АГАР ЗАН МУХОЧИР БОШАД…

 


Агар зан муњољир бошад…


 


Фиреби «ширкатњои тарљумонї»


 


Дар кулли эълонњои дар ФР дар њафтаномањо нашр гардида ба назар мерасад, ки  бо њарфњои калону зебо навишта шудааст:


«Духтарони зебои то синни 35 сола , ки лаёќати донистани забонњои хориљиро доранд, мо ба кори хубу даромаднок даъват менамоем. Љойи хоб бепул, роњкиро аз њисоби ширкати тарљумонї. Суроѓа…»


Духтараки њисорї Замира .Л. ки забони инглисиро ба хубї медонист, хурсандона раќами телефонии ширкатро гирифта занг зад. Баъди сўњбат бо менеджери ширкат ў худро орову торо дода ба њамон суроѓа рањсипор гардид.Раиси ширкат Людмила Иванова уро хеле хуш пазирої карда гуфт, ки зодаи кадом миллат аст?


-Тољикистон.


-Хеле хуб. Духтарони тољик хеле зебоянд. Шумо ба ѓайр аз забони инглисї боз кадом забонњоро медонед?


-Форсиро хуб медонам.


-Бисёр њам хуб аст. Дар Питер хешу таборе доред?


-Не, ман дар ватан ба мушкилињои иќтисодї дучор шуда  ноилољ ру ба Русия овардам.


Аз ин љавоби содалавхонаи  духтари зебои тољик Людмила сахт хушнуд гардиду аз дил гузаронид:


..Бехтарин. Касе надоштааст. Агар ягон воќеъа руй дињад, касе суроѓаш намекунад. Боз хеле зебо будааст.


-Мо ба ту дар се моњи аввал 80000 рубли руси маош медињем. Баъд боз мебинем, ки ту то чї андоза гуфтањои моро иљро мекунї.


Бо шунидани чунин маоши хеле баланд ќариб ки Замира аз хурсандї дод занад.


Рўзи аввали корї уро ба кошонаи њусн бурда чунон рангу пардозаш доданд, ки каси дидагї хаёл мекард, духтараке аз киноњои голиввуд ин љо нишастааст. Баъд назди компютер шинонда чи тарз бо компютер кор карданро нишон доданд. Аксашро дар њар лањза сабт карданд. Сипас гуфтанд, к ибо забони инглисї калимањои «Ман туро дуст медорам», «Бо ту будан мехоњам»-ро такрор ба такрор хеле оромона ва боњарорат ба забон орад. Ин машќкунї ќариб се рўз идома ёфт. Аввал Замираи аз олами ифлос бехабар ба ин ањамияте надод.  Дар ин се рўзи машќкунї ба ў 10000 рубли руси аванс доданд.  Акнун Замира ба кори асосї омода шуда буд. Устодаш Надья наздаш омаду гуфт:


-Имрўз дар сайтамон як шайхи арабро ба воситаи суханњои шањвонї  ба дараљаи ќаноатмандї мерасонї.


-Нафањмидам, чи тавр?


-Тавре дар  камераи интернетї љилваву ноз мекунї, ки ин араби беаќл аз ишќат девона шавад. Бо забони форсї њарф  мезанї.


Замира акнун пай бурд, ки паси ин тарљумонї чи доѓи ѓализе нињон аст. Аммо дер шуда буд. Ў ноилољ имруз чизе нагуфта ба кор сар кард.  Араби синну солаш ба љое расида дар камераи видеоии интернет чунон наѓмаву усулњое мекард, ки аз диданаш дили Замира бењузур шуд.  Ў худро базур аз ханда дошту бо лањни форсї  бо ў бозињои виртуалиро идома дод. Бегоњї Людмила уро назди худ љеѓ зада табрик кард. Ба дасташ боз 10000 рубли руси доду гуфт, ки метавонад пагоњаш истироњат кунад. Замира бо бањонаи либосњоямро аз хонаи иљора  меорам гуён  баромада рафту худи њамон замон ба Маскав чипта харида ба воситаи ќатора ба назди духтари холааш фирор кард. То дер гоњ њамхонањои Замираро одамони Людмила фишор оварда суроѓаи Замираро пурсон шуданд. …


                Дасти буридаи муњољирзан


Дар бозори Апраскини шањри Питер корхонаи хурди нонпазї фаъолият мекунад. Дар ин корхона асосан занњои тољики Самарќанд кор мекунанд. Маоши кориашон њарруза мебошад .  Рўзе шоњиди воќеъае шудам.


Зани Самарќандї Фароѓат ногањон доду вой карда аз коргоњ давид. Атрофиён кунљкобона ба ў нигаристанд. Ангуштону дастони Фароѓат бурида шуда кашол меистоданд. Аз дидани ин љароњати  ў дили кас хун мешуд. Ман њам давида рафтам.


-Чї шуд?


-Њангоми хлебпазї, асбоби теѓи ногањонї дастамро бурид. Раисамон маро бароварда пеш кард. Ман бошам корамро гум карданї нестам. Фароѓат ин њангом аз сузиши љароњати бардоштааш он ќадар намесухт, баръакс барои он мегирист, ки агар уро аз кор пеш кунанд, онгањ дар ватан ањволи модари бемору чор фарзанди чашминтизораш чї мешавад?


-Чї магар коргоњи шумо барои коргарон пункти тиббї надорад?


-Аз куљо?


-О давида ба беморхона рав.


-Не, агар ба беморхона равам, маро аз кор пеш мекунанд.


-Э апа, саломатї муњим бошад, кор ёфт мешавад.


Аммо Фароѓат ба гапи ман ањамияте надода дастонашро каме   шакар пошиду сипас бо руймоле сахт баста бозгашт ба корхона рафт. То бегоњї дар корхона тоќат карда кор мекунад  ба  хотири   гум   накардани кораш. Вале  бегоњї аз зиёд рафтани хун ў бењушу беёд меафтаду њамкоронаш ба мошини ёрии таъљилї занг мезананд.


 


Муњољирзанон-манбаи  «донори кудак»


Дар кучаву хиёбонњо эълонњое ба чашм мерасанд, ки «занони солими то 35 соларо  (махсусан аз Осиёи Миёна) барои бордоршавии сунъї даъват менамоянд»


Љавонзани узбек Анора, ки сахт эњтиёљманди пул буд, ин эълонњоро дида ба њамон суроѓа рафт.  Љавонзани 30 солаи зебову солим диќќати директории фирмаро ба худ љалб карду шарти бордоршавии сунъиро гуфта дод.


«Зан бояд аввал њаматарафа аз ташхиси тиббї гузарад. Сипас ба  нутфаи ў  ба воситаи сузандору тухми аллакай бордоршударо мегузаронанд. Аммо  зан дар як љойи махсус зиндагї карда њамеша дар назорати духтурон меистад. Сипас кудак ки тавлид ёфт, кудакро мегиранду ба у пули ваъдагї ба маблаѓи 20000 долларо медињанд. Анора бечуну чаро розї шуд. Вале њангоми таввалуд фишори хунаш якбора баланд шуду ў сари мизи љарроњї бо олам падруд гуфт. Духтурони фирма барои рупуш кардани найрангњои хеш љасади уро  бея гон ташхис бурда дар криматорияи морг сузониданд.


     Санитари морг


Зулайхо њангоме, ки ба муњољират ба шањри Питер рафт, касеро намедонисту намешинохт. Аммо забони русиро хеле хуб медонист. Тасодуфан  шиносе гуфт, ки агар хоњад, кори хубу серпуле барояш пайдо кардааст. Зулайхо бо љону дил розї шуд. Аммо њануз намедонист, ки ин кори серпул чи корест. Шиносаш Зулайхоро ба морги мањаллаи Гатчина бурд. Зулайхо дар аввал њайрон шуд, ки чаро мањз морг. Аммо баъд санитарии морг омада гуфт, ки агар хоњад, як моњ аз онњо кор меомузаду сипас худаш мустаќилона ба пардози  љасадњо мепардозад. Асоси кори морг-ин пардози љасадњо мебошад. Мурдањои насронињову     католикњоро пеш аз гуронидан онњо бо таври фармоишї рангу пардоз  медоданд. Ба  Зулайхо гуфтанд, ки маоши як рузааш  ба   2000 рубли руси баробар  аст. Аз шунидани чунин маоши баланд Зулайхо нањаросида ба ин кор розї шуд. Санитари морг гуфт:


-Шумо њаргиз аз мурда натарсед. Мурда дигар чизе надорад. Аз зиндањо тарсед, ки ба њама кор ќодиранд.


Зулайхо рўзи аввал љасади кампиракеро пардоз дод. Хешовандони кампир супориш  доданд, ки  уро бо упои фаронсавї  , кремњои гаронбањо пардоз дињад. Њарчанд ба тани љасад балзами махсуси спиртї молида бошанд њам, ў буйи мурдор мекард. Зулайхо дилаш бењузур шуда худро рузи аввали корї бад  њис кард. Вале хотири пул худро мардонавор дошту ба пардоз оѓоз кард. Дастонаш меларзиданд. Ба гумонаш ки  кампир њозир аз љояш мехезад.


Баъди пардоз ба ў либосњои ќимматбањо   пушониданд.   Зулайхо њарчанд он бегоњї 2000 рубли русї ба даст гирифта бошад њам, дигар ба кор нарафт. Муддати ду моњ вањмакї шуда мурдањоро хоб медид.


Тарљумони узбак


Дар хољагии дењќоние, ки апаи Мењрї бо якчанд муњочирзанони тољик  кор мекард, шабе љанљоли хунине пайвасту дар ин миллатгарої љавони украинї муњољири узбекеро бо шиша ба сараш зарбаи марговар заду ў дар љойи њодиса ба  њалокат расид.  Шабошаб Мењриро бо занњои муњољири дигар  барои  шоњидї ба идораи полиси минтаќавї бурданд. Барои пурсуљуйи онњо тарљумони узбакеро даъват карданд, ки гуё њам забони тољикиро медонистаасту њам забони озариву узбакиро.  Њарчанд на бо забони русї ва на бо забони тољикї дуруст њарф мезад. Ин тарљумони хираи бесавод он ќадар ба   Мењрї  саволњои бешумор дод, ки сараш сахт ба дард омад. Мењрї мефањмонид, ки њангоми сар задании воќеъа ў дар хонаи иљораашон хоб буд, корманди полис боз савол медод, ки чї тавр рух додани кушторро наќл кунад. Ин љо айби тарљумон буд, ки њангоми тарљума ба полис гуфт, ки гуё Мењрї чи тавр ба сари узбак шишаи араќро задании муњољири дигарро дида бошад. Мењрї сари ќањру ѓазаб аз ин туњмати ногањонии тарљумони узбак асабњояш гирењ баста аз љояш бархесту ба сари тарљумон диктафони полисро гирифта якбора зарба пайи њам задан гирифт. Базур Мењриро аз гиребони тарљумон халос карданд. Барои ин кораш Мењриро тули 13 руз дар прократура нигањ доштанд.


Дар Русия зангирї муд шуд..


Айни замон як бадбахтии дигар ба сари миллати тољик омада. Љавонони 19-28 солаи тољике, ки дар Русия ба мардикорї машѓуланд, акнун ба фикри зангирї фитодаанд. Ќисми зиёди љавонони муњољир аллакай бо занњои калонсоли молдавию ќиргизу узбек аќди никоњ баста   зиндагї мекунанд. Ќисми дигари љавонони муљаррад ба воситаи интернету  ба воситаи телефонњои мобилї бо духтарони 18-26 солаи дар ватан бешавњар буда шинос шуда пули чиптаро мефиристанд. Баъди омадани ин гуна  духтарон ба Русия онњоро даррав бо як коса об  осонакак никоњи мусалмонї   карда ба ќавле зан мекунанд. Чунин мисолњо хеле зиёданд. Чанде пештар  духтараки 22 солае аз ноњияи Файзобод бо исми Нозанин ба шањри Питер омада буд. Духтарак тасодуфан бо љавони тољики 30 сола ба воситаи телефон шинос мешавад. Љавон худро муљаррад муаррифї карда мегуяд, ки уро надида ошиќи шайдо гардидааст. Њол он, ки дар ватан зану се фархзанди нозанин дорад. Ба ў пули чиптаи њавопаймоиро ба воситаи бонк мефиристад. Нозанини аз дунё бехабар ба падару модар мегуяд, ки ба назди дугонааш ба Русия меравад. Падару модар ба ў бовар карда розї мешаванд. Духтараки њануз шавњар накарда танњо роњи Русияро пеш мегирад. Дар фурудгоњи њавої љавони сияњљурдаи тањамтани баднамое уро пешвоз мегирад. Нозанин якбора уро дидан замон дар љояш карахт мегардад. Охир ў шањзодаи афсонавии таќдирашро дигар хел тассавур мекард. Љавон пай мебарад, ки ба ин духтараки зебои резаустухон писанд наомад. Барои њамин роњи њилларо пеш мегирад. Љиддї ва бо ширинзабонї уро пешвоз гирифта  наворњои телефонии мобилиашро нишон медињад. Дар он наворњои реалии як гуруњ љавонони беномуси миллат сабт гардида буд, ки духтарони тољикро «сартарошон» мекарданд. Љавон гуфт:


-Агар бо хуби зани ман шавї, аз сар то поят тилло  мерезам. Вагарна мисли ин духтарон саратро кал карда ба ватан мефиристам. Ё худи њозир пули билети фиристодаамро ёфта дењ, онгањ ба ту љавоб.


Нозанин ки дар ин шањр дигар касеро намешинохт, бея гон дудилагї розї шуд. Љавон духтаро ба хонаи иљора оварда худи њамон бегоњї мулло оварда уро никоњи мусалмонї кард. Њоло Нозанин дар маѓозае ба њайси фаррош кор мекунад. Ба хонаашон пул мефиристад. Аммо то њануз умедвор аст, ки ин љавон ба ватан  омада аз руйи расму русум  уро тую тамошо мекунад. Аммо дар асл љавон наќша дошт, ки то даме дар Русия муњољир аст, Нозанин зани уст. Баъди ба ватан баргаштан онњо якдигарро намешиносанд. Ин аст њаќиќати зиндагии оилавии он духтарони гумроње к ибо умеди бахти хешро ёфтан роњи Русияро пеш мегиранд..


Шањлои Наљмиддин. Журналист.


 


 


 


 

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *