Дар асоси моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм тадбирҳо меандешад. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад”.  Аз мазмуни моддаи мазкури Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бар меояд, ки тамоми шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ доранд. Барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ қонунгузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 Кодекси тандурустиро қабул намуд, ки он санади мукамалгардонидашуда дар соҳаи ҳифзи саломатӣ мебошад. Аммо давлат барои кӯдакони ятим ва бепарастор, боз кафолатҳои иловагиро пешбинӣ намудааст, ки онҳо дар радифи Кодекси тандурустӣ ҳамчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” инъикос гардидаанд.

Мутобиқи Кодекси тандурустӣ давлат ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро ҳифз менамояд, ҳуқуқи онҳоро ба шароити зиндагӣ, ки барои такомули ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ, ахлоқию иҷтимоӣ заруранд, таъмин мекунад. Ба кӯдаконе, ки дар тарбияи муассисаҳои бачагона қарор доранд ва дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил менамоянд, шароити зарурӣ ҷиҳати нигоҳдорӣ ва мустаҳкам намудани саломатиашон ва тарбияи гигиенӣ таъмин карда мешаванд.

Тоҷикистон мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитстон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” амалӣ намудани  ҳуқуқи кӯдакони ятим ва  бепарасторро ба ҳифзи саломатӣ кафолат медиҳад. Ба кӯдакони ятим ва  бепарастор хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла гузаронидани диспансеризатсия, солимгардонӣ, азназаргузаронии мунтазами тиббӣ дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳури Тоҷикистон ба таври ройгон расонида мешавад.

Кӯдакони ятим ва  бепарастор  бо мақсади барқарор намудани саломатӣ ҳуқуқ доранд соле як маротиба аз имкониятҳои истироҳатгоҳҳои варзишию солимгардонӣ ё муассисаҳои санаторию курортии давлатӣ ройгон истифода баранд. Аммо то чи андоза он дар амалия иҷро мешавад ва ё не, саволи кушода мебошад.

Кӯдакони ятим ва  бепарастори маъюб ҳуқуқи дар муассисаҳои иҷтимоию табобатӣ ба таври ройгон ҷойгир шуданро доранд.

Кӯдакони ятим ва  бепарастор аз пардохти маблағ барои доруворӣ дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, инчунин аз пардохти хизматрасонии муассисаҳои тиббии давлатӣ ҷиҳати сохтану тармим кардани дандонҳои сунъӣ, аз ҷумла барои  таъмин кардан  бо  навъҳои  дигари  ёрии протезию ортопедӣ, ба истиснои онҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, озоданд. Аммо дар чунин ҳолатҳо саволе ба миён меояд, ки кӯдакони ятим ва бепарастор аз меъёрҳои муайян намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро то чи андоза бохабар мебошанд ва аз онҳо истифода мебаранд.

Ба ҳар ҳол, қонунгузор тамоми кафолатҳои ҳуқуқиро барои нигоҳдошт ва барқароркунии саломатии кӯдакони ятим додааст.

Что вы думаете об этом?

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.