Алвидоъ, Лас-Книгас!

   Вақтҳои охир ҳис кардам, ки дар шабакаи чамъиятии Фейсбук вақтихудро бисёр мегузаронам. Бинобарин ба худ қавл додам ба магозаи китобфурушии дустдоштаам “Лас –книгас” рафта ягон китоб бихарам ва дар вақтҳои фориг ба чои дар ФБ нишастан ба мутолиаи китоб машгул шавам. Инчунин хеле вақт шуд, ки аз ин гипермаркети китоб дидан накардаам.
Соли гузашта зуд-зуд аз ончо диданмекардам.
Аввалин ташрифам ба ин магоза фаромушношуданист.
Боре дар торнигори нависандаи номдор Салим Аюбзод мақолаеро “дар бораи нависандаи турк Орхан Памук”
хондам. Пас аз чанд руз роҳам аз назди он магоза мегузашт ва ба хотирам он нависанда омад. Хостам китобе аз эчодиёти Памук бихарам ва вориди магоза шудам. Дар даруни магоза дар самти чапи даромадгоҳ дар курсие посбон нишаста буд, ки аз либосхояш маълум буд.
Баробари дидани ман аз чояш каменимхез шуда хост чизе бигуяд. Манба нигоҳи ҳайратовари у диккат надода бепарво ба суи рафи китобҳо равона шудам. Шояд бепарво вонамуд кардани ман буд,ки чизе гуфтанашро надонист танхо хайрон-хайрон маро назоратмекард. Шояд мехост бигуяд, ки “эй точик, инчо хлеб намефурушанд”? Ба ҳар ҳол ман аллакай дар огуши рафхои китоб будам ва сухани у ногуфта монд.
Дар байни рафҳои китоб маслихатгарон (консультант) рафтуо мекарданд. Дар чеҳраи онхо низ баробари маро дидан як ҳайрати хандаомез дида мешуд. Вабо хам чизе гуфта паст-паст механдиданд.
Аз тамошои китобхо лаззат мебурдам. Ва дар дил нақша мекашидам, ки вақте маош гирифтам ана ин ва ана вай китобро мехарам. Хаминтавр оҳиста ва бе саросемагй китобхороаз назар мегузарондам. Баробари ин кушиш мекардам симои худро на як муҳочири сохтмончй, балки гуё як донишманд ва босавод вонамуд намоям, аммо муяссарам нашуд ва маслиҳатгарон аз чор тараф ҳар як ҳаракати маро назорат мекарданд. Бо гушаи чашмам суяшон як нигоҳ партофтам. О ваҳ, посбон хам чои нишасташро партофта ба назорати ман омадааст. Худро дузд ҳис кардам, дузде ки мехохад дар лахзаи муносиб китоберо зери доман пинҳон карда, барад ва фурухта нон бихарад. То ҳадде худро нохинчор хис мекардам. На, на ноҳинчор, балки аз алам метаспидам. Мехостам суяшон дагал ва бо садои баланд гуям “Чй ин қадар нигох доред?! Чй точикон китоб намехонанд? Хамзабонону хамнажодони Хайёму Синову Мавлавй китоб намехонанд?! Ё хуқуқи китобхонй надоранд?? Равед аз паи коратон шавед! Халалнадихед, ман китоб интихоб карда истодаам “.
Эх, ки маро гуфт ба ин магоза даро?Э, кош намедаромадам.. Акнун ки даромадам набояд бекитоб берун оям.
Нихоят яке аз маслиҳатгарон бетокат шуда наздам омад ва бо табассум пурсид, ки чи хел китоб мечуям ва оё у ёрй дода метавонад. Дар табассуми у як навъ тамасхуре хувайдо буд, ки мегуфт “ин чо чй мечуй, ки ин магозаи хурока нест”. Дар ин лаҳзамехостам дар чашмонам айнаке булурин бошад. Айнаке мисли айнаки устодам профессор Турсунов. То айнакро каме поён карда аз болои он нигариста ба ин маслиҳатгардухтар нигарам ва посухаш диҳам.
Ба у посух додам, ки чизе аз навиштаҳои Орхан Памук мехоҳам. Табассуми маслиҳатгар баробари шунидани ин ном гайб зад ва акнун нигоҳи у тагир хурда буд.
“Они там, пройдёмте..” гуён суи дигар рафҳои китоб рафт. Ва ба як дона китоб ишора карда илова намуд, ки ягона китоби бокимондаи Памук аст. Номи китоб“Джевдетбей и сыновья” буд. Китобро ба даст гирифта як каме варақ задам. Дар пушти китоб нархнома часпонида шуда буд. О ваҳ, 800 рубли русй! Пулҳои кисаам наздик ба ҳазор рубл буданд.
Акнун майдон, ки баромадам дигарчои қафо гаштан набуд. Китобро гирифта назди “касса” рафтам ва ҳисобй карда аз магоза баромадам.Баъд аз ин ҳар боре ки ба ин магоза мерафтам маро бо чеҳраи кушод ва эҳтиром хидматрасонй мекарданд. Ва хатто агар бехарид магозаро тарк намоям ҳам бо чеҳраи кушода хайрухуш мекарданд.
Чун имруз пой суи магоза ниходам,аммо он пушида буд. Аз руи речаи кори бояд кушода бошад, ҳайрон шуда мунтазир истодам. Аз дари даромадгоҳи хидматии магоза занемиёнасол берун шуд. Аз у пурсидам, ки чаро магоза боз нест. Посух дод, ки компанияи “Книгомир” муфлис шуд ва магоза дигар кор намекунад.

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий