БДА ва хукумати шахр, барои ичрои вазифаи худ ба пеш!

Ин аксҳо ба  ҷанобони шаҳрдори шаҳри Хуҷанд ва кормандони БДА! Ба фикрам ҳамин аксҳо худ гӯяндаи ҳолати ҳаракати мусофиркашҳо ҳастанд. Агар бовар накунед худ боре саҳар ба онҷойҳо равед ва бо чашми худ бубинед. Ҳатто дар баъзе роҳҳои паҳноияшон 6-8 метр ду истгоҳи рӯй ба рӯй пайдо шудааст. Дар шаҳрҳои …

Муллошо ва kinder-surprize

             Фурудгоҳи шаҳри Навасибир (Новосибирск). Мусо ва Муллошо дар ниҳояти бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон. Ҳарду аз тафтиши сарҳадбонҳо гузашта навбат ба муоинаи боғоҷи дастӣ расид. Корманди фурудгоҳ, зани миёнасоли урус, ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи Муллошо табассум кард. Мусо кунҷковона сабаби табассуми он занакро фаҳмиданӣ шуда гардан дароз кард, то даруни …

Бехтарин блоггер — 2014 ки шуд?

Як нафар дусти мо, блоггер то андозае хоксориро пеша кардааст, ки аз ҷоиза гирифтанаш садое барнамеояд. ))))) Ҳарчанд сар мезанам то иттилоот ё хабаре доир ба ин мавзӯъ хонам, вале ягон хабар нест. Ҷоизаи «Беҳтарин блоггер» -ро боварӣ дорам ҳар як блоггер орзу дорад, ки ба он шарафманд гардад. Фикру …

Нест бод забони урусй?

              Дирӯз хабаре хондам, ки ҳар гуна гурӯҳҳои тундрави миллатгарои урус ба амал гузаштаанд. Онҳо ба бошишгоҳу хонаҳои муҳоҷирон даромада ҳуҷҷатҳои онҳоро тафтиш кардаанд ва байни онҳо низоъ хестааст. Акнун қонунгузории Русия ба ҳар раҳгузари урус иҷоза додааст, ки аз муҳоҷири тоҷик ҳуҷҷат бипурсад. Ба ин рӯз ҳам расидем. …

Барномасозй, сиёсат ва алгоритми «error»-дода

            Британияи Кабир қарор кардааст, ки дар дабистонҳо ба кӯдакон аз панҷ сола сар карда асосҳои барномасозиро омӯзанд. (www.zdnet.com/uk/programming—set—to—be—core—of—new—computing—classes—for—english—kids-7000011053/)            Хеле иқдоми оқилона дар ин замони ҷангҳои иттилоот. Дар ин замоне, ки  интернету компютер ба мудҳиштарин яроқ табдил меёбанд.            Чӣ? Мактабҳои мо? Фикр ба саратон омад, …

Биёед дигар пора надихем

  (аз нақли як рафиқам)        Ниҳоят пас аз як соли танаффус имрӯз дар Донишгоҳ имтиҳони давлатиро супордам. Ба имтиҳон омода набудам. Нақша доштам, ки пора дода ягон сеи покаҷ мегирам. Саҳарӣ дар кисаи чапам як коғаз бо акси Исмоили Сомонӣ (яъне сад сомона) гузошта, бетайёрӣ ба имтиҳонсупорӣ рафтам. То …

ТВ1, Сафина, Бахористон ва Чаҳоннаморо кй тамошо мекунад?

  Кӣ ва охирин бор кай шабакаҳои ТВ1, Сафина, Бахористон ё Чаҳоннаморо тамошо кардааст? Боварӣ дорам нафароне, ки дар як рӯз ҳадди ақал як соат ин шабакаҳоро тамошо мекунанд хеле кам аст. Дар байни ёру дӯстону ва шиносону ҳамсояҳо як чунин оморча гузаронидам. Яке механдид, ки «наход одам ин шабакаҳоро …

Сарқонун ё китоби афсонаҳо?

           Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро варақ мезанаму хаёл мекунам он моддаҳо барои ягон давлати дигар бошанд. Нобоварона бори дигар пасу пеши китобро мехонам ва соли нашрашро меҷӯям. Ба худ меандешам, ки шояд ин моддаҳо дар гузашта буданд ва ҳоло тағиротҳо ворид гардидаанд. Роёнаро ба кор андохта ба сомонаи интернетии mfa.tj …

«Кахрамонихои мо ба номи онҳо «аформит» мешуд»

Бобои Абдуғаффор соли 1943 дар муҳорибаҳои назди Дон иштирок карда пас аз захмй шудан ба Ватан баргаштааст. Ў чавононро насиҳат мекунад, ки то метавонанд забон омўзанд. Ба гуфти ў маҳз надонистани забон онҳоро аз гирифтани ордену медалҳо дар чанги Олмону Русия монд. «Дар чанги немис, дар қисми ҳарбии мо точику …

Ду ғазал

Баъзан шавқу илҳоми шеърнависиам боло мегираду чунин чумлаҳои қофиядори шеърмонанд менависам. )) Дутои онро пешкаши шумо мегардонам.      ТО БА КАЙ      Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем,  То ба кай аз баҳри нафс тарки модар мекунем, Ин ҳама шаҳри урус обод шуд аз дасти мо Холу аҳволи Ватанро кай накўтар мекунем. Паҳлавонони диёр зери мушти нокасон, Аз қабеҳ дашномҳо гуши худ кар мекунем, Духтуру омўзгор, устои гулдаст то ба кай Мардикорй зери дасти ҳар сагу хар мекунем. Чон падарчонам, чавобе бар суоли ман бигў То ба кай аз сузиши дил дидаро тар мекунем. Хайфи ин умри чавонй, ҳайфи ишку ошикй Ки чудои аз нигору ёру дилбар мекунем. Точикистонам шукуфон шав аз баҳри Худо То ба кай мо орзую ёди кишвар мекунем.  * * * *  БОЗ ОЙ   Афсўс ки рафтиву намерондамат эй кош, Боз ойу дар умқи дили ман ҳамсафарам бош, Андар дили тангам ба абад чои ту холист, Боз ойу қавй ойу руҳамро баладе бош. Боз ой қавию комилу пурнур чун шамс, Чун пири хирадманд дар ин хонаи дил бош. Бе ту нафасам дур зи ёди насабам гашт, Боз ойу назоратгари ҳар як дами ман бош. Бе ту на чило монду на нур дар нигаҳи ман, Боз ойу созандаи ин чашму нигаҳ бош. Хелест, ки зи дида қатрае н-омада поён,  Боз ойу бигирёну сузандаи ман бош. Кайҳост чигарам бо бадиҳо ёди ту дорад, Боз ойу шикофандаи чону чигарам бош. Дар кохи дилам, тахти дилам чои ту холист, Боз ойу андар дили ман подшаҳам бош. Бе ту бувадам айш чу заҳр, заҳр чу ишрат, Боз ойу дар турбати торик шамъи ман бош.