беҳтарин блоггер» -ро боварӣ дорам...
  Кӣ ва охирин бор кай шабакаҳои ТВ1, Сафина, Бахористон ё Чаҳоннаморо тамошо кардааст? Боварӣ дорам нафароне, ки дар як рӯз ҳадди ақал як соат ин шабакаҳоро тамошо мекунанд хеле кам аст. Дар байни ёру дӯстону ва шиносону ҳамсояҳо як...
Бобои Абдуғаффор соли 1943 дар муҳорибаҳои назди Дон иштирок карда пас аз захмй шудан ба Ватан баргаштааст. Ў чавононро насиҳат мекунад, ки то метавонанд забон омўзанд. Ба гуфти ў маҳз надонистани забон онҳоро аз гирифтани ордену медалҳо дар чанги...
Баъзан шавқу илҳоми шеърнависиам боло мегираду чунин чумлаҳои қофиядори шеърмонанд менависам. )) Дутои онро пешкаши шумо мегардонам.      ТО БА КАЙ      Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем,  То ба кай аз баҳри нафс тарки модар мекунем, Ин ҳама шаҳри урус обод шуд аз дасти мо Холу аҳволи Ватанро кай накўтар мекунем. Паҳлавонони диёр зери мушти нокасон, Аз қабеҳ дашномҳо гуши худ кар мекунем, Духтуру омўзгор, устои гулдаст то ба кай Мардикорй зери дасти ҳар сагу хар мекунем. Чон падарчонам, чавобе бар суоли ман бигў То ба кай аз сузиши дил дидаро тар мекунем. Хайфи ин умри чавонй, ҳайфи ишку ошикй Ки чудои аз нигору ёру дилбар мекунем. Точикистонам шукуфон шав аз баҳри Худо То ба кай мо орзую ёди кишвар мекунем.  * * * *  БОЗ ОЙ   Афсўс ки рафтиву намерондамат эй кош, Боз ойу дар умқи дили ман ҳамсафарам бош, Андар дили тангам ба абад чои ту холист, Боз ойу қавй ойу руҳамро баладе бош. Боз ой қавию комилу пурнур чун шамс, Чун пири хирадманд дар ин хонаи дил бош. Бе ту нафасам дур зи ёди насабам гашт, Боз ойу назоратгари ҳар як дами ман бош. Бе ту на чило монду на нур дар нигаҳи ман, Боз ойу созандаи ин чашму нигаҳ бош. Хелест, ки зи дида қатрае н-омада поён,  Боз ойу бигирёну сузандаи ман бош. Кайҳост чигарам бо бадиҳо ёди ту дорад, Боз ойу шикофандаи чону чигарам бош. Дар кохи дилам, тахти дилам чои ту холист, Боз ойу андар дили ман подшаҳам бош....
 Имрузҳо яке аз суханҳое, ки вирди забони акаи Муллошо аст ин “блентузата даргирон” ва “блентузама даргирондам” шудааст. Гап дар сари он ки ҳафтаи гузашта у аз дуздбачаҳо бо нархи арзон телефони дастии замонавии навъи Андроид бо ниминарх харидорй кард. Акаи Муллошо аз хурсандиаш зуд ба Точикистон занг зада бо писарчаи мактабхонаш дар бораи телефон накл мекард:   – Ана дидй, бароят телефоне харидам, ки ягон чураат надорад. Хамагй се тугмача дорад. Ба экранаш ангушт расонй, мефаҳмад… Мусо дар ҳоле, садои телевизорро паст мекард, то ба суҳбати Муллошо халал нарасонад, илова кард:  – Экранаш сенсорний гуед, у аз шумо ҳам хуб худаш мефаҳмад.. Акаи Муллошо: – Ха, экранаш серсорни будааст. Блентуз дорад. Хайрият ҳамин Мусо будааст, ки интараф-онтараф корфармоияшро ба ман омухт. Аа? Ха. Ягон нафар Точикистон равад бо дасти у мефиристам. Аа? Не. Метарсам ҳамроҳам ба куча гирам. Боз милисаҳо кашида нагиранд…   Хар нафаре, ки ба хонаи онҳо меҳмон мешуд, акаи Муллошо аввал аз блутуз ва таронаҳову клипҳои телефони у мепурсид. Дируз Мусо телефони Муллошоро хубтар аз назар гузаронда, гуфт ки ин телефон барои истифода аз интернет хеле хуб будааст. Акаи Муллошо дарҳол хоҳиш намуд, ки телефони уро бо интернет пайваст намояд.    Мусо пас аз соате телефонро ба Муллошо баргардонида, фаҳмонд:   – Ана, ба инчо медароед, сипас ба инчо ва баъд Операминй-ро интихоб карда пахш менамоед. Торнамоҳои (сайт) зарурии точикиро дар замимаҳо (закладки) сабт намудаам. Ана онҳо.  Инаш торнамои хабархои нав, ин дар бораи ислому мусулмонй. Хуллас инҳо хамааш торнигору (блог) торнамоҳои (сайт)точикй.. Акаи Муллошо баҳузуртар качпаҳлу карда, бо як дасташ телефонро дошта бо ангушти ишоратии дасти дигараш боэҳтиёт ба экран мерасонд ва сари чанд вакт бо домонаш экранро пок карда пасу пеши телефонро пуф-пуф мекард. Ангуштҳои калони аз кори сохтмон пустрафтаи у гоҳо ба экран ночой нишаста дигар тугмаҳоро пахш мекард. Дарҳол бо суоли “Ин чо кард?”-гуён ба Мусо мурочиат мекард. Ним соат ҳам нагузашта акаи Муллошо гуфт: – Ээ, Мусочон, ин чй забон аст? Ё ман точик нестам, ё интернет точикй нест. Ин чи калимаҳо? Намефаҳмам.. - Чиро? Кучояшро нафаҳмидед? – пурсон шуд Мусо. Муллошо бо ангушти ишоратиаш тори сари бемуяшро хорида:  – Ту пурс, ки кучояшро фаҳмидам? Э ман ба президентҳову лётчикҳо чи кор дорам? Барои ман ҳамин корфармо пуламро диҳаду ман ба хона фиристам бас. Э, нашуд ин интернети ту. Чудо карда парто боз пул назанад. Аз ҳамон блентуз намонам. – гуфта телефонро ба Мусо дод.  Баҳузуртар сар ба болин ниҳоду башафти хона нигарист ва оҳи сард кашида илова кард: -Эх, имруз ягон одами блентуздор наомад…
    Чанд вақт шуд, ки дустонам аз ноҳияи Вахш, каминаро ба қурутобхурй даъват менамуданд. Онҳо ду истгоҳ дуртар истиқомат мекарданд. Аввалҳо таклифашонро чиддй қабул намекардам. Ва боре писханд задам, ки қурутобро рафта дар Вахш мехурем, дар фурудгоҳҳои Русия...
          “Ман ба ту чанд бор гуфтам?! Дигар ба ман занг назан?! Садоятро шунидан намехоҳам!”.. Мусо ба ҳамсараш, ки аз Точикистон занг зада буд,инро гуфту телефонашро хомуш кард ва аз хона баромада суи истгоҳ раҳсипор шуд. ...
         Вақте бa ҳамватанони муҳочирам менигарам, баъзан дар бораи он фикр мекунам, ки ҳамзистии намояндагони қавму миллиятҳои гуногун ба андеша ва рафтори онҳо таъсири худро мегузорад. Дар мафкураи онҳо тағйирҳое ру мезанад, ки бо таъсири муҳит...
              Дар мулки бегона, дар диёри мусофирй, дар сарзамини ғурбат, вохӯрдани ягон чеҳраи шиносу ошнои ҳаммиллат, ба кас чунон шодию фараҳу хушнудие мебахшад, ки ба гуфтани он калима намеёбӣ. Ин хурсандӣ баробари дидани симои ошно...