Муаммохо оиди касб интихоб кунии чавонон ва довталаб 2012

 

 

Пас аз чанде  дар макотиби миёнаи кишвар давраи имтиҳонсупории хатмкунандагон низ фаро мерасад. Дар ин аём хатмкунандагон барои супоридани имтиҳонҳои давлати ва касонеки хоҳиши дар донишгоҳо таҳсил карданро доранд барои супоридани имтиҳоҳои дохилшави таёрии хуб дида истодаанд.  Ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки  на ҳамаи хонандагон дониши хуб дошта ва на ҳамаи онҳо имкони дар донишгоҳо таҳсил карданро доранд. Барои хатмкунандагон ин пеш аз ҳама интихоби касби оянда муаммои калон аст. Баъзе онҳо дар интихоби касб озод, баъзе мачбури ва бо маслиҳати падару модар ва дигарон ба ягон  донишгоҳ роҳ пеш мегиранд. Чизи дигаре Ки падару модар ва хатмкунандагонро нигарон сохтааст ин баланд будани  нархи шартномавии донишгоҳо мебошад. Дар чавонони ҳозира як навъ муд шудаст, Ки онҳо бояд факат равияи ҳуқуқшинос, иқтисодчи, дипломат, духтур, ҳофизаро интихоб намоянд. Майли чавонон ба равияи фанҳои   дақиқ кам шудааст. Аз ин хотир ихтисоҳоеки ба онҳо тавачуҳи дохилшавандагон зиёд аст, дар байнашон имечи баланд ва шартномаи баланд доранд. Дар ин гуруҳо тедоди донишчуёни  бучави кам Буда бисёрашон бо тарики шартномави таҳсил менамоянд. Бо чанде аз хатмкунандагон ҳамсуҳбат шудам дар  баробари ин муаммоҳои номбаршуда боз  муаммои дигареро нигаронкунанда номиданд. Ин ҳам бошад ба қавли онҳо имруз дар донишгоҳо бе таға (яъне одами боваринок ё криша) дохил шудан амри маҳол будаст. Ниагронии кисмати дигар аз он буд Ки дар донишгоҳ дохил шудам, тамом  кардам, вале чои кор нест, чи кор кунам, бехтраш савдогар ё мардикор шуда ба хорича равам.   Биёед акнун агар чомеъаи босаводу комил сохтани бошем ин муҳаммоҳои сарбастаро ҳалу  фасл намуда ба мақсадҳои начибу устувори хеш расидаги намоем. Имруз чомеъаи точик ниёз ба кадрҳои босаводу бо тачриба дорад.   Аз донишу малакаи чавонони точик истифода кунем онҳоро ба корҳои муҳими давлати давлати қабул намоем то ояндасози миллату давлати хеш гарданд. 

Ошику машукахои чой ноёфта…………

Фасли бахор аввали мохи май хостам сайре ба богхои зебои Душабе шахр равам. Дар вокеъ имруз богхои Душанбе бозхам аз харвакта дида зеботаранд ва чун дар дохили онхо сайр мекуни мурги дили ту ба илхом меояду чизе мегуи ё менависи хушнуд мегарди. Хостам сар аввал аз боги устоди шоирон А.Рудаки дидан намоям, хамин хелам шуд.Чун дохили бог шудам дар вокеъ як маконе шудаст, ки хар бинандаро мафтуну шайдо мекунад. Аз як тараф мучассамаи Устод, ру буруяш Китобхонаи милли, аз тарафи рост Касри миллат, аз чап мучассамаи бобои Сомони ва дигар иншоотхои шахр шукуху шахомати бузург дорад. Хамаи ин хуб буд вале чизе маро бенихоят гамгину дилмонда аз тамошои ин бог намуд, ки дар чанд тараф ошику машукахои чои вохури наёфтаро дидам ки дар багал хам нишаста ба бусобуси машгул буданд бовар кунед таъби инсони комил акл хира мешавад. Хама руза садхо шахрвандони дохилию хоричи аз ин чойхо дидан мекунанд ин амали ошику машукахои бемаконро дида то кучо сатхи маданияти шахрдорию шахршини моро бахо медиханд. Боят гуфт ин гуна амалхои нанговару шармин дар тамоми богхои Душанбе шахр дида мешавад. Хусусан дар Боги Ирам, Кули Чавонон, Боги Галаба, Боги Фирдавси ин амали шахвони чавонон  доман пахн кардаст. Намедонам оё касе ба онхо чизе намегуяд ё шарми духатри точик кучо шудаву ба хотири як лахза дар пахлуи машуки  худ будан чоихои хилват кофта кунчи богро интихоб мекунад. Шояд машуку машукахо ин амалашонро рамзи ишки пок донанд аммо инхел нест, ин танхо худнамои ва  пастзании шанъу шарафи якдигар ва падару модари худи онхост. Вале то кучо андеша дошта бошанд ин ошику машукахои макон ноёфтае ки манзараи палидеро дар богхо ба намоиш гузоштаанд. Шояд ин суханхо ба бисёрихо макул нашавад локин хикикат талх аст! 


Кисаи ошики ноком

 


Дар ин пара духтарай.
Дар у пара духтарай.

Ошик наша чурачон.

 Ошики дарди сарай.

Ошик шидум ба духта

Хар руз мечина пахта

Мега хостгор омади

Биёр се чор куб тахта

Якта гов бо гусола

Чанд либос бахри хола

Сару по ба момаша

Кардан ба мо {авола

Ду бузаку ду гусфанд

Сад кило равгaну канд

Чор копча орди якум

Аз ин гапхо хушум канд

Як хутик ба додарша

Як луфтик ба хохарша

Як чомаву як токи

Ба бобову оташа

Ба очаш сета помбахт

Жемпури пашмини сахт

Хамаи ира шунида

Карими гаштаст карахт

Хамин боша зангири

Зан нагир ки мемири

То кая карз меканум

Нестай рузи дамгири

Дора се чор дугона

Муйхоша доран шона

Усма ба кошо зада

Морa кардай девона

Лабоша кардай сурхи

Ба худуш задай духи

Агар як бусат куна

Чанд руз дига мекулхи

Номаки у Мадина

Худуш ранги Марчина

Духтараки хуби хуб

Дар дил надора кина

Як руз кардем вохури

Гуфт чон ту чи мехури

Ита хушруча шидум

Яке мара нахури

Як руз таклифи боu кард

Ру ба суи Чорбоu кард

Як ду буса аз руям

Хамара пури дог кард

Як руз рафтум кучашон

Хам ба пеши хонашон

Яке очаш омадак

Баромадай чашмошон

Ба ма гуфтак э бача

Сухбат накун дар куча

Хамсояхо мебинан

Мекунан гапу кача

Очаша кардум рози

Бо матали дарвози

Неки момаи пируш

Харгиз намеша рози

Ма гирифтум мошинча

Барои Мадинача

Бади чанд руз вайрон шид

Пиёда мегардум куча

Падаруш ай Россия

Мега Мадина бия

Уда чои кор ёфтум

Бисёр кард фантазия

Анна аку у рава

Кори мо чи мешава

Охир мо туй кун будем

Коро каша мешава

Гирифтай шиноснома

Навиштай се чор нома

Каримчон зинда боши

Тарк мекунам хонама

Мерам ба мулки мардум

Дигар бар намегардум

Фаромуш кун ту  мара

Каримчон чонта гардум

Мадин кард ноошнои

Имруз дора чудои

Ахволи ошика бин

Ёруш кард бевафои

Акнун гашт аз мо xудо

Гуш кун ту эй ошно

Ошики харгиз накун

Мешави обу адо

Ошик кард ёдовари

Аз ишку аз дилбари

Агар дусти ман боши

Гапи мара мегири.

Наврузи чахони

 

Соли нави Ачам Навруз, ки иди байналмилали эълон шуд, моро боз хам шоду масрур намуд. Хамакнун ин чашини фархундаро дар тамоми чахон бо шукуху шахомати хоса тачлил мекунанд.  Навруз нишонаи олии хубию поки, дустию хамдили ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи  Чамшеду Каюмарс то ин замон чандин мархилахои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманнону бадхохон рахо ёфта то ба замони  имрузи мо расидааст. Навруз ин иди аждодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо хамчун мерос боки монда, арчгузори ба ин чашини милли, арчгузори ба расму русуми гузашта мебошад. Навруз ин огози рузу моху соли нав аст. Моро мебояд, ки бо ин  мероси аждодони худ бифахрем, чунки дар тули карнхо ин миллати ватандуст новобаста аз хама гуна офатхою газандхо, фишороварию гасбнамоии душманони ачнаби, ки пай дар пай бо хоку марзи ин ватан хучум мекарданд, боки мондаaст. Ин хасудон бо бахонахое зиёде садди рохи тачлили чашни Навруз мешуданд ва ин чиз дар даврони шурави низ ба назар мерасид. Бо ин хама дарду машакатхо ин миллат тавонист дубора Наврузро зинда кунонад ва хатто ба чахониён муаррифи созад. Наврузе, ки ободи мехохад! Наврузе, ки дусти мехохад! Наврузе, ки сарсабзи меорад! Имрузхо чахони шудааст. Навруз як чашни зебост ва дар фасли аруси сол бахор  гузаронида мешавад. Баъди сохибистиклол гаштани Точикистон хамасола дар таърихи 21-22-23-уми март дар саросари кишвар ин чашни бошукух бо тамоми расму оинхояш тачлил карда мешавад.

Бар диёрам ин замон, фасли бахор ояд хаме,

Хам газал шеръу тарона, сад хазор ояд хаме.

Нагмаи кабки дари, хам булбулони хушсадо,

Бо навои дилнавози чангу тор ояд хаме.

Мерасад шоди ба дил, аз пайки хушрузи бахор ,

Хусни хона, хусни механ, хусни ёр ояд хаме.

            Бояд гуфт Навруз ба худ расму оинхои гуногун дорад ва аз рузгори пешин то ин замон бисёри онхо ба мо расидаанд.  Пеш аз хама кудакон дар саршавии фасли бахор  ва Наврузи хучастапай маросими гулгардониро ба чой меоранд. Гулгардони ин маросиме мебошад, ки кудакон гулхои наврустаи бахориро хона ба хона бурда, мардумро ба омад-омади бахор  ва Наврузи Ачам табрик месозанд. Дар навбати худ сохибхона ба онхо ягон хадяе медихад. Дар Навруз одамон ба ободкорихо ва сефедсозии деворхои хонаaшон даст мезананд (дар баъзе мaхалахо инро хонабурори ё хонатакони мегуянд), аз холлу ахволи беморон хабар мегиранд, дар гузашта агар нисбат ба якдигар ягон кинаю хасад дошатанд, бахшоиш мекунанд, зарфхои шикастаро мепартояанд, гулхан меафрузанд(дар баъзе минтакхо аловпарак, яне аз болои оташ мечаханд), ва дигар маросимхои Наврузиро тантанавор мегузаронанд. Хамаи ин сунатхои Наврузи аз ниёгон ба мо омада расидааст.

Як чашни кухан омад,

Озода бадан омад,

Наврузи Ватан омад,

Навруз муборак бод!

** ** **

Ин шеръу суханро бин,

Шохию чаканро бин,

Бишкуфта чаманро бин,

Навруз муборак бод!

            Албатта дар ин руз духтарон куртахои милли ба бар карда, дастурхони Наврузи ороста мекунанд ва шеъру газалхони менамоянд. Дастурхони Наврузи асосан аз «хафтсин»-у «хафтшин» иборат буда, инчуни бо хурокхои хубу дилнишини Наврузи оро дода мешавад. Ба хафтсин сабза (суманак), себ, санчид, самбуса, сабзи, сипанд, сирко ва ба хафтшин бошад шир, шона, шамъ, шарбат, шакароб(дар баъзе минтакахо), шакар, ширбиринч, инчунин баъзе таъомхои Наврузи дохил мешавад. Дар ин руз бисёре аз мардумон ба сайри тамошои дашту сахрои гулпуши ватани азизамон мебароянд  ва аз хавои софу бегубор нафас мегиранд. Вокеан Навруз ва бахор  ин аёми шукофоист, ба кучое нанигарем хама гулпушу гулрез аст. Мургакони чаман сари хар навнихоли шукуфта нишаста нагмасарои мекунанд ва аз рафтани фасли дай хушхоли карда, бахори  накупайро пешвоз мегиранд.

            Навруз хурокхои ба худ хосро доро мебошад. Яке аз хурокхои маъмули Наврузи ин суманак ба хисоб меравад ва агар нишонаи Наврузу бахор  гуем хам хатто намекунем. Суманак асосан аз гандум тайёр карда шуда, захмати зиёдеро талаб мекунад. Аз вакти гузоштан то ба тайёр шуданаш хатто хафтахо зарур аст. Суманкаро кариб дар хамаи нохияхои Точикистон тайёр мекунанд. Дар баъзе нохияхо суманак бо номхои суманаки чанголи, кулча суманак, атолла суманак маъмул аст, ки бо  баъзе хусусиятхо аз хамдигар фарк мекунанд. Хуроки  дигари Наврузи ин далда мебошад, ки дар баъзе минтакахо бо номхои даля, гандумкучак, ярма ё боч маълум аст. Асосан далдаро бо гандум ва дигар донагихои куфташуда ва гушт ё калапочаи  гов ё гусфанд таёр мекунанд, инчунин дар баъзе манотик далдаи бо алафхои бахори таёршударо низ во хурдан мумкин аст. Адади хурокхои бахори нихоят зиёд аст, аз ин хотир номи чанде аз онхоро кутохак баён кардa мегузарем. Масалан: оши тупа, оши бурида(атолла низ мегуянд), атоллаи наски(асосан аз наск ва алафхои бахори тайёр мешавад), далда ба шир, гандумоб ва гайра.

            Дар Навруз инчунин як катор мусобикахои варзиши гузаронида мешавад. Аз чумлаи гуштингирию бандкаши, аспдавонию бузкаши, чиликбозию  чавгонбози, бандпараку алвончакбози ва биcёр дигар бозихое, ки дар байни мардум роичанд. Инчунин дар мамлакти мо ба хукми анана даромадaаст, ки дар арафаи ин чашни   бузург мусобикахои калони гуштини милли хамасола гузаронида мешавад.

            Дар арафаи Навруз шахси калонсоли деха ё муйсафеди рузгордидае ба дехконон дуои нек дода ба кишту кори бахори огоз мебахшад. Аз зебоихои бахор  ва Наврузи Ачам шоирон, навистандагон, эчодкорон ба илхом омада, бахору Наврузро дар шеръу сухан тасвир мекунанд.

 

Навруз дар ин сахни чаман омадааст,

Бо буи гулу мушку суман омадааст.

Навруз расад чумла чахон зинда шавад,

Базму тарабу савти Ватан омадааст.

Ай духтари точик  чаканпуши бикун,

Вакти чакану рузи чакан омадааст.

В-аз атласи зебо, ки ба  бар кардаи ту,

Осоишу рохати бадан омадааст.

Сад байту газал ба васфи Навруз хонем,

Чун дар дили мо тархи сухан омадааст.

Булбул зи фироки ёр чи нола куни?

Бархезу нигар, ёри кухан омадааст.

Имруз чахон иди Навруз дорад,

Карими ба Наврузи Ватан омадааст.

 

 

 

Каримзода А

 

Очачон

 

Очаjон jон очаjон, бачаи донишчуйта бин,
Безебу хам хушруйта бин.
Ман мегирам илму дониш,
Баъду ту сухангуйта бин.
Ту мехури хуни чигар,
То бишавам сохибхунар.
Дуо куни ту hар замон,
Худо нигаh дор ин писар.
Оча азиз аст бари мо,
Hам мударис аст бари мо.
Kадри уро бидон писар,
Хоки пояш кун тоjи сар.
Дуои у kадрат кунад,
Hарjо рави садрат кунад.
Бо ёди у бош hар замон,
Hам нусрату фатрат кунад.
Ёд дори буди гирён,
Хабар надошти аз jаhон.
Дар домони касе буди,
Ки уро ном аст очачон.
Дар ду чашми ту хоб буд,
Чашми модар бехоб буд.
Гар атсаи беjо зади,
Дили модар нотоб буд.
Имруз ту шудаи калон,
Ту як чавони пахлавон.
Hаргиз наёзор дили у,
То нашави хору хазон.
Насихат кард пайгамбарон,
Бихишт мехoхед hар замон.
Рав хизмати модар кун,
Hасти дар охир човидон.

Ормон

 

Навни{олам боuбони ман  куxост?

Назмкорам достони ман куxост?

Ман надонам бар куxое сар ни{ам,

Бо, ки гeям остони ман куxост?

Гаштаам имрeз бемор аз чи бошад, эй азиз!

Дар барам нестанд ёрон, дeстони ман куxост?

Насли мо баъд аз сари мо комрони мекунад,

Чун ба пири дар расидам ворисони ман куxост?

Корвони умри мо як рeз ба манзил мерасад,

Мунтазир то кай нишинам сорбони ман куxост?

Эй падар дуо биде{, модар маро бахшиш кун!

Бо ду чашми чор гирям волидони ман куxост?

Эй Каримb тавба кун {ар шаб ба дарго{и Худо,

Маuфират аз xониби Eст, ормони ман куxост?

Агар ягон хатое бошад хохишмандам гуед ислох кунам дустон!