АГАР ЗАН МУХОЧИР БОШАД…

 


Агар зан муњољир бошад…


 


Муњољирати мењнатї имрузњо симои занона гирифта  дар ду соли охир аз Тољикистон њам занону духтарони зиёде ру ба муњољират овардаанд. Муњољирати зан бе фарзандон аслан як унсури ногањониву бадбахтист. Чун дур будани модар аз фарзанд ин тамоман нодуруст аст, њам аз нигоњи психологї ва њам аз љињати маънавї.


Вале агар аз дигар тараф амиќ мушоњида намоем, муњољирати занњо ќисми зиёдашон аз ночорист. Шароити вазнини зиндагї маљбурашон карда , ки ру ба мардикорї биёранд. Аммо дар муњољират дар   Русия  барои занхо хеле мушкил  аст, агар зан забони русиро надонад, маълумоти олї надошта бошад.


Занњо дар муњољирати мењнатї ба мушкилихои зиёд дучор шуда бисёр ваќт намедонанд, ки аз кї мадад љуянд, ба куљо мурољиат намоянд.


Аз мушоњидаву  тадќиќотхои истифодабурдаам гулчини силсиламаколањоро руйи ќоѓаз овардам. Инак, хонандаи азиз, хулоса аз туст.


 


          Худкушии духтари 17 сола


 


Модари тољик аз шањри Хуљанд бо ду духтару писаронаш ба шањри Санкт-Петербург барои мардикорї мераванд. Дар мањаллаи Гатчинаи шањри Питер хоначаеро иљора гирифта якљоя зиндагї мекунанд. Азбаскї духтари калониаш Мутриба забони русиро аз кудакиаш хуб медонисту њарф мезад, дар заводи пеши хонаашон уро ба њайси барномасози компютерї ба кор гирифтанд. Маошаш хеле хуб буд. Дар як моњ 18000 рубли русї маош мегирифт.  Модар дар њамон завод ба басти шабона ба њайси фаррош ба кор даромад. Хуллас, писараш њам ба кор даромад. Пули калон љамъ карданд. Ният доштанд, ки њамин хонаро дар Питер харидорї карда њамин љо муќимї мешаванд. Аммо…шабе ..


Он шаб модар дар басти шабона буд. Мутриба баъди кор ба хона омада хамир карду самбусаи гуштин пухт. Самбусахои гармро ба табаке монда печониду ба хоњараш гуфт, ки модарам субњ хаста меояд, ин самбусањо барои уст.


Сипас худаш куртаи навашро пушида муйњояшро шона зад. Ба хоњараш гуфт, ки банде ёбад. Хоњараш њайрон пурсид, ки бандро чї кор мекунї?  У дуѓ зада гуфт, ки корат набошад. Ва оњиста аз хона баромад. Соат дувуними шаб буд. Хоњараш Муниба аз пушти ў  поида-поида омадан гирифт. Мутриба ба даруни љангал рањсипор шуд. Муниба аз паси ў. Ресмони канабиро гирифту ба дарахт баромад. Муниба дод зада суол  дод, ки апачон чи коре мекунї.


-Ман дигар зистан намехоњам.


Муниба додгуён ба тарафи завод шитофт. Аммо аз торикї  тарсида пас гашт. Мутриба аллакай дар ин ваќт ресмонро ба шохи дарахт баста онро ба гарданаш андохт. Муниба зорї карда аз пойњои апаш дошту кашид бехабар. Мутриба бе овоз як њиќ гуфту дар ресмон љон дод. Муниба додгуён ба тарафи завод шитофт. Аз ќаровули завод илтимос кард, ки ба телефонии модараш занг занад. Њангоме, ки ба модараш Муќаддас хабари худкушии духтарашро расониданд, у гирёну пойлуч дар хавои зимистон ба суйи чангал давид. Аммо хеле дер шуда буд, часади Мутриба дар дарахт овезон, нигоњњояш пушаймон аз барфи зиёд борида истода ях баста буд. Модар ба кормандони завод рафта гуфт, ки омада барои гирифтани љасади духтараш кумак намоянд.Модар њанузам гумон дошт, ки  у зинда аст. Ба беморхонаи мошини таъљилї занг зад, аз он љо посух доданд, ки дар ин гуна    њодисањо фаќат кормандони полисро фарёд кардан лозим аст. Ќаровули завод њам гуфт, ки то омадани милиса у њаќ надорад, ки љасадро аз љояш љунбонад.


Модар бо духтари хурдиаш аз соати 3-и шаб то 10-и сањар дар таги дарахт ларзидаву хунук хурда назди љасади овезони духтари 17 солааш истод. Соати 10-и субњ мошини кормандони милиса омада сурати љасадро гирифтанд ва љойи њодисаро ќайд карданд. Ваќте, ки мошини боркаши морги Гатчина омад, доду ѓиреви модари зор ба фалак печид. У гирякунон мегуфт:


-Охир духтараки ман њамеша хунукхурак буд, чи хел уро ба яхдон мебаранд-а..


Љасади духтаракро ба мошин бор карда ба морг бурданд. Модар то бегоњї гирд-гирди морг медавиду мегирист.Намедонист, ки ба кї мурољиат кунад. Як шиносе гуфт, ки ба бародар Неъмати Бобочон занг зада  кумак пурсад. Бародари савобљу Неъмат зуд таъљилї расида омаду кафани харида овард. Аз ману  њамсараш хоњиш кард , ки ба хотири љинси зан буданаш мо љасадро мувофиќи таомули мусалмонї  шуем.


Мо њам бегуфтугу розї шудем. Баъди љасадро бо русуми  мусулмони шустан уро кафан пушонидем. Љасади духтараки тољик рузи дигар ба зодгоњаш бо модараш интиќол гардид.


Сабаби рух додани худкушии Мутриба то њануз кушода нашуда овозаву тахминњо зиёданд. Модар наќл кард, ки чизеро намедонад. Хоњараш наќл кард, ки љавони тољики душанбегиеро њамин љо дида апааш шинос мешавад. Байни онњо ишќу ошиќї пайдо мешавад. Аммо гуё љавон  таъљилан чипта харида, ба ватан меравад ва ба Мутриба чизе намегуяд. Ба Мутриба хабар мерасад, ки љавон гуё дар ватан туйи домоди дошта зан мегирифтааст. Шояд яке аз сабабњои худкушии Мутриба њамин бошад. Аммо дугонаи наздиктарини Мутриба Надя ин тахминро раъд карда гуфт, ки сабаби худкушии Мутриба љангу чидоли оилавї, таъзиќи пайдарпайи модари Мутриба мебошад. Вале њануз аз марги Мутриба ду руз нагузашта, љавони ношиносе ба телефонии мобилии бародар Неъмат занг зада мегуяд, ки «сабаби марги духтарак ин зирехи тиллоие мебошад, ки кадом хушдораш ба Мутриба њадя кардаасту  модар барои  ин уро љанг карда зирењи тиллоиро аз дасташ  гирифтааст». Хуллас, худкушии Мутриба то имруз муаммо мондааст.


                   Халтураи дуруѓин барои занњои муњочир…


 


Кори иловагиро дар Русия халтура мегуянд. Аммо боз њам нафароне пайдо мешаванд, ки аз зудбоварии занону духтарони муњочир истифода бурда, онњоро бо найранг ба кори халтура фарёд мекунанду ё пулашонро намедињанд ва ё барои дигар корњои ифлосашон истифода мебаранд. Ду нафар занони муњољир эълонеро дар куча дида онро канда мегиранду ба њамон раќам занг мезананд. Гуширо љавони тољике мебардорад. Оромона бо онњо суњбат карда мегуяд, ки дар фалон бинои истиќомати кори шабонаи тирезашуйї њаст, марњамат, агар хоњанд, шабаш 1000 рубли русї аст. Онњо чизе нагуфта хурсандона розї шуданд. Дилашон њељ бад намебурд, ки њамвтанашон як љавони тољик дидаву дониста онњоро фиреб кунад. Соати гуфтаги ба њамон нишонї омаданд. Аллакай назди бинои истиќоматии нимтаёр 10 нафар занону духтарони узбеку тољик мунтазир меистоданд. Марди озарие омада онњоро пешвоз гирифту ба даруни бино роњнамої кард. Гуфт, ки то омадани раис дар хонае нишинанд. Дари њуљраро аз берун мањкам карда баромад. Телефони мобилиашонро аз дасташон љамъ карда гирифт. Баъди тахминан ним соат марди озарї бо марди тоссари гурљинамое вориди њуљра шуданд. Онњо њарисона ба духтарони нисбатан љавону зеботар нигариста аз 12 нафар 7 нафарро интихоб карда ба дигар љо бурданд. Ба занњои боќимондаи синну солашон рафта даѓалона нигариста гуфтанд, ки  то омадани онњо тирезањоро шуянд. Њамаи лавозимоти лозимаро барои шустани тирезањои нав таъмиркарда шуда омода карданд. Ин занњо то субњ дам нагирифта 10 њуљраро тоза карда тирезањоро шустанд. Субњи солењон он 10 нафар љавонзанњоро гашта оварданд. Аз чењраи яке, ки лабонаш кафидаву хуншор буд, пай бурдан душвор набуд, ки чи њодисаи мудњише бо эшон рух додааст. Холаи Сомия оњиста назди њамон духтарак рафта сабаб пурсид. У бо алам гуфт, ки халтура дуруѓ аст. Ин кори њамватаноне мебошад, ки миёнарави карда ба мардуми пулдори озариву гурљї духтарони њамшањрии худро барои муносибатњои шањвонї  мефурушанд. Ба  занњои тирезашу 600 рубли доданду халос. Њангоми бозгашт ба онњо гуфтанд, ки агар љое шикоят бубаранд, меёбанду њаром мекушандашон. Боз илова карданд, ки Питер шањри криминалї асту касе  сабаби мурдани онњоро суроѓ намекунад.


 


       Њамљинсбозии занњои сарватманд..


Аз руйи эълон Замира кофта кофта ба дењоти дурдасти Питер меравад. Соњиби бинои боњашаммат Лидия , ки синну солаш аз 54 боло набуд, уро хуш пазируфта мегуяд, ки аз ин пас хидматгори хонааш мешавад. Маошаш дар як мох 40000рубли руси аст. Замира аз хурсанди чойи нишаст намеёфт. Охир дар ватан модару падари маъюб ва чор фарзанди кучак дорад. Шавњараш ба мардикорї рафта зани рус гирифт ва дигар зану кудаконашро суроѓ накард. Замира аз ноилољї ва тангии рузѓор ру ба Русия овард. Моњи аввал Лидияхонум симои ќабењашро нишон надода бо Замира муносибати хуб кард. Аммо моњи дуввум гоњњо шабона ба љойи хобби Замира омада бо у амалњои ѓайризанонаро анљом медодаги шуд. Рўзе аз норозигии Замира ќањраш омада гуфт, ки ё маъшуќаи ман мешавї , ё ба муњофизонам мегуям, туро ягон љо зинда дар љангал хок мекунанд.


Њамин тавр Замира бо ин хонуми зишќабењ њамљинсбози мекардагї шуд. Вале рўзе бо бањонаи харидани савѓо ба хонаводааш ба бозор рафту таъљилї  чипта харида  ба ватан парвоз кард…..


(идома дорад)


ШАЊЛОИ НАЉМИДДИН,


 


 


 


 


 


 


 


 


 


 


 


 

Что вы думаете об этом?