Мутобиқи моддаи 1 Конвентсияи ҳуқуқи кӯдак, ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18-сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбати ин кӯдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад.

Давлат нисбати ҳар як кӯдаке, ки дар доираи ҳуқуқии он қарор дорад, бидуни ягон табъиз, сарфи назар аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ва ақидаи дигар, асли миллӣ, этникӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, вазъи саломатӣ ва таваллуди кӯдак, волидайн ё сарпарасти қонунии ӯ ё ягон ҳолатҳои дигар эҳтиром ва таъмин менамояд.

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак ба меҳнат, интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касбу ҳунар ҳуқуқ дорад. Кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳуқуқ дорад дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо коре машғул шавад, ки ба саломатию инкишофи зеҳнии ӯ мувофиқ буда, ба ҳолати ҷисмонӣ, маънавӣ ва равониаш зарар нарасонад. Тартиби бастан ва қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ ва дигар хусусиятҳои муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла меъёри зарурии рӯзи кор, истироҳат, музди кор ва шароити кори кӯдакро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат муқаррар мекунад. Мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ бо ҳуқуқи дигар кормандон баробар буда, онҳо дар ҳифзи меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва дигар шароити меҳнат аз кафолатҳои иловагии муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд. Масалан, давомнокии вақти кории ҳаррўза барои кормандони аз 15 то 16 сола – аз 5 соат, барои кормандони аз 16 то 18 сола – аз 7 соат, барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд — аз 14 то 16 сола — аз 2,5 соат ва аз 16 то 18 сола – аз 3,5 соат зиёд буда наметавонад. Ҳамчунин тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакро ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок қабул ва ҷалб намудан манъ аст.

Мутобиқ ба моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” давлат амалӣ намудани  ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба меҳнат кафолат медиҳад. Ҳангоми муроҷиат намудани кӯдакони ятим ва бепарастори аз 15 то 18 — сола мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ майлу рағбати онҳоро омӯхта, бо назардошти вазъи саломатӣ ва лаёқатмандиашон самти касбии онҳоро муайян менамоянд. Ба кӯдакони ятим ва бепарастор, ки кор меҷӯянд ва дар мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулӣ барои бекорӣ дода мешавад. Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки ба синни 15 расидаанд, бо роҳхати мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби квотаи ҷойҳои корӣ дар ташкилотҳо дар навбати аввал ва дар сурати маъюб будан, бенавбат  бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки мутахассисони ҷавонро аз ҷумлаи кӯдакони ятим ва бепарастор бо роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ ба кор қабул мекунанд, уҳдадоранд барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд. Амалишавии чунин меъёри қонунгузорӣ дар айни замон дар давраи иҷтисоди бозоргонӣ хело мушкил мегардад, зеро бештари корхонаҳо дар айни замон хусусӣ мебошанд. Ҳамчунин муаммои дигар он аст, ки одамони болиғ дар айни замон ба ҷои корӣ таъмин шуданашон хело мушкил аст ва сатҳи таъминот ба кор дар дохили кишвар дар сатҳи нокифоя қарор дорад, ки бештари одамонро баро муҳоҷират маҷбур менамояд. Аз ҷумла кӯдакони ятим ва бепарастор баъди ба балоғат расидан, кӯшиш менамоянд, ки дарҳол худо ба муҳоҷират гиранд ва дар онҷо ҳисоби зиндагии худро дарёбнд.

Аз ҷой ба ҷойи дигар ва аз кор ба кори дигар гузаронидани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки меъёри муқарраргардидаи кор барои онҳо вазнин мегардад, манъ мебошад.

Бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, шартномаи меҳнатӣ танҳо баъд аз муоинаи ҳатмии тиббии онҳо баста мешавад. Минбаъд кормандон то ба синни ҳаждаҳ расидан ҳар сол аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд.

Мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷуҳурии Тоҷикисон пардохти музди меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бо назардошти рўзи кории кўтоҳкардашуда ба амал бароварда мешавад.

Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба кор дохил гардидаанд, инчунин аз таълими касбӣ дар истеҳсолот гузаштаанд, мумкин аст, меъёри пасти коркард муқаррар карда шавад.

Корфармо метавонад ба кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида то сатҳи музди меҳнати кормандони давомнокии пурраи рўзи корӣ дошта иловапулӣ пардохт намояд. Ҷалб намудани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида ба корҳои шабона, изофакорӣ, ба ҳисобгирии якҷояи вақти корӣ, фиристонидан ба сафари хизматӣ ва иҷрои корҳои вахтавӣ, инчунин бозхондани онҳо аз рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда манъ аст. Бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бастани шартнома оид ба ҷавобгарии пурраи моддӣ манъ аст.

Давлатро зарур аст, ки барои таъмини ҷои корӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, ҳадди ақал баъд аз хатми мактаб мусоидат намояд.

Что вы думаете об этом?

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.