Точикистон агар давлати иктидораш бузурги дорой кадрхои баландихтисос мешуд, иктидори истехсоли за захирахои бойи табии хисоб меёфт.

Ха, бале.

Точикистон табиати бой дорад, вале аз он дуруст истифода бурдан лозим аст. Чунки аз дуруст истифода бурдани вай, аз бисер чихат, хаети шахрвандони кишвар вобаста мебошад. Мамлакат ба давлати саноаташ ривочёфтаи иктисоди бозоргони ва суботи чамъиятиву сиёси табдил меёфт.

Вале афсус.

Мардуми ин кишвар гули солхои гузашта душворихои зиедеро паси cap кардааст. Бо ниятхои хеле калон мустакилии мамлакатро интизор буданд. Вале истиклолиятро ба даст дароварда ба чи гунна дигаргунихо ва бурдборихо ноил гаштанд?

На инкишофи иктисодиети мамлакатро хис мекунанд, на кулан баланд гардидани сатхи хаети мардумро. Шууру афкори вай, муносибаташ ба хает ва мехнат дар давоми ин солхо тагьир наёфт. Афсус ки рохбарони кишвар гайр аз кадру киммати худ, «инчики» ва «хавобаланди» худ дигар хеч чизро намедонанд. Онхо дар бораи кадру киммати мардум ва чи гунна гузаштагони бузург доштани худро фаромуш кардаанд.

Имруз яке аз муаммохои пурдардтарин барои мамлакат ва давлатхои хамхудуд сохтмони ГЭС-и Рогун мебошад, ки сохтмони он хамаро ба ташвиш овардааст, Иншооти оби дар яке аз чойхои серзилзила чойгир шудааст, ки ба хар навъ дар он чо сохтани иншоти калон гумон аст.

Ахолии гирду атрофии он, асосан пунктхои ахолиниши «Рогун», «Рогун-2», «Вайрон», «Каскон», «Пиджак», «Пионеробод» мебошанд, ки дар хар як пункт аз 2 то 3 хазор нафар кас зисту зиндагони мекунанд.

Гуфтан чоиз аст, ки дар холати вайрон гардидани платинаи обба нохушихо — халокати ахолии дучор шудан мумкин аст.

Бо хамин сабаб ахолии пункгхои дар боло номбаркарда, аз тарафи 50-60 кас, моххои апрел, май ва аввали август чандин маротиба бо хат ба рохбарони кишвар бо максади катъ кардани сохтмони ГЭС мурожиат карда буданд. Аммо аз тарафи рохбарон ягон чорае дида нашуд. Ва мурожиати ахолиро гайрижидди хисобиданд. Холл он ки ахоли бо Карори Хукумат бояд дар давраи кутох тез аз он маскан, яъне гирду атрофии ГЭС ба дигар чо кучонда шаванд. Вале ин Карор то имруз ичро нагардидааст. Сабаб, норасоии маблаги зарури мебошад, ки ин кор ба «пагох» монда шуда истодааст. Албатта бо чунин муносибати рохбарони кишвар нисбати ахоли, изхори бовари нисбат ба амалдорон ва хусусан рохбари давлат пас мешавад.

Ба ин сохтмони иншооти оби на танхо давлатхои хамхудуд, балки кисми зиеди мардуми Точикистон зид мебошад, чунки дар холати аз кор баромадани платинаи об, ба чи нохуши оварда расондани онро хеле хуб медонанд.

Бо сабаби аз ваъдаи ерии иктисоди набаромадани «бародарони рус» «гурухи Рахмон» чораи чалб кардани ба ин сохтмони «иншооти бузурги оби» сармояи хитойиро меебад. Аммо аз тарафи Хитой танхо чойи сохтмони платинаи оби ва рафти таъмири он дида баромада мешавад.

Гуфтан чоиз аст, ки бо сабаби норасоии мутахассисони сохибмалака ва масолехи сифатноки бинокори, корхои асосии сохтмон аз тарафи коргарони Точикистони, ки ягон малакаи кори сохтмони ин «иншооти бузурги оби» -ро надоранд, бурда мешавад.

Ваъият хеле вазнин мегардад.

Аз чумла аз тарафи мутахассисони Хитой корхои таркиши зеризамини дар худудхои вилояти Автономии Бадахшони Кухи, (дар чойхое ки конхои метали камефти зеризамини мавчуд аст) ки аз Эмомали Рахмонба дастдароварда шуда буд, бурда истодаанд. Хусусан рузхои 20-21 июли соли чори дар чараени гузаронидани таркишхои зеризамини аз тарафи мутахассисони Хитой дар худуди ВАБК заминчунби бо бали паст ба кайд гиритфа шуда буд. Аммо дар холати заминчунбии бо бали паст, ки дар чарени гузародидани таркиш ба вучуд омада буд, дар канорхои дурдасти шахри Душанбе таконхои зеризамини ба кайд гирифта шуданд.

Аз ин чост, ки дар ояндаи наздик дар чараени такроршавии чунин таконхои зеризамини бо иштироки мутаххасисони хитойи, аз кор баромадани платинаи ГЭС-и Рогун ногузир буда, ба ходисахои нохуш, натичахои гайридилхост оварда расонданаш ачаб не.

Сазовори диккат аст, ки Хитойихо дар давоми 10-15 сол бо «парма кардан» ва «таркиш»-и сангхои Точикистон машгул мешаванд. Ин маънои онро дордц, ки чунин зилзилахои зеризаминиро халки Точикистон доим хис карда меистад.

Дар айни холл рохбари давлат бо «инчикихо» ва «хавобалади» -и худ бознамеистад, баръакс у дар кофтукоби якчанд варианта алтернативи (имконпазири) барои бо молия таъмин намудани сохтмони «иншооти обии бузург» Рогун машгул аст.

Вактхои охир сарвари мамлакат бо бовари ва умедхои калон «интизор» -и ёри ва «садака» барои Рогун аз тарафи шарикони Покистони ва Эронихо мебошад.

Хамин тавр имрузхо сарвари хукумати Точикистон дар интизори гирифтани цемент аз руи тарифи имтиезнок барои ГЭС-и Рогун аз Чумхурии Ислимии Покистон аст.

Якчоя бо ин чуноне мегуянд сиесати хавобаландона» -и Рахмон аз тарафи давлати Эрон, ки вактхои охир дар замини точикистон барои экспорт ва мазхаби шиаи Эрон «равзан» кушодааст, дастгири карда мешавад.

Гуфтан чоиз аст, дар ин холат худи экспортхои точик ба мувофики максад будани сохтмони ГЭС -и Рогун шубха мекунанд. Таъкид менамоянд, ки дар «чамъомади махдуд» -и экспортхои точик, катъ намудани сохтмони иншооти оби пешниход карда шудааст. Асосан ба фикри экспортхо, баландии сарбанд аз 80 метр, бо сабаби серзилзила будани ин жой, боло шуда наметавонад. Дар холати вайроншавии платина, об платинаи Норакро, ки имрузхо объектхои мухими кишварро бо барк таъмин менамояд, аз кор мебарорад. Дар ин бора чандин маротиба ба сарвари мамлакат бо маърузаи хисоботи хабар дода шуда буд.

Аммо сарвари мамлакат «изхор» хам нанамуд, то ки ба ин маърузахо назар кунад, баръакс аз аъзоени комиссияи экспорт талаб намуд, то ки ин маълумотхо несту нобуд карда шаванд.

Гайр аз ин вактхои охир дар кишвар фактхои норозиги нисбати сохтмони ГЭС аз тарафи точикони «зиёи» ба кайд гирифта шудааст. Алалхусус баромади шоираи шинохта, шоираи дустдоштаи мардум Гулрухсор Сафиева (фарзанди нохияи Нуробод) чолиби диккат аст. У бо шеърхои аз чоп бароадаи худ байни мардуми нохяи Нуробод баромад карда муносибати худро нисбат ба сохтмони ГЭС-и Рогун изхор намудаст.

Баромади охирин албатта муносибати халкро ба бе саллохиятии Рахмон нисбати ичрои корхои мухими кишвар баен менамояд ва проекта Рогунро «Хатой Эмомали Рахмон» меноманд.