АГАР ЗАН МУХОЧИР БОШАД(ДАВОМАШ)

Агар зан муњољир бошад…


Модари тољик дар бозори Сеннойи шањри Питер ба меватозакунї машѓул буд. Ногањонї телефонии мобилиаш занг заду у гуширо бардошт:


-Чї? Писарамро фура пахш кард..Вой дод, хонаам сухт..


Бењушу беёд  ба замини сард фитод. Њамватанон гирди ў љамъ омада ба руяш об пошиданд. Модар њангоме, ки ба худ омад, фаќат номи писари муњољирашро ба забон мегирифт.


-Саидљонам.. Модар бо њамроњии дигар њамќишлоќињо ба бозори Сафийский рафтанд. Аммо аллакай љасади сардгаштаи љавони 22 соларо , ки бар асари бархурдан ба мошини калони фура ба њалокат расида буд, ба морг бурда буданд. Модар ба морг равона шуд. Нигоњи вопасини бењисси писарашро бори охирин дидан мехост:


-Оњ бачаљон, ман ба кофтукоби ту омадаму њануз аз дидорат сер нашуда ту маро тарк карди. Кошкї Худованд ними умри маро ба ту медод.


Чор сол пеш Саидљон ба мардикорї омада буд. Модар ба љустуљуйи писар омада њамин љо ба корњои майда чуйда машѓул шуд. Бо умеде, ки якљоя пул љамъ карда њарду ба ватан баргашта уро хонадор месозанд. Аммо имруз модари зор пули доштаашро барои бурдани гроби писар сарф карду бо   дили садпора роњи ватанро пеш гирифт.


             Зањролуд шудани муњољирзанони тољик


Чор нафар занони муњољири тољик дар хонаи сарватманде берун аз шањр ба картошкачинї машѓул буданд. Бегоњї њангоми хурок пухтан яке аз занњои муњољир ба љойи оби тоза оби кайњо тањшиншудаи чандваќтистодаро ба шурбо андохту ањамияте надод. Баъди хуроки бегоњиро боиштињо хурдан ногањонї шиками њама занњоро дарди шадиде фаро гирифт. Соњиби хона тарсида зуд мошини ёрии таъљилиро фарёд кард. Дар беморхона танњо якеро аз  чанголи марг халос карда тавонистанду халос. Сеи  дигар вафот карданд. Сабаби марги онњо оби муши мурдаи марги муш хурда буд.


       Хољаи фиребгар


Марди синну сол рафтаи њамватане дар бозорњои шањри Питер гашта занону духтаронро ташвиќ мекард, ки ба коргоњи навтаъсис додаи онњо ба кор биёянд. Гуфт, ки онњо цехи селофансозї сохтаанд. Маоши якмоњаи занњо ба 30000 рубли руссї баробар мебошад. Баъзе занњои корљу ба ин мард бовар карда ба нишонии гуфтаи ў ба кор рафтанд. Тўли 15 рўз занњо шабу рўз мењнат карда селофан истењсол мекарданд. Аммо рўзи 16 ум марди њамватан куљое  ѓайб заду зани русе омада гуфт, ки кор тамом шуду онњо се руз истироњат намоянд. Маошашонро баъди се руз мегиранд. Занњо бовар карда баъди се руз ба љустуљуйи кордињандагон омаданд. Аммо аз онњо на пай буду на њайдар. Кормандони завод гуфтанд, ки ин нафарон пули андозу иљораро насупоридаанду  ба ин хотир фаъолияти онњоро манъ кардаанд. Муддати хеле зиёд занњои фиребхурда он њамватани дуруѓгуро кофтанд, вале ному насаби аслии уро намедонист.


                              Ба ивази як гурда хона


Зани тољике дар шањри Санкт-Петербург дар рузномањо эълонњоеро дид, ки ба чашмонаш бовар намекард.  Хеле зиёд андеша намуд, сипас ба хулосаи љиддие омад, ки дигар аз фикраш барнамегардад. Охир шавњараш кайњо хоку туроб шуда ба дўши ў масъулияти калон кардани панљ фарзанд аст. Дар ватан бошад хонахарї хеле хеле мушкил ва имконнопазир мебошад. Оќибат баъди андешањои бисёр у ру ба яке аз клиникањои шахсї роњ гирифт. Забонхат навишт, ки ихтиёран  як гурдаи солимашро медињаду дар сурати ягон воќеъа ба њаёташ хатарнок рух додан аз духтурон давогарї надорад. Аввал тули   як моњ бадани уро пурра аз ташхиси тиббї гузарониданд. Сипас ба љарроњї омодааш намуданд.  Љарроњї бомуваффаќият гузашту  ў соњиби 18000 доллари амрикої гардид. Ба болояш  боз пул монда хонаи дуњуљрагї дар мањаллаи   Зарафшон харид. Ваќте ки ин зан ба ман гурдафурушиашро наќл кард, дар охир илова кард:


-Агар мешуд, ин гурдаамро њам мефурухтам. Аммо дар клиника гуфтанд, ки расмї гурдафурушї манъ аст ва ман бояд њарчї зудтар Русияро барои бехатариам тарк намоям. Ва аз карда пушаймон нестам. Њарчанд баъди ин саломатиам нољо асту доимо фишорам баланд мешавад. Аммо хушбахтии фарзандонамро дида дардамро фаромуш мекунам.


      Модари девона


Дар Питер зани тољике дар бозор кор мекунад, ки њатто кормандони полис аз ў њазар мекунанд.Мардум байни худ мегуянд:


-Ў девона аст. Ба ў кордор нашавед.


Гоњњо ба сари харидорон  худ ба худ дод мезанад. Гиря мекунад. Гоњњо хомушу бесадо либосњои куњнаро савдо мекунад. Кўњнафуруш аст ў. Як нафар дусте наќл кард, ки ин зан девона нест. Ѓами фарзанди мурдааш уро ба чунин љунунї расонида. Охир 7 сол пештар писари 18 солаашро пеши чашмонаш мањалгарони   рус  бо арматур зада кушта буданд. Баъди марги ягонаписар зан тайѓир ёфт. Ба дарди ѓамбодда гирифтор шудааст модари фарзандгумкарда…


                         Муњољирзани фарзанди падар гумкарда…


Як хоњару бародари хеле бо њам мушфиќу мењрубон дар маѓозае ба савдои меваву сабзавот машѓул буданд. Субње бародар ба кор меравам гуён барваќттар баромаду дигар ба хона барнагашт. Садбарг њайрону сарсон ба чор тараф давид. Вале, њайњот аз бародар дараке набуд.  Аз байн 10 сол гузашт. Садбарг фарзандонашро аз ватан оварда њамроњаш  дар маѓоза ба кор монд. Аммо њанузам хоњари бародаргумкарда фарзанди ягонаи падариро љуё буд. Чашмонаш ба роњи бародар чор буданд. Шабе набуд ки ў сари љойнамоз ба худо аз бародар розу ниёз накунад. Рўзе як шиносе хабаре овард. Гуё бародари Садбаргро дар љумњурии Чеченистон њангоми гадої дар масљиде дидаанд. Аммо ў касеро нашинохта њамватанонро бо дашном аз назди худ пеш кардааст. Садбарг аз хурсандї љойи нишасташро намеёфт. Пулњои пасандозашро љамъ карда акнун ба Чеченистон рафтанист ба љустуљуйи бародар…


                 


 ШАХЛОИ НАЧМИДДИН

Напишите свой комментарий