Маълумотхо дар бораи мукаррабони президенты кишвар Э.Рахмон дар вилоятхои Сугд ва Хатлони Чумхурии Точикистон ба даст дароварда шудаанд. Хамин тарик дар имруза, яке аз одамхои наздики сарвари мамлакат рохбари «Бонки Ориён»-и нохияи Дангара, Амриддин Асадуллозода (соли таваллудаш 1986, зодаи нохияи Дангара, хамсинф ва писари холаи Рустам Рахмон, ки бо лакаби «Шайхзода» дар Душанбе машхур аст), мебошад.

Гуфтан чоиз аст, ки дар байни яккачини (элита) точикон овозахои муболиг дар бораи он, ки Эмомали Рахмон ба чойи худ, ба вазифаи президент, писараш Рустам ва ба вазифаи вазири молия «Шайхзода»-ро тайёр карда истодааст, пахн гардидааст.

Аммо лекин аз маълумотхои ба даст дароварда маълум мегардад, ки тайерии «Шайхзода» ба вазифаи вазири молия, дар хакикат ба мисли Шахзода на дар сари кор, балки бештар дар шабнишинихо бо хамрохии холабачааш Рустам Рахмонов дар боги обанбори Кайрокум дар давраи духтарони рафторашон сабук мегузарад.

Аз чумла каме маълумот дар бораи, мухофизи авлоди Эмомали Рахмон, Амриддин Асадуллозода (бо лакаби Шайхзода), шахсе бо номи Нурали (30-35 сола, раками телефони мобилиаш, ки инсони писандидаи Рустам Рахмон мебошад), пайдо гардид.

«Нурали» бо дастгирии «Шайхзодаи точик» дар шахри Душанбе вазифаи асосиро ичро мекунад. У халкунандаи масъалахои (берун аз конун) дар Шахри Душанбе пайдогардида мебошад. Аммо новобаста аз ин, у дар вактхои истирохати хамасолаи Рустам Рахмон ва Шайхзода дар боги Варзоб, вазифаи асосиро монда бо кори таъмини Шайхзода хо, бо духтарони рафторашон сабук, машгул мешавад.

Пас аз ин маълумотхо ба чи хулоса омадан мумкин аст. Агар ба овозахои муболиг ахамият дихем, яке президенти ояндаи мамлакат («Рустами охангар»), дигаре вазири молияи мамлакат («Шайхзода»), кишвари мо ба чи холат меафтад. Хол он ки бо президенти аспбоз, мо дар ягон сохаи хаети ичтимои бурдборихо ба даст дароварда натавонистем. Боигарии будаи мамлакатро хам аз даст дода истодаем. Ба ин заминхои ба хоричиен фурухтаи Эмомали Рахмон мисол шуда метавонад. Пас хулоса баровардан мумкин аст, ки бо чунин рохбарони ояндаи давлат буду шуди миллат ба духтарони рафторашон сабук сарф мегардад.

Дар хамин чо мисрахои шоири дустдоштаи мардумй Лоик Шерали ба ед меояд:

БА ХОЛИ ТУ ДИЛАМ МЕСУЗАД ДОИМ

КИ ДАР ДАВРОНИ ОЗОДИ АСИРИ

ХАМА ОЛАМ ПАИ ОЗОДИ КУШАД

ТУ ХОЛО ХАМ ЗАИФИЮ ФАКИРИ