Хамаи мо дар бораи корхои чиноятии «кавми Рахмоновхо» нисбати «фаъолияти корчалони»-и онхо шунидаем ва то хол мешунавем. Ин албатта барои мардуми кишвари ман ва на танхо мардуми ман, балки берун аз он хам,ки хеле хуб медонанд, навигарие намебошад. Бо ин кирду кор сарвари мамлакат ва хешу акрабои он мардумро дар холати вазнин оварда расондааст.

Аз руи маълумоти ходими Кумитаи Давлатии бехатарии миллии Точикистон Яраш Очилов, ба мо дар бораи базе аз катъият ‘ ва инчикихои президент маълумоте пайдо кард.

Хамин тарик сарвари мамлакат Э.Рахмон хамасола дар рузхои гармии тобистон, вактхои холи аз корхои давлати, пинхони ба шахри Дангара, ба вохурии хамсинфон ва ташкил намудани шабниши, ташриф мефармояд. Ба шабнишини инчунин муаллимони мактаби президент таклиф карда мешаванд. Дар рафти шабнишинии охирин аз тарафи сарвари мамлакат ба 10 нафар хамсинфон калиги мошинахои маркаи хоричи ба сифати тухфа такдим карда мешавад. Якчоя бо ин, аз маълумоти Дилшод Ашуров маълум мегардад,ки президент ишкбози аспон будааст ва намуди варзиши савораро дуст медоштааст. Холи хозир дар шахри Душанбе, дар саисхонаи президент кариб 15 -20 аспхои камёби зоти, ки бисьёрии онхо тухфаи президенти Туркманистон мебошад, парвариш карда мешаванд.

Хар мох дар майдони аспдавонии шахри Душанбе, ки дар тарафи Бетонка ном чойи шахр чойгир аст,аспдавони бо иштироки аспони президент ташкил карда мешавад.

Ба кариби байни сарвари мамлакат ва писари у Рустам низоъе шуда гузашт, ки падар дар газаб омада, писари саркаши худро «гусфанд» (каллакаду) номид. Пас аз низоъи сарвари мамлакат бо писари худ Рустам ,писараш ба саисхонаи падараш, ки дар канори шахри Душанбе чойгир шудааст, рафта, яке аз аспхои дустдоштаи президентро, ки аз зоти ахалтекин буду алохида парвариш карда мешуд, бо аспони нари дигар зот якчоя дар давоми як мох нигох медорад.Пас аз якмохи дар он чо будан ва албатта дар як мохи алока бо аспхои зотхои гуногун, аспи дустдоштаи президент ба холати бехолшави омада мерасад. Албатта ин рафтори писар, падарро боз хам бисьёртар ба газаб меоварад.

Пас аз ин маълумотхо ба чи хулоса омадан мумкин аст. Аз ин чо маълум мегардад, ки сарвари мамлакати мо бештар бо гузаронидани вактхои холии худ машгул аст на бо корхои давалати. Хол он ки у дар вактхои холи метавонад роххои хаети хуби зиндаги, дигаргунихои кулли дар хаети ичтимои — сиеси ва мадани — маънавии мардум биеебад. Принцип ва гояхои навро пешниход кунад, конун ва карорхо, дар бораи баланд бардоштани маънавияти чомеъа, тарбияи фарзандон, таълими онхо дар сатхи андозахои байналхалки, инкишофи мутаносиби шахсияти онхо, ки ояндаи чамъиятан, кабул кунад. Асархо нависад дар мавзуъхои рохи истиклол ва таракиети он, то ки пас аз худ номе монад….Чахонро гир бо аклу заковат, бо илму дониш, бо корнамоихои баланд гуфтаанд, на ин ки бо давондани аспхо ва айшу ишрат бо хамсинфони худ. Вакте ки мухити зиндаги дар оила вайрон аст, мухити кишварро у чи тавр хуб кунад.?