Лагери маърифати шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ

Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Ҷавон «Ампаро» дар доираи лоиҳаи худ оид ба ҳимояи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ моҳи июли соли ҷорӣ лагери маърифати шаҳрвандиро барои донишҷӯёни макотиби олии вилояти Суғд баргузор мекунад.

Барои иштирок дар лагер Шумо бояд дар яке аз мавзӯъҳои зерин иншоҳои худро нависед:
1. Артиши Тоҷикистони ояндаро ман чӣ гуна мебинам/Какой я вижу армию будущего Таджикистана
2. Ман хизмати беяроқро интихоб менамоям/Я выбираю службу без оружия
3. Хизмати ҳарбӣ — қарзи ҳар як шаҳрванд/Служба в армии — долг каждого гражданина

Иншоҳои худро бо қайди «Барои озмуни иншоҳо» метавонед ба суроғаи электронии gulovrr@gmail.com ё суроғаи ташкилоти мо — шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин 183 а, утоқи 7 ирсол намоед.

Ҳаҷми иншо аз 200 калима зиёд буда, то санаи 15 июни соли 2012 дар шакли чопӣ ё электронӣ қабул карда мешавад.

Маълумоти иловагиро метавонед ба тариқи телефонҳо ва суроғаи электронии зерин дархост намоед:
(98) 507 79 19
(92) 778 85 74
gulovrr@gmail.com

Rustam Gulov
Автор Rustam Gulov 545 Articles
Блоггер, гражданский активист, медиа-тренер и консультант, основатель Блогпортала "Блогистон"

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий