Мутобиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад ва ба ҳар инсон шароити зиндагии арзандаро кафолат додааст. Ҳамчунин дар баробари ин, дар қонунгузории Тоҷикистон муайян гардидааст, ки тибқи он давлат сатҳи шоистаи зиндагиро ба кӯдакони ятим ва бепарастор кафолат дода, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳоро ҳимоя менамояд. Кафолату ҷубронҳое, ки барои кӯдакони ятим ва бепарастор муқаррар шудаанд, тибқи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба балоғат расидани онҳо низ нигоҳ дошта мешаванд. Яъне агар шахсе, ки ятим асту ӯ синни ҳаждаҳро пур кардааст, баъд аз он низ ӯ метавонад аз кафолатҳо ва имтиёзҳои давлатӣ бинобар ятим буданаш истифода барад.

Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, ҳуқуқ доранд ройгон аз нақлиёти ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва байнишаҳрии истифодаи ҷамъиятӣ (ба ғайр аз таксӣ), инчунин нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

Дар амалигардонии кафолати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакони ятим ва бепарастор ташкилотҳо ва шаҳрвандон низ метавонанд иштирок намоянд ва саҳми худро дар ин ҷода гузоранд. Албатта бо кӯмаки шахсони хайрхоҳу сахӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор шароитҳои лозима муҳайё карда шуданаш мумкин аст, аммо дар ин кори хайр бояд давлат пешоҳанг ва ташаббускор бошад.

Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба манзил тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Тибқи қонун ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба манзили истиқоматии ба онҳо тибқи мерос гузашта дар давоми будубошашон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ё муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин дар муассисаҳои тамоми намудҳои таҳсилоти касбӣ, новобаста ба шакли моликият, дар давраи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адои ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

Танҳо ба кӯдакони ятим ва бепарастори манзили истиқоматӣ надоштае, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, барои сохтмони манзили шахсӣ дар қитъаи замини ба онҳо ҷудокардашуда қарзҳои имтиёзноки мақсаднок дода мешавад. Тартиби додан ва андозаи чунин қарзҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  менамояд.

Ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба зиндагии шоиста таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарасторро дар бар мегирад, ки он — аз ҷониби давлат ба таври  ройгон таъмин намудани кӯдакони ятим ва бепарастор бо ҷойи зист, хӯрок, либос, пойафзол, маблағҳои пулӣ дар шакли грант ва стипендияҳо, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ва дигар хизматрасонӣ, иборат аст.

Что вы думаете об этом?

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.